Ҳама ободиҳо аз роҳи хуб аст

Ҳадаф таъмини бехатарӣ ва беҳдошти вазъи роҳ аст

№103(3249) 05.09.2014

Толинговая плаза

Таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ аз ҷониби филиали  Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар шоҳроҳи Душанбе –Чанок  ҷиҳати иҷрои талаботи «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат иқдомоти зиёде дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуданд.  Давоми муддати зикршуда дар самти бунёди роҳҳои  аҳамияти стратегидошта корҳое ба сомон расиданд, ки татбиқи онҳо ҳатто дар замони давлати абарқудрати шӯравӣ ғайриимкон арзёбӣ шуда буд. Ба ибораи дигар, иқдомоти дар ин ҷода амалишуда табдили афсона ба воқеиятро шабеҳ аст. Яке аз онҳо таъмиру таҷдиди шоҳроҳи Душанбе –Чанок мебошад, ки ба  шарофати пурра бозсозӣ шудани  ин шоҳроҳ хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёт  бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф  шуда, аҳолӣ  тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдоранд.

Таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва рушди инфрасохтори роҳҳо самараи  чунин иқдомот маҳсуб меёбад. Ҳамватанони мо бояд дарк намоянд, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор вайрону валангор гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе-Чанок мавриди амал қарор диҳанд. Ҳадафи асосии ин иқдом, пеш аз ҳама, беҳдошти вазъи роҳи мазкур аст. Бо ин мақсад дар асоси Шартномаи консессионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» аз 19 январи соли 2008 таҳти рақами №33-1 механизми институтсионалию  инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок аз 31 марти соли  2010 ҷорӣ гардид.  Бидуни муболиға метавон гуфт, ки мавриди амал қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷиҳатҳои мусбии хеле зиёд дошта, он пеш аз ҳама ба коҳиш ёфтани хароҷоти буҷети давлатӣ, рушду тавсеаи равобити гуногунҷанба бо мамолики хориҷи дуру наздик, таъмиру нигоҳдории муназзаму устувори роҳ ва дар маҷмӯъ тамдид намудани муҳлати истифодаи он кумаки амалӣ мерасонад. Аз оғози фаъолият инҷониб, аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»   рисолати ба зиммадоштааш тариқи иваз кардани аломатҳои роҳ, бартараф намудани чуқуриҳо,  тоза намудани роҳ аз ярч, қум, хок ва сангҳое, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамуданд, истифодаи маводи зиддилағжиш дар фасли зимистон, пур кардани тарқишҳои рӯйпӯши асфалтӣ ва бетонӣ бо битум, дар муҳлати кӯтоҳтарин бартараф намудани резиши қисмҳои кӯҳӣ, васеъ намудани канори роҳ бо автогрейдер, тозакунии қабати поёнии купрӯк аз хоку шағал, тоза кардани қубурҳо аз хок, шағал ва лой, тоза кардани қисми мошингарди роҳи автомобилгард бо роҳи механикӣ аз барфу тарма, тоза намудани ҷӯйборҳои қади роҳ, бартарафкунии обшустагиҳои канори роҳ, даравидани алафи шафати роҳ, буридани шохаҳои хушки дарахтони ҳамшафати роҳ,тоза намудани ҷӯйборҳо аз лой, сангу шағал бо қувваи дастӣ, дар ҷойҳои хавфнок гузоштани деворҳои ҳимоявӣ ва ғайра, ки аз зикрашон худдорӣ менамоем, таври мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст.

Таъмини ҳаракати озоду бехатари нақлиёт дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва  рушди инфрасохтори роҳҳо аз ҳадафҳои филиали  Ширкати саҳомии «Инновейтид Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон мебошанд. Таҷрибаи чанд соли охир далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони  филиали ширкати фавқуззикр шоҳроҳи мазкур умуман баста набуд. Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали ширкати фавқуззикр бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда вайроншавии баъзе қитъаҳои шоҳроҳи Душанбе –Чанок ба вуҷуд омада истодааст. Ҳарчанд, ки ин омил, яъне бинобар сабаби зикршуда хароб гардидани баъзе қитъаҳои роҳ ба фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рабт надоранд, вале роҳбарияти ширкат, ки масъулияти нигоҳдории шоҳроҳ барои давраи муайян ба зиммааш вогузор аст, дар ин самт чораандешӣ намуд. Ба фаъолият шурӯъ намудани ду  нуқтаи вазнченкунӣ дар километри 39+400 ва километри  180-ум, яке аз чунин иқдомот буда, ҳадафи амалӣ намудани он таъмини бехатарӣ ва беҳдошти вазъи роҳ аст. Ёдовар мешавем, ки «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» дар асоси моддаи 45-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард» 29 декабри соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 779 тасдиқ гардидааст.

Нуқтаҳои вазнченкунии зикршуда бо таҷҳизоти замонавии истеҳсоли кишвари Туркия муҷаҳҳаз буда, раванди фаъолият пурра тариқи автоматӣ сурат мегирад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин нуқтаҳо  фаъолияти нуқтаи вазнченкуние, ки дар километри 72-ум мавҷуд аст, қатъ мегардад. Бо мақсади ба вуҷуд наомадани ҷамъшавии шумораи зиёди воситаҳои нақлиёт дар назди нуқтаҳои вазнченкунӣ истгоҳҳои махсусгардонидашуда барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт бунёд гардидаанд. Нуктаи муҳим он аст, ки муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёте, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, дар нуқтаҳои вазнченкунии нав фурсати зиёдро талаб намекунад. Фаъолияти онҳо тавре роҳандозӣ шудааст, ки тамоми раванди муайяннамоии андозаву вазн дар муҳлати хеле кӯтоҳ сурат мегирад. Насбу васли таҷҳизоти нуқтаҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони ширкати бонуфузи Тунайлар аз кишвари Туркия дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардидааст. Ба фаъолият оғоз намудани нуқтаҳои вазнченкунии мазкур дар баробари эмин нигоҳ доштани шоҳроҳ аз вайроншавии паш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин шароит фароҳам овардааст, ки даҳҳо нафар ҳамватанони мо соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гарданд. Тавре зикр намудем, иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» амалӣ шудааст. Табиист, ки риояи муқаррароти Қоидаҳои зикршуда аз ҷониби ҳамаи соҳибон ва истифодабардагони воситаҳои нақлиёт, ки вазн ва андозаашон аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд, сарфи назар аз шакли моликият ҳатмӣ мебошад. Дар ин ҳуҷҷат минҷумла омадааст, ки «андозаҳои максималӣ ва меъёрҳои вазни воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба вазн ва андозаҳои васитаҳои нақлиёт, ки интиқоли байналмилалии борро дар роҳҳои автомобилгард анҷом медиҳанд, муқаррар карда мешавад».

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки иқдоми мазкур на ба хотири ҷамъоварии маблағ, балки ҷиҳати аз байн бурдани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд, амалӣ шудааст. Чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Овардани далелу арқом ва иқтибос аз «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд» ба он хотир аст, ки ҳамватанони азиз ба муҳиму саривақтӣ будани иқдоми филиали  Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ дар шоҳроҳи Душанбе –Чанок  муътақид гарданд. Кормандони филиали ширкат умедворанд, ки шаҳрвандони мамлакат муҳимияти  ин иқдомро дарк намуда, дар амалӣ гардиданаш онҳоро  дастгирӣ хоҳанд намуд.

 

Далер Мерганов, «Садои мардум»