Афсонаи ҳузнангез ва ҳақиқати гуворои «Роғун»

№142 (4725) 20.11.2023

1Номи «Роғун»-ро тамоми дунё шунидааст. Махсусан, дар кишвари мо вақте сухан аз энергетика ва барқ равад, пеш аз ҳама, «Роғун» пеши назар меояд. Ҳар як кӯдаки тоҷик аз хурдӣ номи «Роғун»- ро шунидааст, мӯйсафедон даст ба дуо мебардоранд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» тезтар бино ёбад ва мамлакати мо аз танқисии барқ раҳо шавад.

Чанд даҳсола боз масъалаи НБО «Роғун», баҳси «Роғун», аҳамият ва манфиати «Роғун» дар байни сиёсатмадорон, дӯстону бадхоҳон, ҳатто дар байни мардуми одӣ идома дорад, вале он барои махсусан мутахассисон ва кормандони соҳаи энергетика фаҳмиши амиқтар, мукаммалтар ва манфиатноктареро дорост. Дар ин бора садҳо китобу мақола нашр гаштанд, даҳҳо таҳлилу экспертизаҳо пушти сар шуданд.

Оқибат НБО «Роғун» бино ёфт, ду агрегати он ба кор сар кард ва барои иқтисодиёти миллию аҳолии ҷумҳурӣ неруи барқ истеҳсол карда истодааст.

Ҳарчанд обанбори неругоҳ ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва фишори об ҳанӯз паст аст, дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» то ин дам аллакай қариб 7 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол шудааст. Барои муқоиса – дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ то 45-50 миллион киловатт/соат барқ истеҳсол мегардад. Барқи то имрӯз истеҳсолнамудаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» зиёда аз 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки он барои идомаи бунёди неругоҳ сарф мегардад. Аз ҳама муҳим он аст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат ворид шудааст. Бояд гуфт, ки дар ҷодаи бунёди «Роғун» ними роҳ тай шуд. Ҳарчанд давоми роҳ низ одиву осон нест, вале акнун аниқу иҷрошаванда аст. Ин ҳама нишонаи амалӣ шудани сиёсати оқилонаи энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин кори одиву осон набуд. Вақте мо мегӯем, ки НБО «Роғун» бино ёфт, худ аз худ симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Бале, агар обрӯву нуфузи байналмилалии Сарвари давлати мо, меҳнату заҳмат ва азму иродаи қавии ин Абармард намешуд, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» номумкин мегардид.

Баъди душворию мушкилоти зиёд­ро пушти сар намудан, аз имтиҳони хеле мушкили таърих гузаштан, таҳлилу исботу экспертизаҳо, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи байналмилалӣ — дар оқибати кор тантана намудани ҳақиқат ва бунёд ёфтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин як рӯйдоди одӣ не, балки ҷасорату матонату иродаи пӯлодини Пешвои миллати мо ва тантанаи бузургии миллат буд, ки дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид шуда, ба ин ҳадафи олӣ расиданд.

Дар ҷамъомади хеле муҳташам ва бонуфуз — Конфронси дуюм оид ба фурӯши неруи барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ моҳи октябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд: «Дар марҳалаи кунунӣ дар Тоҷикис­тон якчанд лоиҳаи ниҳоят муҳим ва ояндадор амалӣ шуда истодааст. Яке аз онҳо ба охир расонидани навбати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад…Мо тасмим гирифтаем, ки аз соли 2007 сохтмони ин неругоҳро бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ шурӯъ намоем ва вусъат бахшем».

Ба ин бисёриҳо бовар накарданд. Воқеан ҳам, дар назари аввал имконнопазир менамуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бе кумаки ягон давлати абарқудрат ин неругоҳи бузургро бун­ёд намояд. Шахсан шоҳид будам, ки бисёриҳо мегуфтанд:

e26ee347-3ce2-4f2b-8ec1-8d01ff410b7c- Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҷалби зиёда аз 400 корхонаи азим, таҷриба ва имконоти бузург аз уҳдаи ин кор то ба охир набаромаду Тоҷикистон ният дорад, ки ин иншооти мураккаб ва гаронарзишро худаш созад!? Ин афсона аст!.., вале азму иродаи Сарвари давлат қавӣ буд. Махсусан, баъд аз Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон, ки 5- уми январи соли 2010 ироа гардид, мардуми кишвар дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид гашта, барои бунёди ин неругоҳи тақдирсоз камар бастанд. Дар муроҷиатномаи мазкур, аз ҷумла, қайд мешавад: «Муҳимтар аз ҳама, ман имрӯз дида истодаам, ки халқи сарбаланди тоҷик ва ҳар як фарди баору номус зарурат ва аҳамияти ин иншооти сарнавиштсозро бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд ва ин, албатта, ба роҳбарияти давлат, инчунин бинокорон нерую илҳоми тоза мебахшад. Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакат тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст. Чунки НБО «Роғун» на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад!».

Дар навиштаҳои поён кӯшиш мекунам, ки таърихи мухтасари бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», аз орзу ва афсона ба ҳақиқат табдил ёфтани ин лоиҳаи бузург, душвориҳо ва мушкилоти амалӣ шудани ин орзуи миллии моро, ҳар қадар имкон дорам, шарҳ диҳам.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар маҷрои дарёи Вахш, дар масофаи 110 километр дуртар аз пойтахти Ватанамон — шаҳри Душанбе бунёд ёфта истодааст.

Мавҷудияти захираҳои азими энергетикии кишвари мо таваҷҷуҳи олимону мутахассисони соҳаро хеле барвақт ҷалб кард ва ҳанӯз аз солҳои 20-30-юми асри гузашта он мавриди омӯзишу тадқиқот қарор гирифта буд. Беҳуда нест, ки Тоҷикистон дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ба яке аз ҷумҳуриҳои аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ мутараққӣ табдил ёфт.

Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ дар ҳамин силсила ба назар гирифта шуда буд ва аз ибтидо ба он эътибори хеле калон дода мешуд. Ҳанӯз дар Харитаи захираҳои обию энергетикии РСС Тоҷикистон, ки дар асоси аввалин тадқиқҳои ҷуғрофии олимони Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1932 аз тарафи И. Караулов таҳия гардидааст, дар мавзеи Роғун имкони бунёди ин иншоот ишора шуда буд.

Ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ, бинобар зиёд шудани талабот ба неруи барқ, дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба хотири танзими об дар заминҳои навкорам, инчунин бо барқ таъмин намудани насосҳои пуриқтидори обкаш барои обёрӣ намудани як қисмати заминҳои навкорам бо таклифи роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон ва розигии роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳасозӣ ва асоснокнамоии техникӣ-иқтисодии НБО «Роғун», ки аз обанбор ва неругоҳ иборат хоҳад буд, оғоз ёфт. Асосноксозии техникӣ-иқтисодии лои­ҳаи НБО «Роғун» соли 1972 дар Вазорати энергетикаи ИҶШС бо иштироки намояндагони ваколатдори тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мавриди муҳокима қарор гирифта, аз тарафи Комиссияи давлатии иқтисодии «Госплан»-и ИҶШС маъқул дониста шуд.

Аввалин ҷаласаи ботантана дар НБО «Роғун» 27-уми сентябри соли 1976 баргузор гардид. Дар ин рӯз Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов суханронӣ кард ва моҳияти Қарори Анҷумани ХХIV КПСС-ро роҷеъ ба сохтмони НБО «Роғун» дар Тоҷикис­тон шарҳ дод. Ҳозиринро вазири энергетика ва электрофикатсияи ИҶШС П.С. Непорожний табрик гуфт ва оғози сохтмони боргоҳи нури НБО «Роғун»- ро фоли нек донист. Сипас, дар ин ҷо аввалин таркишҳои бунёдкорона садо дода, ба оламиён аз оғози ин сохтмони пуршукӯҳ пайғом дод.

Метавон ин ҳамаро корҳои тайёрӣ ба оғози сохтмони бузург маънидод кард. Ба таври расмӣ бошад, сохтмони НБО «Роғун» ва дар собиқ деҳкадаи Сарипулак бунёди шаҳри дуюми энергетикҳои тоҷик — Роғун аллакай аз моҳи майи соли 1986 оғоз гардид. Баъд аз ин дар як муддати кӯтоҳ манзили зист, ду мактаб, ду боғчаи бачагон, мағозаҳо, ошхонаҳо, ду толори намоиши филм, роҳҳо, хатҳои барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, майдонҳои сохтмон, муассисаҳои ёрирасони сохт­мон ба маблағи зиёда аз 60 млн. рубл бунёд ёфтанд.

Майдончаи сохтмонии рақами 1, ки дар байни дарёҳои Оби Ҷӯшон ва Паси Муҳраҳо ҷойгир шуда буд, тамоми иншооти аввалияи истеҳсоли сангу шағал, ҷои нигоҳдории техникаю таҷҳизот ва маводу сӯзишвориро доро буд. Дар назар дошта шуда буд, ки ин майдонча то ба кор даромадани агрегати якум амал намуда, сипас зери об мемонад. Ҳамин тариқ, бунёди боз се майдончаи дигари сохтмонӣ дар сатҳи аз якдигар баланд дар назар дошта шуда буд.

Дар ҷамъбасти соли 1986 дар НБО «Роғун» маҷлиси машваратии умумииттифоқии кормандони соҳаи гидроэнергетика баргузор шуд, ки дар он бунёдкорони сохтмон, намояндагони корхонаҳои пудратӣ, мутахассисон, лоиҳакашон, конструкторҳо, мошинсозон, нақлиётчиён иштирок доштанд. Ин маҷлис барои сохтмони НБО «Роғун» саҳифаи тоза боз кард. Дар он марҳилаҳои муҳими эъмори боргоҳи нур мушаххасан муқаррар шуданд. Муайян гардид, ки охири соли 1987 маҷрои дарёи Вахшро баста, соли 1989 агрегати якум ба кор андохта мешавад. Соли 1990 — анҷом додани сохтмони шаҳри Роғун ва соли 1993 пурра ба истифода додани Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» муқаррар гардид.

Дар аввал чунин менамуд, ки ин нақша реалӣ ва иҷрошаванда аст: 27-28-уми декабри соли 1987 пеши маҷрои Вахш баста шуд ва об ба ҷониби нақби неругоҳ равон гардид. Ба ин муносибат чорабинии пуршукӯҳ баргузор шуд, ки дар он бунёдкорон, роҳбарони ҳизбӣ, иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои комсомолӣ, намояндагони ҳама муассисаю корхонаҳои ҳамҷавор иштирок доштанд.

Дар он сардори Управленияи «Рогунгэсстрой» Н.Г. Савченков, сардори гурӯҳи кафшергарон В.Т. Титов, сардори Управленияи тоҷикистонии «Союзгидроспетсстрой» В.М. Башмаков, сардори гурӯҳи бетонрезон Ш. Одинаев, булдозеррон С. Пудинаев, кафшергар С.Ф. Трасковский, ронандаи «БелАЗ» А. Ризоев ва дигарон суханони шодбошӣ гуфтанд.

Дар арафаи ин воқеаи фаромӯшношуданӣ гурӯҳи куҳнавардон аз байни қуллаҳо миёни Нораку Роғун раҳ кушоданд. Роҳбари гурӯҳ М. Тсой ба роғуниҳо туҳфаи норакиҳоро овард, ки он санге буд аз сарбанди НБО «Норак» ва бояд он дар сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» гузошта мешуд.

53104357374_c2a84e788d_5kДар ҳамоиш ду муроҷиатнома қабул гардид. Муроҷиатномаи аввал ба номи мардум дар соли 2012 аст ва дар кӯзаи оҳанӣ гузошта шудааст. Онро баъди 25 сол бояд мекушоданд. Муроҷиатномаи дуюм ба унвони муассисаю корхонаҳои ҳамҷавор аст, ки дар қаламрави СССР воқеъ буданд. Дар он омадааст, ки ҳама бояд тамоми уҳдадориҳои худро аз рӯи эстафетаи коргарӣ дар муҳлаташ ба ҷо оранд, то боргоҳи нури Роғун дар вақти муқарраршуда ба кор сар кунад.

Расо соати 12 ба осмон мушак паронда шуд ва механизаторон, ки дар соҳили дигари дарёи Вахш ба ин ишора интизор буданд, ба кор сар карданд. Даҳҳо мошини вазнинбор дар як вақт ба Вахш «ҳуҷум» оварданд. Онҳо пайи ҳам ба маҷрои дарё сангу хок ва саддҳои бетонии вазнинро рехтанд ва пеши маҷрои дарё баста шуд…

Мутаассифона, баъд аз барҳам хӯрдани СССР ва ба сари халқи тоҷик таҳмил шудани ҷанги бародаркуш дигар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт ва тӯли гузашти солҳо аксар иншооти он корношоям шуданд ва минбаъд масъалаи аз нав бунёд намудани ҳамаи онҳо пайдо гардид. Бар замми ин, моҳи майи соли 1993 дар натиҷаи як обхезии шадид сарбанди нотамоми неругоҳ шуста шуд ва аксари иншооти қариб омодагардидаи зеризаминӣ, аз ҷумла толори мошинҳо ва толори трансформаторҳо аз лойқа ва сангу шағал пур шуд.

Аслан, манъ шудани бунёди Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» барвақттар аз суқути СССР, вобаста ба ҳадафҳои геополитикӣ, ба вуқӯъ пайваст. Ба ҳама маълум буд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» сохтмони хеле дурандешона тарҳрезишуда, манфиатбахш ва аз ҷиҳати техникию экологӣ безарар аст. Ҳамаи мо шоҳид ва мутмаинем, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ гидроэнергетика соҳаи хеле омӯхташуда, мутараққӣ ва пешоҳанг буд. Неругоҳҳое, ки дар ин овон сохта шудаанд, инак 50-60 сол боз пойбарҷо буда, ба мардум манфиат мебахшанд. Роғун ҳам аз зумраи онҳост ва дигар шудани сохти ҷомеа, агар ду-се соли дигар мавқуф мемонду он бунёд меёфт, аллакай фоидаи фаровон овардаю ба мардуми тамоми минтақа манфиат мебахшид. Агар НБО «Роғун» бунёд меёфт, имрӯз дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ норасоии неруи барқ тақрибан эҳсос намешуд ва баҳсҳо барои об пайдо намегардиданд, вале, ба хотири он ки Тоҷикистон соҳиби чунин неругоҳи тақдирсоз нашавад, мухолифат ва душманиҳо хеле барвақт дар ин бора оғоз ёфта буданд. Бадхоҳони мо барвақт ба НБО «Роғун» часпиданд, чунки ин воситаи хеле муҳими зиён расондан ба рушду тараққии кишвари мо буд.

Нақшаи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, тавре маълум гардид, хеле барвақт аз овони амалӣ шудани он тарҳрезӣ шуда будааст ва ҳам дар Москва ва ҳам дар қаламрави баъзе кишварҳои ҳамсоя нақшаҳои махфии аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ фарсуда намудани кишварҳои хурд, аз ҷумла Тоҷикистон, зина ба зина амалӣ карда мешуд. Бояд қоил шуд, ки онҳо тавонистанд як қадаре ба ин ноил гарданд. Пеш аз ҳама, омилҳои дохилӣ маккорона истифода бурда мешуд. Журналист ва муҳаққиқ Нуралӣ Давлат менависад: «Замоне ки масъалаи паст кардани сатҳи сарбанди НБО «Роғун» ва ё умуман насохтани ин неругоҳи барқи обиро равшанфикрони тоҷик нахуст дар матбуоти Москва ва сипас дар Тоҷикистон бардоштанд, хеле кам нафароне дар ҷумҳурии мо дарк мекарданд, ки баъди се ё чор соли он Иттиҳоди Шӯравӣ суқут мекунад».

Ин эътироз махсусан аз ҷониби донишҷӯёну аспирантони тоҷик дар Москва ҳамовозии густурда пайдо намуд. Чун онҳо дар пойтахти Давлати Шӯравӣ мезистанд, медиданд, ки мардум аксаран сиёсатзада шуда буд ва тамоми масъалаҳои муҳими ҷомеа дар воситаҳои ахбори омма ва дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо намояндагони масъули давлатӣ ба таври ошкор баррасӣ мешуданд.

Дар шаҳри Москва тоҷикон ибтидои соли 1989 ҷамъияти фарҳангӣ бо номи «Суғдиён» таъсис доданд ва дар яке аз нахустин чорабиниҳо баҳори ҳамон сол роҳбари Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамовро даъват намуда, масъалаи сохтмони НБО «Роғун»- ро зери шубҳа гузоштанд. Роҳбарони ҷамъият ба ин мулоқот доктори илмҳои геология ва минералогия Павел Флоренскийро, ки бо Тоҷикистон хуб шиносоӣ дошт, даъват намуданд. Бобои ӯ, ки мисли худаш Павел Флоренский ном дошт, аз олимони маъруфи рус буд, ки дар солҳои таъқиби сталинӣ ба қатл расид. Гуфта наметавонам, ки рост буд ё дурӯғ, аммо матбуоти Москва навишта буд, ки «агар Флоренский ба марг маҳкум намегашт, нахустин шуда дар ҷаҳон бомбаи атомӣ месохт».

… Дар он вохӯрӣ ба Қаҳҳор Маҳкамов Павел Флоренский харитаеро нишон дод, ки тавассути радифи маснуъии замин аз фазо аксбардорӣ шуда буд. Ӯ иддао кард, ки НБО «Роғун» дар минтақаи заминҷунбӣ ҷойгир аст ва то соли 2000 дар он ҷо заминҷунбии сахт мешавад, бинобар ин, сохтани чунин неругоҳ бо ин баландӣ дар чунин мавзеъ хатар дорад.

Қаҳҳор Маҳкамов ҳарчанд такрор ба такрор иброз медошт, ки мо сатҳи сарбанди НБО «Роғун»- ро хеле поён мефарорем, вале ҳозирин гапашро гӯш кардан намехостанд.

Барои он ки садои эътирозашон пуртаъсир шавад, роҳбарони «Суғдиён» тавассути Павел Флоренский ба ин мубориза Борис Елтсинро, ки он вақт дар Россия шуҳрати беандоза дошт, ҷалб карданд ва охири моҳи августи соли 1989 ӯро ба Тоҷикистон оварданд. Азбаски равобити Елтсин бо президент Горбачёв хеле бад буд, Маҳкамов ӯро на дар фурудгоҳ пешвоз гирифту на ҳамроҳаш мулоқот кард. Елтсин, ки шахси кинагир буд, аз ин рафтори роҳбари Тоҷикистон сахт ранҷид. Шояд ин кори Маҳкамов сабаб гардид, ки расо баъд аз ду сол, зери фишори тазоҳургароне, ки Елтсинро падари демократияи шӯравӣ мехонданд, Маҳкамов ба истеъфо рафт. Ҳарчанд ки Президенти Тоҷикистон дар миёни ҳамтоҳои худ аз дигар ҷумҳуриҳо танҳо нафаре набуд, ки ГКЧП-и моҳи августи соли 1991-ро ҷонибдорӣ кардааст.

…Борис Елтсин дар ин сафараш аз НБО «Роғун» ва ҳамчунин, НБО «Сангтӯда» дидан кард. Дар натичаи ин сафар Елтсин барои сохтмони НБО «Роғун» барои солҳои наздик садди чинӣ гузошт. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот қатъ гардид, аммо дар ин ҳангомае, ки атрофи НБО «Роғун» равшанфикрони тоҷик шурӯъ карда буданд, касе савол намедод, ки чаро масъала ҳамин айём ба миён омад? Аниқ аст, ки ин идеяро ба равшанфикрони мо бегонаҳо, ба хотири бо дасти худамон моро аз бунёди ин иншооти бузург маҳрум кардан, дода буданд.

Тавре мебинем, ин ҳангома аввал аз худи марказ бархоста буд ва дар он шояд ташаббуси ягон ҷумҳурии ҳамсояи мо ҳам бошад. Бо ин «ташаббусҳо» ҳатто онҳо тавонис­танд шахсияти хеле ҷиддӣ Борис Елтсинро низ ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муқобил гузоранд. Диққат диҳед, собиқ сардори сохтмон Н. Савченков дар яке аз мусоҳибаҳояш чӣ мегӯяд: «Ёд дорам замонеро, ки Борис Николаевич Елтсин барои боздиди неругоҳ ба Роғун омад. Елтсин, ки кори сохтмонро хуб медонист, ҳамроҳи мо аз тамоми қисматҳои сохтмон боздид кард ва аз дидани он ба ваҷд омада буд. Вақте ки шом дар толор бо ширкати 400 нафар масъалаи сохтмон баррасӣ мешуд, танҳо як суол матраҳ шуд: мо садди неругоҳро бо баландии 335 метр бунёд бикунем ё не? Б. Н. Елтсин ҷаласаро бо ин суханон ҷамъбаст кард: «Танҳо каси ноқисулақл аз бунёди ин гуна иншооти пурманфиат худдорӣ мекунад. Ин бузургтарин неругоҳи пуриқтидор ва каммасраф хоҳад буд. Неругоҳ ҳатман бояд дар ҳамин сад сохта шавад.».

Вале рӯзи дигар Б.Н. Елтсин аз ин гуфтаҳои худ пурра даст мекашад. Олими маъруфи тоҷик, академик Ю. Носиров, ки иштирокчии ин ҳодисаҳо буд, дар мақолааш «Елтсин дар Помир чӣ гуфт?» менависад: «Дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе Б.Н.Елтсини аз назарҳо афтодаро шахсони расмӣ не, як гурӯҳ демократмаобони мухолифрӯҳия пешвоз гирифта, ӯро мустақиман ба ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) ба минтақаи баҳри ояндаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» раҳнамоӣ намуданд. Дар ин ҷо бо тайёрии пешакӣ зери чанори муҳташами ноҳия ба муқобили сохтмони неругоҳ митинги эътирозӣ ташкил намуда буданд.

– Рафиқон! Маълум мешавад, ки шумо ҷонибдори қатъ намудани сохтмони неругоҳ ҳастед, ба ҳозирин муроҷиат намуд Борис Елтсин. – Ҳамин тавр?

– Бале, бале! — шунида шуд садои тӯдаи ҷамъомада.

– Пас ман ҳамчун раиси «Госстрой»-и ИҶШС бо ҳамин қалам ба фармони боз­доштани сохтмони НБО «Роғун» ва қатъ намудани маблағгузории он имзо мегузорам…», — гуфт ӯ, ки чанде қабл изҳор намуда буд, ки танҳо каси ноқисулақл аз бунёди ин гуна иншооти пурманфиат худдорӣ мекунад… 

Коллаж Рогун копия

Ана, ҳамин хел моро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, ба муқобили якдигар шӯрониданду ба мақсадҳои худ ноил шуданд душманонамон.

Баъд аз соҳиб шудани кишвари мо ба истиқлолияти давлатӣ акнун душманони «Роғун» парда аз рӯ барканда, кушоду рӯшан ба ҳуҷум гузаштанд ва ҳатто дар ин бозӣ дигаронро низ ҷалб намудан мехостанд.

Яке аз сабабҳое, ки мухолифини бунёди Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» пеш меоварданд, хароҷоти об аст; гӯё бунёди он яке аз сабабҳои хушкшавии баҳри Арал мешуда бошад. Ин гапи нав нест; ҳанӯз моҳи сентябри соли 1988 Қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони ИҶШС «Дар бораи чораҳои қатъии беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал» ба тасвиб расида буд ва дар ин замина, ҳамон вақт лоиҳаи сохтмони Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» боз як бори дигар ба экспертиза тавсия шуда буд.

Вақте хушкшавии баҳри Арал ва ба биёбон табдил ёфтани атрофи он босуръат идома дорад, чаро аз мухолифони ин даъво напурсем: то вақте ки НБО «Роғун» бунёд наёфта буд, чаро онҳо сабаби ин фоҷиаи экологиро аз дигар ҷо намекофтанд?! Маҳз, бо таклифи роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳуриҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон ва розигии роҳбарияти Тоҷикистон, ба хотири пешгирии фоҷиаи экологии бо норасоии об вобаста ва танзими об дар заминҳои навкорам, инчунин, таъмини тамоми минтақа бо барқе, ки истеҳсоли он зарари экологӣ надорад, лоиҳасозӣ, асоснокнамоии техникӣ-иқтисодӣ ва бунёди Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун», ки аз обанбор ва неругоҳ иборат хоҳад буд, амалӣ гаштааст. Ва маълум аст, инро вақт ҳам исбот намудааст, ки ягон тарҳи азими овони ИҶШС бе асосноксозии комил пешниҳод ва амалӣ намегашт. Дар ин замина, лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» чанд маротиба ташхисҳои экспертизиро аз сар гузаронидааст.

Баъд аз он ки таҳияи техникии лоиҳа моҳи ноябри соли 1978 ба анҷом расид, он моҳи декабри худи ҳамон сол аз тарафи Пажӯҳишгоҳи умумииттифоқии «Гид­ропроект» ва моҳи июни соли 1979 дар Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати энергетикаи ИҶШС муҳокима шуд. Дертар, моҳи октябри соли 1980 дар «Главгосэкспертиза»-и Кумитаи давлатии сохтмони ИҶШС лоиҳа мувофиқа гардид ва аз тарафи Совети Вазирони ИҶШС, мутобиқи дастури № 2411-р, аз 27- уми ноябри соли 1980 дар параметрҳои интихобӣ тасдиқ гардид… Ин экспертизаи нахустини лоиҳа буд, ки Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» аз он бомуваффақият гузашт. Олимони сатҳи баланди умумииттифоқ тасдиқ намуданд, ки НБО «Роғун» ягон зарар намеорад ва фақат метавонад манфиатбахш бошад.

Бори дуюм, баъди даҳ сол, вақте проблемаи баҳри Арал ба миён омад, махсусан баъди он ки 19-уми сентябри соли 1988 Қарори КМ КПСС ва Совети Вазирони ИҶШС «Дар бораи чораҳои қатъии беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал» нашр шуд, ҳарчанд ки Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» аллакай аз экспертизаи муътамад гузашта буд, мутобиқи мактуби Кумитаи давлатии сохтмони ИҶШС таҳти №5799, аз 10-уми феврали соли 1990 як бори дигар экспертиза шуд. Мутобиқи Қарори зеркомиссияи экспертӣ ва гурӯҳи экспертии Кумитаи давлатии сохтмони ИҶШС, аз 5-уми июл ва 10-уми октябри соли 1990, эътимоднокии иншоот ва дар мавзеи интихобшудаи сохтмон ва дарғоти он, инчунин мавҷуд набудани ҳеҷ гуна муносибати мутақобилаи муҳандисиро дар маҷмааи гидроэнергетикӣ бори дигар тасдиқ намуд. Тасдиқи дигари эътимоднокии дарғот он аст, ки он аз ҷиҳати таркиб ба садди обанбори НБО «Норак» ва хоктӯдаи Усой, ки ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта, соли 1913, пеши дарёро банд намуда, кӯли Сарезро ба вуҷуд оварда буд, таъвам мегардад. Ин иншоотҳо, яке сунъӣ ва дигаре табиӣ, кайҳо аз имтиҳони вақт гузаштаанд.

Сеюмин экспертизае, ки НБО «Роғун» бомуваффақият пушти сар намуд, асос­ноксозии техникӣ-иқтисодие буд, ки онро тибқи фармоиши ҶСШК «Русский Алюминий» (РусАл) ширкати дар тамоми олам маъруфи олмонии «Lahmeyer Interпational» гузаронд. Ин ширкат таъсири шароити мураккаби сейсмикӣ, гуногунии ҷинсҳои кӯҳиро омӯхта, тасдиқ намуд, ки аз ҷиҳати техникӣ, иқтисодӣ ва экологӣ амалӣ намудани сохтмони Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» ҷоиз аст.

Ин асосноксозӣ ба манфиати идомаи сохтмони Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» мувофиқ буда, тибқи варианти такмилдодаи лоиҳа, бо назардошти технологияи нави сохтмонӣ, ки институти «Гид­ропроект»-и шаҳри Тошканд соли 1978 омода намуда буд, ба манфиатнок анҷом пазируфтани он имкон фароҳам овард.

Ҳангоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Копенгаген 16-уми декабри соли 2009, бори дигар ба ин ­масъала рӯ оварда, аз ҷумла, қайд намуда буданд: «Барои таъмини амнияти об дар Осиёи Марказӣ, инчунин гузаронидани арзёбии умумии таъсири низоми куллан куҳнаю бесамари истифодаи обро ба вазъи экологӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид қобили қабул мешуморем, зеро маҳз истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои об барои обёрии заминҳои кишт ба маҳв гардидани баҳри дар гузашта бузурги Арал оварда расонида истодааст.

Дар баробари ин, кишвари мо омода аст, ки дар беҳтар намудани иқлим саҳми муносиб гузорад. Имрӯз қариб 70 фоизи қувваи барқи дар кишварҳои Осиёи Марказӣ истеҳсолшаванда ба неругоҳҳои ҳароратӣ рост меояд, ки онҳо ҳамасола ба ҳаво миллионҳо тонна гази ангидриди карбонро мепартоянд. Айни замон Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, яъне 527 миллиард киловатт- соат неруи барқ дар як сол, мебошад, ки то ҳол ҳамагӣ 5-6 фоизи он аз худ шудааст. Ин иқтидор, яъне 527 миллиард киловатт – соат аз талаботи кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд аст ва азхудкунии минбаъдаи он на танҳо ба кам гардидани партови миллиардҳо тонна гази ангидриди карбон ба ҳаво мусоидат мекунад, балки боиси сарфаи захираҳои нафт, газ ва ангишт, ки аз ҷониби баъзе кишварҳои минтақа ҷиҳати истеҳсол намудани қувваи барқ истифода мешаванд, мегардад…».

Ба ғайр аз ин, соли 2008 ноиби президенти Комиссияи байналмилалӣ роҷеъ ба сарбандҳои бузург профессор Х. Б. Абадҷиев асосноксозии техникӣ-иқтисодии Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун»-ро, ки аз тарафи ширкати «Lahmeyer Interпational» гузаронида шуда буд, пурра омӯхта, асосҳои техникию иқтисодии онро маъқул донист ва бори дигар ба аҳамияти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ молик будани ин Маҷмааи гидроэнергетикиро барои Тоҷикистон ва кишварҳои поёноб таъкид намуд. Аз ҷумла, ӯ низ таъкид намуд, ки барои сарбанд аз таклифҳои дар лоиҳа пешбинишуда садди сангу шағалӣ аз ҳама мувофиқтар аст. Инчунин, профессор Х. Абадҷиев ақида дорад, ки таъсироти мусбии экологӣ ва эстетикии он нисбат ба таъсироти манфиаш чанд баробар бештар аст. Махсусан, аҳамияти он ба тамоми минтақа дар солҳои камобӣ, хушксолӣ ва боришоти аз ҳад зиёд бобати танзими об хеле калон аст. Ба тамоми ҳаёти иҷтимоии минтақа, аз диди он ки мардумро аз тобеъ будан ба носозгориҳо раҳо месозад ва вазъи таъминот бо об ва неруи барқ бамаротиб беҳ мегардад, таъсири мусбат мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷиҳати ҳуқуқҳои байналмилалӣ низ дар бобати сохтмони иншоот ягон монеа вуҷуд надорад. Воқеан, вақте соли 2005, мутобиқи Шартномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тону Федератсияи Россия ҶСШК «Русский Алюминий» аз нав таҷдид шудани сохтмони НБО «Роғун»-ро ба уҳда гирифт, ягон мухолифи тарҳи «Роғун» дар ин маврид ҳеҷ эътироз надошт. Фақат он вақт тавсия шуда буд, ки маросими огоҳнамоиро, ки Тоҷикистон ба уҳда дошт, бояд иҷро намояд.

Дарвоқеъ, Тоҷикистон барои ­сохтмони Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» ҳаққу ҳуқуқи комилро доро буд. Ин асоси ҳуқуқиро Созишномаи байни давлатҳои Осиёи Марказӣ «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идораи муштараки истифода ва ҳифзи захираҳои оби сарчашмаҳои байнидавлатӣ», ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 18-уми феврали соли 1992 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ба тасвиб расида буд, пурра мекунад.

Яке аз сабабҳои асосии шарик шудани Тоҷикистон ба ин созишнома дифои ҳуқуқ барои ба сомон расонидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад. Моддаи 2-юми ин созишнома ҳуқуқи Тоҷикистонро ҷиҳати идома ва анҷом додани НБО «Роғун» ва обанбори он бе мувофиқаи иловагӣ ҳимоя мекунад.

Бунёди НБО «Роғун» ба «Эъломияи Нуқус» низ, ки 20-уми сентябри соли 1995 кишварҳои Осиёи Марказӣ бобати масоили рушди пайвастаи ҳавзаи баҳри Арал ба тасвиб расонида буданд, мувофиқат мекунад. Дар ­«Эъломияи Нуқус» расман эълон шуда буд: «Мо аз он розием, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ созишнома, шартнома ва дигар асноди меъёрии роҷеъ ба муносибатҳои мутақобилаи захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал қаблан баимзорасидаро эътироф кунанд ва устуворона иҷро намоянд».

Дар зери асноди мазкур имзои роҳбарони тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ гузошта шудааст.

Агар мо сабаби асосии хушк шудани баҳри Аралро ёфтан хоҳем, онро аз киштзорҳои кишвари поёноб ва заминҳои нави ҳар сол кушода мешуда бояд ҷуст. Аз рӯи тадқиқоти сатҳи байналмилалӣ аллакай исбот гашта, ки об воқеан дар куҷо харҷ мешавад ва барои чӣ то баҳри Арал намерасад. Фактҳо шаҳодат медиҳанд, ки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бо доштани бузургтарин шабакаҳои обёрии ҷаҳон, ҳангоми обёрии киштзорҳояшон обро ба андозае талаф медиҳанд, ки дар дигар гӯшаҳои кураи Замин мушоҳида намешавад. Масалан, дар бист соли истиқлолияти давлатӣ дар кишварҳои поёноб истифодаи об ду баробар зиёд шудааст, вале ин дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду фоиз афзуд.

Аз рӯи маълумоти СММ, ки соли 2006 нашр шуда буд, кишварҳое, ки то 40 фоизи захираи обии дарёҳои худро истифода мебаранд, рушди дигар соҳаҳои иқтисодиёти хешро маҳдуд мегардонанд. Мо чӣ? Тадқиқотҳо исбот намудаанд: дар кишвари мо, ки тақрибан 60 фоизи оби дарёи Ому сарчашма мегирад, то 8-10 фоизи обро истифода мебарему дар ҷумҳурие, ки 7-8 фоизи он шакл мегирад, 80 фоизашро. Ба Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ барои истифодаи захираи об маҳдудият ҷорӣ намуда буданд, вале дар ин замина он маҳдудият аз ҳисоби буҷети умумииттифоқӣ ҷуброн мешуд. Имрӯз, ки Тоҷикистон ба проблема ва эҳтиёҷоти худ танҳо мондааст, ба ҷои кумаку ҳамкорӣ аз системаи ягонаи энергетикӣ ҷудо карда шудааст, магар ҳуқуқ надорад, ки аз захираи гидроэнергетикии худ истифода барад?!

Баробари дигар ҳаққу ҳуқуқҳое, ки бобати онҳо сухан рафт, худи ҳамин вазъият низ — яъне ба иродаи касе тобеъ набудан ва пеши касе сар хам насохтан моро талқин сохт, ки НБО «Роғун»-ро бунёд намоем. Инро имрӯз ҳар як тоҷикистонӣ дарк намудааст ва нидои пур аз шукронаи мо, ки бо даъвати Президенти кишвар бунёди Маҷмааи гидроэнергетикии НБО «Роғун» ба сохтмони умумимиллӣ табдил ёфтааст, ба осмон дакка мехӯрад. Барои бунёди НБО «Роғун» дигар роҳи бозгашт ба қафо набуд…

Танҳо баъд аз ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷунбиши ҷиддӣ ба миён омад. Аслан, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ рушди соҳаи энергетика ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Баъд аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ, 18-уми ноябри соли 2006 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикиро дар қатори вазифаҳои аввалин ва ҳадафи муҳими стратегӣ дар ҳафт соли наздик маънидод сохта, аз ҷумла, қайд намуда буданд: «Ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи неруи барқ дар Осиё, ҳамкорӣ бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вусъат дода шуда, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба хориҷи кишвар бунёд мегарданд…».

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд кӯшиши эҳёи сохтмони НБО «Роғун» зоҳир гардид.

Бори нахуст, моҳи октябри соли 2002 Ширкати сохтмонии Балтикаи Федератсияи Россия барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мароқ зоҳир намуд. Дар таърихи 29-уми октябри соли 2002 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Ширкати сохтмонии Балтикаи (ШСБ) Федератсияи Россия дар бобати идома ва анҷоми сохтмон кӯшише зоҳир гашт. Директори генералии ШСБ Олег Тони ба НБО «Роғун» омада, ҳамроҳи раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов ва як гурӯҳи калони мутахассисони тоҷику рус ҳамаи сох­тмонро аз назар гузаронд ва бобати ҳамкорӣ Шартномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расид, вале аз он рӯйдод фақат ҳамин шартнома ба ёдгор монду дигар ШСБ ба Тоҷикистон наомад.

Бояд қайд кард, ки мувофиқи шартномае, ки дар рафти ташрифи расмии Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2004 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ба имзо расид, иштироки Федератсияи Россия дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба ихтиёри РАО «ЕЭС-Россия» ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ихтиёри Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Русский Алюминий» вогузор гардид. Мутобиқи он бояд «РусАл» ин сохтмонро ба уҳдаи худ мегирифт. Зиёда аз ин, 26-уми сентябри соли 2005 вазири саноат ва энергетикаи Федератсияи Россия В. Христенко ва раиси Шӯрои директорони «РусАл» О. Дерипаска ба Роғун сафар карда, аз рӯи муҷассамаи сохтмон парда бардошта, расман ба кори сохтмон оғоз ҳам намуда буданд, вале баъдан, бо сабаби он ки аксари нишондоди техникии пешниҳоднамудаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Русский Алюминий» хилофи лоиҳаи асосии сохтмон буд, ҳамкорӣ бо ин ширкат қатъ гардид. Ҳамин тариқ, 31- уми августи соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуддати байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Русский Алюминий» (Федератсияи Россия) ба имзо расид. Дар он зикр мегардад, ки Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуддати байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Русский Алюминий» (Федератсияи Россия), ки 16- уми октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои ба зиммагирифта аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Русский Алюминий» ба тариқи яктарафа бекор карда шавад.

Дар ин маврид, ба андешаи ман, зери ким-кадом таъсире ё муоҳадаи махфие раиси Шӯрои директорони «РусАл» Олег Дерипаска бо баҳонаи паст кардани сатҳи садди обанбор ва бо сангу шағал неву бо семент бунёд намудани он аз бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» даст кашид ё аз шаҳомати ин сохтмони бузург тарсид. Ба ин ҳама дар сатҳи байналмилалӣ арзон шудани нархи алюминий низ як сабаб шуда буд.

Ба ҳар ҳол Ширкати «РусАл» манфиатҳои худро дар ҷои аввал мегузошт. Ман шахсан шоҳиди гуфтугӯи телефонии раиси онвақтаи ШСХК «Барқи Тоҷик» Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов ва яке аз муовинони Олег Дерипаска будам. Ҷӯрабек Нурмуҳаммадов изҳор намуд, ки агар садди обанбор то 270 метр паст карда шавад, аз ин халқи мо ягон манфиат намебинад, ҳамаи барқи истеҳсолшуда ба корхонаҳое, ки шумо бунёд карданиед, меравад. Ӯ корхонаҳои алюминиеро, ки бояд Ширкати «РусАл» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон месохт, дар назар дошт. Аз он тараф овоз баромад, ки мо ба халқи шумо чӣ кор дорем…

Аз ҳамин нуқтаи назар, ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати қатъ кардани ҳамкорӣ бо Ширкати «РусАл» ман яке аз дастовардҳои ҷониби Тоҷикистон ҳисоб менамоям. Ман ба ёд дорам, ки ҳатто дар суҳбати хосса, ки дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» сурат гирифта буд, Анатолий Чубайс, ташаббускори бунёди ин неругоҳ, дилпурона изҳор намуд, ки «Олег Роғунро барои шумо намесозад». (Олег Рогун вам не построит). Минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сохтмони «Роғун»-ро ба қувваи худ идома дод.

31- уми августи соли 2007 бо мақсади тезонидани сохтмону мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» ба имзо расид.

Баъди ин дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» марҳилаи хеле муҳим ва ҳалкунанда оғоз ёфт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки неругоҳро дар такя ба халқи кишвар бояд бунёд намуд, то ягон зарра фоидаи он бегона нагардад. Барои равнақу ривоҷи сохтмон, афзоиши суръати он ва ба моликияти истисноии давлату мардуми Тоҷикис­тон табдил додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» саҳмияҳои ин иншооти сарнавиштсози миллӣ, бо кафолатҳои зарурии ҳуқуқӣ, ба шаҳрвандони кишварамон ба фурӯш бароварда шуд.

29- уми октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардида буд. Тавре Маркази матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он рӯзҳо иттилоъ дода буд, дар маросими оғози корҳои бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки яке аз марҳалаҳои муҳими сохтмони ин иншооти бузург ба шумор меравад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аъзои Ҳукумати мамлакат, вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, зиёиён ва як гурӯҳ ҷавонони кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки барои мардуми Тоҷикистон марзаи ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.

Оқибат, он рӯз фаро расид! 16- уми ноябри соли 2018, рӯзи тантанаи миллат, рӯзи фараҳу шодмонӣ буд. Бе ягон шакку шубҳа 16-уми ноябри соли 2018-ро дар кишвари мо метавон рӯзи рӯшноӣ ва нур номид. Дар ин рӯзи муборак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Он рӯз сар то сари Тоҷикистон тантана дошт. Барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногун, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқис­тон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати хабарҳои воситаҳои ахбори оммаи байналмилалӣ қарор гирифт. Маросими тантанавии ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон пахш гардид. Ҳамзамон, ин чорабинии муҳимро бештар аз 200 нафар рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, агентиҳои иттилоотии бонуфузи байналмилалӣ аз Амрико, Италия, Олмон, Федератсияи Россия, Япония, Британияи Кабир, Хитой, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо васеъ инъикос намуданд.

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Маълум аст, ки барои интиқол додани барқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунёди инфрасохтори он низ хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маҳали сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи «Роғун» — «Зеристгоҳи Душанбе-500»-ро бо пахши васлак ба истифода дода, орзую омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд. Хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Роғун» — «Зер­истгоҳи Душанбе 500» дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» амалӣ шуда, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2017 оғоз ёфта, анҷоми татбиқи он моҳи августи соли 2021 ба анҷом расид.

Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғози расмӣ бахшиданд.

Корҳои васлгарии таҷҳизоти дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 бо иштироки мутахассисони варзидаи маҳаллӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуда буд. Дар ин иншооти болопӯшида 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хатти барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин, аз таҷҳизоти мазкур тавассути ду хатти барқии 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун неруи барқ интиқол дода мешавад.

Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо Ширкати олмонии «Siemens» бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО «Роғун» истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.

Дар дохили бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунии элегазӣ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараён, 30 модули дарозкунанда, 168 ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳамаи полюсҳои 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарони неругоҳ, фаъолону зиёиёни кишвар, ҷавонон, собиқадорони меҳнат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва коршиносони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон иштирок карданд.

Баъди ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» аввалин неруи ҷонбахши он ба сис­темаи ягонаи энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Равшанию гармии кохи нури Тоҷикистон — НБО «Роғун» ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзро бесаброна интизор буданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани аввалин агрегати неругоҳ таъкид доштанд: «Расидан ба ин рӯзи некро тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд ва фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос барои наздик овардани чунин рӯзи таърихӣ шабонарӯз заҳмат кашиданд. Яъне, имрӯз рӯзи равшаниву нур ва расидан ба ормонҳои миллӣ мебошад».

Ба муносибати оғози кори агрегати якуми НБО-и «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 — уми ноябри соли 2018 суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд намуда буданд: «Имрӯз шодиву нишоти мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳадду канор надорад, чунки орзуи чандинсолаи хурду бузурги кишвар — ба кор оғоз кардани агрегати якуми иншооти тақдирсози мамлакат — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва истеҳсоли барқи аввалин дар он амалӣ гардид.

Ин санаи таърихӣ дар таърихномаи навини Тоҷикистони озоду соҳиб­ихтиёр бо ҳарфҳои заррин сабт ва боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мегардад».

Баъди камтар аз як сол, 9-уми сентябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамин гуна тантана агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуд.

Иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Роғун» 3600 (6х600) МВт буда, садди обанбор 335 м бардошта мешавад. Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 километри мукааб ва ҳаҷми фоиданоки он 10,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Тибқи нақша, обанбор бояд дар давоми 15-17 сол аз об пур шавад. Барои баланд бардоштани садди обанбор, ки ҳаҷми пояи он 1,5 километрро ташкил медиҳад, қариб 81 миллион метри мукааб сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳӣ истифода бурда мешавад. Сарбанди обанбор ба зилзила тобовар аст, чунки қишрҳои дар натиҷаи зилзила пайдошуда аз сангу шағал пур мешаванд ва он аз нав мустаҳкам мегардад.

Пас аз пурра ба истифода додан аз ҳисоби фурӯши неруи барқ Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар як муддати кӯтоҳ хароҷоти пурраи сохтмонро мепӯшонад. Тибқи ҳисоби мутахассисони соҳа, арзиши аслии неруи барқи дар он тавлидшаванда арзонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.

Аз рӯи тадқиқоти мутахассисони СММ маълум мегардад, ки дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ айни ҳол дар давоми сол тақрибан 150 миллиард квт/соат қувваи барқро истифода мебаранд. Саҳми гидроэнергетика дар байни намудҳои дигари сӯзишворӣ дар давоми сол 29 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷиҳат, ки ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон нисбат ба ҳаҷми имрӯзаи истифодаи қувваи барқ дар ҳамаи чор мамлакати Осиёи Марказӣ чор баробар зиёд мебошад, гидроэнергетикаи Тоҷикистон метавонад ба тамоми минтақа манфиатбахш бошад. Махсусан НБО-и «Роғун» дар ин замина саҳми калон дорад.

Обанбори НБО «Роғун» якҷоя бо обанбори Норак дар дарёи Вахш ва обанбори Туямун дар дарёи Ому, бо ғунҷоиши умумии манфиатовари 18-19 километри мукааб, танзимшавии чандинсолаи резиши дарёи Омуро дар заминҳои кишоварзии ҳавзаи дарёи Ому, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон ва Туркманистон воқеъ аст, таъмин менамояд.

Имкон пайдо мегардад, ки ба азхудкунии заминҳои нав, аз ҳисоби захираи обанбор барои ҷуброн намудани оби ба обёрӣ масрафгардида идома дода шавад. Бо назардошти ҳамин, тибқи лоиҳа дар 360 ҳазор гектар заминҳои навкорам кушода мешаванд ва таъминоти оби системаҳои ирригатсионӣ дар ҳавзаи дарёи Ому ба масоҳати 4,3 млн. гектар афзоиш меёбад. Тавлидоти неруи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон 1,3 маротиба зиёд мегардад.

Ба кор андохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» эҳтиёҷоти дохилии кишвари моро бо барқ пурра қонеъ ва истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, имкон фароҳам меорад, ки барқи зиёдатии мо ба хориҷа интиқол дода шуда, ба миқдори зиёд газ ва дигар намудҳои сӯзишворӣ дар давлатҳои ҳамсоя сарфа гардад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳифзи муҳити зист низ мувофиқат менамояд, чунки аз ҷиҳати экологӣ он безарар аст, барои ҳар киловатт соати барқи дар неругоҳҳои ҳарорати истеҳсолшуда бошад, ба атмосфера то 250-300 грамм гази карбон хориҷ мегардад.

Соли 1989 мутахассисон ҳисоб карда буданд, ки ҳар як киловатт соати неруи барқ, ки дар ин неругоҳ истеҳсол мешавад, нисбат ба барқи дар неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсолшуда то 15-20 маротиба арзон аст. ­Эътимоднокии кори низоми энергетикии мамлакат боло рафта, сифатнокии энергияи электрикӣ танзим мегардад.

Ман дар бораи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бисёр хондаам ва бисёр навиштаам. НБО «Роғун»-ро хеле хуб эҳсос мекунам ва дӯст медорам, бо он чӣ медонистаму медонам, бо он ки зиёда аз бист сол боз бо низоми энергетикии кишвар робита дорам, дар муборизаи шадиде, ки барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ангехта буданд, ширкат варзидам ва то ҷое метавонистам, Роғунро ҳифз ва тарафдорӣ намудам. Ҳанӯз соли 2010 китоби ман «Роғун — ҳамкори офтоб» чоп шуда буд, ки он замон айни мухолифат ва муборизаҳо ба муқобили Неругоҳи барқи обии «Роғун» буд. Он китоби бадеӣ набуд, дар сарсухан ба хонанда муроҷиат намуда будам, ки ин китоб маҳсули бофтаи хаёли нависанда ва ё изҳори ҳиссиёти як шаҳрванди ватандӯст, ки аз бунёди ин маҷмааи саодат ва моҳияту аҳамияти он ба ваҷд омада бошад, нест. Ин китоб маҷмӯаи исботу ҳақиқати ҳол буд, ки дар тӯли зиёда аз чаҳор даҳсола дар пажӯҳишгоҳи олимону лоиҳасозон, қарору дастурҳои роҳбарони зимомдор ва меҳнату заҳмати бинокору бунёдкорон сабт ёфта буд ва ҳама ба он ақида буданд, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар шароити норасоии неруи барқ ва афзун шудани партовҳои газҳои гулхонаӣ барои тамоми сайёра манфиатбахш аст.

Хидмати ман танҳо аз он иборат буд, ки ин факту далелҳоро ба як қолаб дароварда, ҳар қадаре метаво­нистам, содаю оммафаҳм намудам, то ба ҳар хонанда возеҳу дастрас бошад ва мардуми мо огоҳу дилпур бошанд, ки барои бунёди НБО «Роғун» ҳаққу ҳуқуқи комил доранд ва имрӯз он метавонад, ки идеяи миллии тамоми Тоҷикистониён гардад.

«Роғун — ҳамкори офтоб» ном гирифтани китоб низ ба он маънӣ буд, ки манфиати «Роғун»-и мо, тавре офтоб ба ҳама — ба хубу ганда, ба баду нек, ба сарватманду бечора баробар нуру зиё мебахшад, ба тамоми ҷомеа мерасад. Он амсоли офтоби дувуме хоҳад гашт, ки аз кишвари мо тулӯъ намуда, минтақаро нуру ҳарорат хоҳад дод. Инро мухолифони бунёди НБО «Роғун» низ рӯзе ҳис хоҳанд намуд ва ба мардуми Тоҷикистон, ки имрӯз дар атрофи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, НБО «Роғун» эҷод доранд, шукргузору миннатдор мешаванд. Бояд ба ин мутмаин бошем!

Худо ба Пешвои миллати мо иродаю матонат ва ҷасорату ғайрат дод, халқ дар атрофи Сарвари худ муттаҳид шуд ва НБО «Роғун» бино кард. Бале, «Роғун» бино кард! Ва ин ҷамъбасти боз як давраи муҳими фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Давраи пур аз муборизаву душвориҳо, вале шаҳди нусратро чашиданҳо низ!

Ман аз ин муборизаҳо батафсил огоҳам ва бояд бо тамоми меҳру самимият ин ҷо бигӯем, ки сад офарин ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон! Неругоҳи барқи обии «Роғун» «Шоҳнома» аст. Шоҳномае, ки Пешвои миллат барои на танҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ саршор намудани миллат офаридаанд.

Дар қатори барқарор намудани сулҳу ваҳдат, наҷоти миллат, таҳкими давлатдорӣ — офаридани Неругоҳи барқи обии «Роғун» як қаҳрамонии дигари Пешвои миллат аст, ки миллатро ба Сарвари худ наздиктар намуд ва эътимоду эҳтиромашонро дар дили халқ афзунтар.

Бо таълифи ин очерки ҳуҷҷатӣ ман заррае ният надорам, ки худро намоишу ҷавлон диҳам. Мақсадам он аст, ки ҳар чӣ зиёдтар одамон аз шаҳомати НБО «Роғун» ва меҳнату заҳмати Пешвои миллат ва бузургии миллати ман огоҳ шаванд.

Шахсан, ман аз НБО «Роғун» фахр мекунам! Фахр мекунам, ки миллати ман имрӯз иродаю иқтидор дорад, ки чунин шаҳомати энергетикиро бунёд карда истодааст.

Нозир ЁДГОРӢ,

Нависанда