Ҳадаф аз маблағгузории сабз дар чист?

№86 (4036) 18.07.2019

image-16-07-19-03-28-1Мусоҳиба бо иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»- и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Нозимов

- Мехостем маълумот диҳед, ки маблағгузории сабз барои расидан ба кадом ҳадафҳо мусоидат мекунад ?

- Ибораи маблағгузории сабз ба истилоҳи неруи сабз алоқаманд аст. Моҳиятан неруи сабз энергияе мебошад, ки аз манбаъҳои барои муҳит безарар гирифта шудааст ва ба муҳит таъсири манфӣ намерасонад. Ҳукумати мамлакат барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияи ҳозиразамон, ҳалли ­масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ иқдомоти зиёдро амалӣ намуда истодааст ва тавре мушоҳида мешавад, натиҷаҳо назаррасанд.

Имзои Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд соли 2013 ба маблағи 10 млн. доллари америкоӣ барои татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» идомаи мантиқии ин раванд ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он тавсеа бахшидани пешниҳоди нархҳои хурд баҳри сарфаи қувваи барқ, хариди таҷҳизоти барқии каммасраф, масолеҳи гарминигоҳдоранда ва истифодаи манбаъҳои алтернативии «энергияи сабз» дар заминаи бархӯрдорӣ аз қарзҳои хурд мебошад.

- Фаъолияти муассиса кадом самтҳоро дар бар мегирад ва маблағи лоиҳаҳо чӣ қадар аст?

- Дар марҳилаи аввал амалисозии ду лоиҳа — «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» ва «Таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ»-ро ба зимма доштем. Айни замон фаъолияти муассиса хеле васеъ гардидааст ва қисматҳои ба хати қарзии лоиҳаҳои «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ», «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал», «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ»-ро ба маблағи 70, 5 млн. доллари амрикоӣ татбиқ намуда истодааст.

- Маблағе, ки зикр шуд, ба сифати қарз ҷалб шудааст ?

- Не, сиёсати Ҳукумати мамлакат ба он равона шудааст, ки ҳангоми ҷалби маблағ афзалият бештар ба маблағҳои бебозгашт (грантӣ) бояд дода шавад. 70,5 миллион доллари ИМА, аз 27,7 млн. доллари амрикоӣ гранти Бонки ҷаҳонӣ, 13,6 миллион доллари ИМА гранти Бонки Осиёии Рушд, 7,4 миллион доллари ИМА ҳиссаи бенефитсиарҳо ва ташкилотҳои қарзии дар ин раванд иштироккунанда, 21,5 миллион доллари ИМА қарзи Бонки ҷаҳонӣ ва 0,3 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таркиб ёфтааст.

коллаж- Тибқи иттилои дастрасшуда, лоиҳа дар ҳамдастӣ бо Вазорати кишоварзӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Агентии беҳдошти замин ва захираҳои об ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуда истодааст. Бигӯед, ки то чӣ андоза аз фаъолият қаноатмандед ва кадоме аз онҳо дар ин ҷода нишондиҳандаҳои хуб доранд?

- Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳо хуб ба роҳ монда шудаанд, натиҷаи кори шарикон бад нест. Барои мисол, ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши молиявӣ, экологӣ, иҷтимоӣ, гирифтани маълумоти бештар оид ба тағйирёбии иқлим ва сиёсати гендерӣ аз ҷониби муассиса барои 750 корманди бонк ва ташкилотҳои қарзии кишвар семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Илова бар ин, аъзои 1500 хоҷагии деҳқонӣ ва мизоҷони бонкҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тренингҳо ҷалб гардиданд.

Дар доираи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» барои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҷҳизоти махсус ва компютерҳо харидорӣ ва яке аз кормандони муассиса барои такмили малака ба Норвегия фиристода шуд.

Гузаронидани асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони 18 кӯпрук дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоби ВМКБ ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии онҳо самти дигари фаъолият маҳсуб мешавад. Инчунин, асосноккунии техникӣ-иқтисодии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Восеъ, Қубодиён, Шаҳритуз ва шаҳри Кӯлоб ба масофаи умумии 31 км гузаронида шуда, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ омода ва ба Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» ирсол гардид. Корҳои сохтмонӣ аллакай дар ду мавзеи минтақаи ноҳияи Восеъ ва Кӯлоб оғоз гардид.

- Зимни шиносоӣ бо раванди тат­биқи лоиҳаҳо маълум шуд, ки саҳмгузорӣ дар пешгирии офатҳои табиӣ низ дар мадди назар қарор дорад…

Дар робита ба ин масъала бояд гуфт, ки аз ҷониби муассиса 16 адад техникаи пуриқтидори махсусгардонидашуда харидорӣ ва 9-тоаш ба Вазорати нақлиёт ва 7 ададаш ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикис­тон барои бартараф намудани офатҳои табиӣ супорида шуд.

Моҳи декабри соли 2018 корҳо баҳри омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии сохтмони бинои нав барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Марбут ба ин байни муассиса ва ширкати лоиҳакаш шартнома ба имзо расид. Илова бар ин, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ» «Стратегияи ҳимояи молиявӣ зидди офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» таҳия гардида, дар марҳилаи баррасиву мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд татбиқ намудани лоиҳаи мазкур, тибқи фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стратегияи зикршуда таъсис ёфт, ки ба он намояндагони 18 вазорату идора шомил мебошанд.

- Азхудкунии маблағи лоиҳа дар кадом сатҳ аст?

- Соли равон ҳаҷми умумии маблағи азхудгардида 3,23 млн. доллари амрикоӣ ё 89 фоизи нақшаи нимсоларо ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда аз аввали татбиқи лоиҳаҳо 37,92 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла, 27,34 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ, 6,01 млн. доллари амрикоӣ маблағи қарзӣ, 4,56 млн. доллари амрикоӣ ҳиссаи бенефитсиарҳо ва 183,4 ҳазор доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Аз марҳилаи аввали татбиқи лоиҳаҳо то ба ҳол ба ташкилотҳои қарзии кишвар 23,6 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд 11,62 млн. ва аз ҳисоби гранти Бонки ҷаҳонӣ 15,8 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда шуд ва онҳо маблағро ба эҳтиёҷмандон дастрас намуданд.

- Муассиса бо кадом ташкилотҳои қарзӣ созишнома ба имзо расонидааст ва онҳо дар асоси кадом талабот интихоб шудаанд?

- Бо ҳафт бонк ва ташкилоти қарзии хурди кишвар, аз ҷумла, «Имон Интернешнл», «Ҳумо», «Фардо», «Арванд», «Аксес Бонк», «Эсхата» ва «Оксус» дар самти пешниҳоди қарз ҳамкорӣ дорем. Интихоби онҳо пас аз омӯзиши амиқу ҳамаҷониба аз ҷониби сармоягузорон сурат гирифт. Дар ин самт таваҷҷуҳи асосӣ ба нишондиҳандаҳои фаъолият, категорияи мизоҷон, фарогирии минтақаҳо зоҳир гардид.

- Раванди бозгашти қарзҳои додашуда шуморо қаноатманд менамояд?

- Хушбахтона, мо дар ин самт ба мушкил мувоҷеҳ нестем. Аз аввали татбиқи лоиҳаҳо 95,79 млн. сомонӣ, аз ҷумла, 26,39 млн. сомонӣ фоизҳои ҳисобшуда ва 69,4 млн. сомонӣ маблағи қарзи асосӣ, сари вақт аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба суратҳисоби муассиса бозпас гашт.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар ­доираи татбиқи лоиҳаҳои муассиса ба маблағи умумии 225,2 млн. сомонӣ ба 15 212 нафар карз пешниҳод шудааст, Аз ин теъдод 5 425 нафар зан ва 9 787 нафар мард мебошанд. Лоиҳаҳо 52 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру навоҳии тобеи марказро фаро мегиранд.

Ҷиҳати бештар ҷалб намудани ташкилотҳои кишвар барои татбиқи қисмати пешниҳоди қарз дар доираи маб­лағгузории иловагии лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ҳамкориро тавсеа бахшида, рӯзҳои наздик ҳолати молиявии онро арзёбӣ мекунем.

- Масъалаи таваҷҷуҳбарангез ҳангоми гирифтани қарз фоизи он аст. Агар аз ҷониби муассиса додани қарз ба мизоҷон тавассути бонк ва ташкилотҳои қарзӣ амалӣ гардад, пас бо кадом асъор ва фоиз дода мешавад?

- Маблағи барои қарз пешниҳодшуда бо ду асъор — сомонӣ ва доллари амрикоӣ пешниҳод мешавад. Тибқи талаботи Бонки Осиёии Рушд, ин маблағ бо пули миллӣ бо меъёри фоизи бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ба муҳлати 3 — 5 сол ва тибқи талаботи Бонки ҷаҳонӣ бошад, пули миллӣ бо меъёри фоизи бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ё сатҳи миёнаи таваррум ва доллари амрикоӣ бо меъёри тақрибан 5 фоиз (бо меъёри фоизи LIBOR 6 моҳ ҷамъи 3 фоиз) ба муҳлати 5 сол пешниҳод мешавад, ки аз он 4 солу 10 моҳагии муҳлати имтиёзнокро дар бар мегирад.

- Дар раванди маблағгузорӣ таваҷҷуҳ бештар ба кадом соҳаҳо зоҳир мегардад?

- Агар маблағгузориро раддабандӣ намоем, пас он ба чунин шакл аст: 44,0 млн. сомонӣ барои чорводорӣ, 1,7 — парандапарварӣ, 7,3 — ҳамчун диверсификатсияи даромад, 5,4 — боғпарварӣ, 17,4 — коркарди меваҳои хушк, 3,3 — хариди техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, 79,46 — растанипарварӣ, 2,9 — обёрии заминҳои кишт, 3,0 — сохтани гармхона, 1,4 — хариди таҷҳизоти барқии каммасраф, 57,4 млн. сомонӣ барои масолеҳи гарминигоҳдоранда. Инчунин, 994,3 ҳазор сомонӣ барои занбӯриасалпарварӣ ва 821 ҳазор сомонӣ барои моҳипарварӣ.

Мусоҳиб Далер Мерганов, «Садои мардум»