Ҳамкорӣ

Ҳадяи Ҳиндустон ба 10 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон

№ 20.03.2018

19 марти соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими 10 мошини «Ёрии таъҷилӣ» ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор шуд. Ҳадяи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ишкошим, Мурғоб, Панҷ,  Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Панҷакент, Исфара,  Конибодом ва Ашт супурда шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии  Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар ҳузури намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони шаҳру ноҳияҳои зикршуда иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон Тоҷикистонро шарики стратегии худ ҳисобида, ҳамеша ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии он мусоидат мекунад. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки чанде пеш ба Тоҷикистон лоиҳаи телепизишкӣ пешниҳод шуда буд. Алҳол масъалаи мазкур мавриди  баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистон қарор дорад.

Тибқи лоиҳаи телепизишкӣ якчанд   беморхонаҳои  Тоҷикистон  метавонанд бо беморхонаҳои пешрафтаи Ҳиндустон  мустақиман пайваст шаванд,- гуфт Сомнатҳ Гҳош.

- Шабакаи мазкур на танҳо бо мақсади муолиҷаи беморон  табодули таҷриба карданро  имконпазир  мегардонад, баски дар тавсияҳои байни духтурон ва гирифтани  маслиҳатҳои муфид  низ хизмат карда метавонад.

С. СУННАТӢ

“Садои мардум”