Зимни шиносоӣ бо фаъолияти пажӯҳишгоҳи мазкур ба воқеияти ин омил муътақид гардидем
Бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас рӯи кор омадаанд. Дар ҳамин радиф, бахши меъморӣ ва сохтмон низ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гаштааст. Рӯз то рӯз вусъат ёфтани эъмори иншооти гуногун далели возеҳи пурмаҳсул ва муназзам будани фаъолияти меъморону сохтмончиёни кишвар маҳсуб ёфта, натиҷааҳои ин раванд барои ҳамагон ҳувайдост.
-ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати макони асосии тавлиди шаклҳои меъмории ҳама гуна иншооти сохтмонии мамлакатамон дар рушду нумӯи ин соҳа нақши назаррас дорад. Ҷоиз ба зикр аст, ки фаъолияти пажӯҳишгоҳ аз соли 1968 оғоз шудааст. Маҳз дар ҳамин сол дар назди Пажӯҳишгоҳи умумишӯравии илмию тадқиқотии ба номи Герсеванов лабораторияи рақами 18 таъсис ёфта буд. Соли 1974 дар заминаи ин лаборатория филиали Осиёи Миёнагии муассисаи дар боло зикргашта ба кор шурӯъ намуд. Дар навбати худ ин филиал дар шаҳрҳои Тошкент, собиқ Фрунзе (аҳлол Бишкек) ва Ашқобод шуъбаҳои худро дошт,- гуфт дар суҳбат бо мо директори он Ҷамшед Ахмедов.
Бино ба гуфти номбурда, он замон низ нақши пажӯҳишгоҳ дар раванди корҳои сохтмонӣ хеле арзанда буд ва бе иштироки фаъоли он ягон иншоот бунёд намегардид. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки марҳилаи асосии эҳёи он ба солҳои соҳибистиқлолии Ватанамон рост меояд. Маҳз дар ҳамин айём доираи фаъолияташ бамаротиб васеъ гашта, заминаи моддиву техникии он пурқувват гардид.
-Ҳоло дар пажӯҳишгоҳ лабораторияҳои илмӣ, устохонаи лоиҳакашӣ, шуъбаҳои ҷустуҷӯии муҳандисӣ- геологӣ, азнавсозӣ ва зилзилатобоварии иншоот, шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва ғайра амал менамояд. Агар гӯем, ки доир ба ҳама самтҳои соҳаи сохтмон ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ карда метавонад, муболиға нахоҳад буд. Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳбубияти пажӯҳишгоҳ ва дар сатҳи баланд қарор доштани эътимоди сохторҳои марбута ба он самараи сари вақт ва бо сифати хуб иҷро намудани корҳои ба зиммааш вогузоршуда мебошад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳоло дар мамлакатамон иншоотеро пайдо намудан мушкил аст, ки бе иштироки пажӯҳишгоҳ бунёд гардида бошад,- изҳори қаноатмандӣ намуд Ҷамшед Ахмедов.
Аз ин бармеояд, ки дар саргаҳи бунёди иншооти зиёди кишвар маҳз пажӯҳишгоҳи мазкур қарор дошт. Дар раванди суҳбат бо мавсуф иттилоъ гирифтам, ки маҳз дар заминаи ибтикороти кормандони он сохтмони аввалин хонаҳои баландошёна дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат шурӯъ гардидааст. Аз соли 1980 инҷониб, аз тарафи кормандони пажӯҳишгоҳ номгӯйи зиёди илмӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардида, замина фароҳам оварданд, ки ин бахш дар ҷумҳурӣ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардад. Табиист, ки кормандони ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин раванд ифтихор доранд ва дар оянда баҳри беҳбуд бахшидани сифати хизматрасонӣ ва васеъ намудани доираи фаъолияташон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодаанд. Доир ба самтҳои фаъолият бояд зикр намуд, ки самти аввали фаъолияти пажӯҳишгоҳи фавқуззикр пеш аз ҳама, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ маҳсуб меёбад.. Ҳамчунин раванди фаъолият дар бахшҳои иҷрои корҳои лоиҳакашию кофтуковӣ, муоинаи техникии бинову иншоотҳо, корҳо оид ба нархгузорӣ дар сохтмон хеле пурмаҳсул ва ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин радиф, ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ машғул буда, назорати сифати масолеҳ ва конструксияҳои сохтмониро анҷом медиҳад.Бо дарназардошти он ки он замон аксари лабораторияҳои сохтмонӣ фаъолияти муназзаму муътадил надоштанд, соли 1998 бо ибтикори пажӯҳишгоҳ лабораторияи конструксияҳо ва маводи сохтмонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Айни замон низ ин лаборатория рисолаташро таври бояду шояд амалӣ намуда, ин омил замина фароҳам овардааст, ки дар корҳои сохтмонӣ маводи масолеҳи босифати сохтмонӣ истифода гардад. Давоми мавҷудият дар сохтори пажӯҳишгоҳ вобаста ба талаботи замон ва самтҳои фаъолияти лаборатория, шуъба ва равияҳои нав таъсис дода шуданд. Тӯли фаъолияти зиёда аз чилсола дар бойгонии ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдод ва номгӯйи зиёди матолиби тадқиқотӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки онҳо Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд гирифта шудаанд. Барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани ин раванд пажӯҳишгоҳ соҳиби шаш патент, бист шаҳодатномаи муаллифӣ ва панҷ модели фоидаовар гардидааст. Аз ҷониби кормандони пажӯҳишгоҳ луғати соҳавии англисӣ-тоҷикӣ –русӣ омода ва нашр гардид, ки айни замон дастури рӯйимизии кормандони соҳа маҳсуб меёбад. Нуктаи муҳими дигар он аст, ки ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба идораҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ ва дигар сохторҳои марбута кӯмаки илмию техникӣ расонида истодааст.
Самараи фаъолияти пурмаҳсул ва корҳои ба анҷомрасонида буд, ки соли 2005 пажӯҳишгоҳ яке аз ғолибони озмуни байналмилалии ташкилоти беҳтарини сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дониста шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки маълумот доир ба ғолибони ин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ дар «Китоби тиллоӣ»-и ташкилотҳои сохтмонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нашр шуда, замина фароҳам меорад, ки пажӯҳишгоҳи ғолиб эътирофи байналмилалӣ пайдо намояд. Табиист, ки ғолиб омадани ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфуз ба муаррифии бештари он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намудааст.
Дар бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолона ва саҳми муассир дошт. Дар шаҳри Душанбе бошад, саҳми пажӯҳишгоҳ дар бунёди қариб ҳама биноҳои истиқоматӣ, Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон, бинои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, барқароркунии бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино,сохтмони меҳмонхонаҳо, Маҷмааи савдои «Пойтахт-90» воқеъ дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе, иншооти нави инфрасохтори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои маъмурии БДАҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе, бинои кӯдакистони №63 дар шаҳри Душанбе, бинои нави Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мактаб барои 1354 ҷойи нишаст дар назди мактаби №8-и шаҳри Душанбе, бинои маъмурӣ барои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, осорхона, китобхона, бинои Кохи фарҳанг барои 7000 ҷойи нишаст ва беморхона барои 205 кат дар ноҳияи Ҳисор хеле арзанда аст. Ҳамчунин аз ҷониби пажӯҳишгоҳ дар бисёр шаҳру навоҳии кишварамон корҳои сохтмонӣ доир ба бунёди беморхонаҳо, мактабҳо ва иншоотҳои фарҳангӣ сари вақт, дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба сомон расонида шудааст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд. Яке аз рукнҳои асосии ин силсила Неругоҳи барқи обии «Роғун» маҳсуб меёбад, ки барои кулли тоҷику тоҷикистониён иншооти тақдирсоз буда, корҳои барқарорсозии он, тибқи нақшаи бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқагардида, амалӣ шуда истодааст. Дар марҳилаи аввали ин раванд кормандони ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати корҳои сохтмонӣ ва баъд аз фаъол гардидани лабораторияи ҶСК НБО-и «Роғун» фаъолияти машваратиро пеш бурда истодаанд. Таъкид менамоем, ки мисолҳои овардашуда «муште аз хирвор»-и корҳои ба анҷомрасонидаи пажӯҳишгоҳ мебошад,- мегӯяд Ҷамшед Ахмедов.
Табиист, ки баҳри беҳбудӣ ёфтани раванди фаъолият ва хуб гардидани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ саҳми роҳбарият ва кормандони он муассир ва арзанда аст. Кормандони пажӯҳишгоҳ аз мутахассисони беҳтарини соҳа маҳсуб ёфта, барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд ҷараён гирифтани фаъолияти пажӯҳишгоҳ тамоми неруи зеҳнии хешро сарф намуда, аз захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда истодаанд.
Муассир будани саҳми ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди иншооте, ки муассисаҳои сохтмонии ватанӣ ва хориҷӣ дар кишварамон бунёд менамоянд, пеш аз ҳама, дар пешниҳоди хизматрасонии баландсифат, таҷрибаи зиёди фаъолият ва сатҳи баланди тахассусии кормандон зоҳир мегардад. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки давоми даҳ соли охир аз ҷониби пажӯҳишгоҳ номгӯйи зиёди иншоот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки қисмати аъзами онҳоро иншооти воқеъ дар шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Дар ҳамин росто, кормандон ба таъмини назорати сифати корҳои сохтмонии иншооту масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат машғул буда, ин рисолатро низ сарбаландона иҷро карда истодаанд,- муътақид аст ҳамсуҳбатам.
Гуфтан бамаврид аст, ки, бар асари ҳодисаҳои маълум дар пажӯҳишгоҳ норасоии кормандон ба вуҷуд омада буд. Хушбахтона, ҳоло дар пажӯҳишгоҳ коллективи хеле пурқуввати меҳнатӣ фаъолият доранд. Ҳарчанд ки касбияти мутахассисони пажӯҳишгоҳ дар сатҳи қаноатбахш қарор дорад, вале бо ибтикори бевоситаи роҳбарият мунтазам бозомӯзии онҳо дар маркази диққат қарор гирифтааст.Масалан, кормандони ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Алмаато, Киев, Қазон, Берлин, Дрезден ва ғайра тариқи иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳо малакаи хешро такмил доданд. Ҳамзамон аз Федератсияи Россия ва Украина мутахассисонро баҳри бозомӯзии кормандони пажӯҳишгоҳ даъват намуда буданд, ки натиҷаи хуб дод.
Бобати ҷалби мутахассисони ҷавон аз донишгоҳу донишкадаҳо низ як қатор корҳо ба сомон расидааст. Таҷрибаи ҷалби донишҷӯёни курсҳои болоӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳия ва коркарди лоиҳаҳо дар пажӯҳишгоҳ хеле маъмул аст. Ин омил имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯ ҳамзамон бо таҳсил маблағ ба даст оварда, дар оянда мутахассиси хуб гардад,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Ҷамшед Ахмедов.
Дар маҷмӯъ, муътақид гардидем, ки ҳадафи ҶСК Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии «САНИИОСП»-и Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузоштан дар бунёдкориҳои Ватанамон аст. Мо ба онҳо дар фаъолияти бунёдкоронаву созандаашон ба нафъи миллату меҳан барору комёбиҳо таманно дорем.
Далер Мерганов, «Садои мардум»