Агар 1,8 миллиард дона тухм истеҳсол шавад…

№107 (4527) 29.08.2022

Мусоҳиба бо академики АИКТ, узви Ассотсиатсияи илмии умумиҷаҳонӣ оид ба парандапарварӣ Давлатҷон Комилзода

 Акад- Андешаи шумо дар бораи зарурат ва муҳимияти соҳаи парандапарварӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар чӣ гуна аст?

- Парандапарварӣ соҳаи зудинки­­шо­ф­­­­­­ёбанда, (маҳсули парвариши он зуд ба даст меояд), сермаҳсулу самаранокиаш баланд ва сердаромад ба ҳисоб рафта, метавонад дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ нақши арзанда гузорад. Барои парандапарварӣ, назар ба маҳсулоти соҳаи чорводорӣ, камтар хӯрок, меҳнат ва маводи моддию техникӣ сарф мегардад. Аз ин лиҳоз, нархи аслии тухм ва гӯшти паранда нисбатан арзон мебошад. Хусусиятҳои биологии маҳсулоти паранда дар он аст, ки парҳезӣ буда, дар таркибаш миқдори зиёди маводи аз ҷиҳати биологӣ фаъол (витаминҳо, аминокислотаҳо, маводи маъданӣ ва ғайра) дорад. Бинобар ин, дар мамлакатҳои тараққикарда ба рушди соҳаи парандапарварӣ аҳамияти махсус зоҳир мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати аз буҳрони иқтисодӣ баровардани мамлакат, дар қатори дигар соҳаҳо ба парандапарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Дар ин самт як қатор санадҳо, қонуну қарор ва барномаҳо ба тасвиб расиданд. Соли 2007 «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 — 2015», соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ шуда, соли 2022 он дар таҳрири нав қабул гардид. Қабули «Барномаи рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2022» (бо бахши парандапарварӣ) аз ҷумлаи ҳамин тадбирҳост.

- Омилҳои асосии рушди парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?

- Омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ дар дилхоҳ давлати тараққикарда пешрафти истеҳсолот мебошад. Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 парандапарвариро ҳамчун соҳаи афзалиятнок қаламдод намуда, онро аз соли 2018 ба муҳлати 6 сол аз андозу пардохтҳои асосӣ озод карданд.

Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки имтиёзҳои барои рушди соҳаи мазкур пешниҳодшуда дастовардҳои зиёдро ба бор овард. Ин иқдом олимону мутахассисонро рӯҳбаланд, ҳавасмандии хоҷагидорон ва соҳибкорони ватанию хориҷиро бештар намуда, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа, соли 2021 саршумори паранда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2017 ба миқдори 5,2 миллион сар, қариб ду маротиба бештар гардида, зиёда аз 10 миллион сарро ташкил намуд. Истеҳсоли тухм аз 341 млн. дона то 1 миллиард дона (2,9 маротиба) ва гӯшти паранда аз 7,6 ҳазор тонна то 44 ҳазор тонна (5,9 маротиба) бештар гардид.

Ҳоло корхонаҳои махсусгардонидашудаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 210 ададро ташкил медиҳанд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2017-ум се маротиба зиёд аст. Ин ҳама натиҷаи собитқадамӣ дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар мебошад.

Парандапарварони ҷумҳурӣ дар соли 2022 низ самаранок фаъолият намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Дар ин давра воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар аз байн рафт. Саршумори паранда дар соли 2022 ба 10, 5 миллион расид.

- Ҳоло ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти паранда аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида ба аҳолӣ басанда аст?

- ҳадди ақали маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» — и Вазорати танду­рустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи давлатии илмӣ — тадқиқотии «Ғизо» омода мешавад. Тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, меъёри истеъмоли тухм ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 194, 4 дона ва гӯшти паранда 18 кг муайян гардидааст. Аз ин лиҳоз, таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо тухму гӯшти паранда беҳбудиро тақозо менамояд. Аз меъёри мазкур, истеҳсоли тухм дар ҷумҳурӣ бояд ба 1,8 миллиард дона ва гӯшти паранда ба 170 ҳазор тонна расонда шавад.

Бо дарназардошти ин, аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати рушди соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ андешида шудааст. Дар он зиёд намудани иқтидори корхонаҳои парандапарварӣ пешбинӣ гардида, ташкили корхонаҳои махсусгардонидашуда дар минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, махсусан дар самти истеҳсоли гӯшти паранда, ба нақша гирифта шудааст.

- Масоили ҳалталаби соҳа кадоманд?

- Таъмин намудани талаботи корхонаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои инфиродӣ бо хӯроки омехтаи хушсифат, премиксҳо, иловаҳои серсафедаю маъдандор мебошад. Ҳоло бештари хӯроки омехта барои паранда аз хориҷи кишвар бо нархи гарон ворид мешавад. Ташкили корхонаҳои нави парандапарварӣ бояд дар дигар минтақаҳо ба роҳ монда шавад. Масалан, дар ВМКБ як корхонаи мурғпарварӣ фаъолият мекунад. Масоили дигар, татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва технологияи инноватсионӣ дар соҳа ва васеъ кардани ҳамкорӣ бо ҳамтоҳои хориҷӣ мебошад.

Бо мақсади таҳким бахшидан ба рушди соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамкориро бо мутахассисони КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикис­тон» таҳким бахшида, зотҳои сермаҳсули мурғ, зотҳои мурғи марҷон, бедонаю кабк­ро муайян намуда, ба хоҷагидорон барои парвариш пешниҳод намуданд. Инчунин, меъёрҳои самарабахши парваришу нигоҳубини онҳо таҳқиқ гардида, меъёрҳои муътадили истифодаи иловаҳои ғайрианъанавии серсафеда ва маъдандори маҳаллӣ дар хӯроки паранда муқаррар карда шуданд. Усулҳои самарабахши ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои парандаҳо таҳия гардиданд. Бо мақсади васеъ татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ аз ҷониби олимон ва мутахассисони соҳа конференсия — семинарҳо гузаронида ва ба воситаҳои ахбори омма тавсияву дас­турҳо пешниҳод мегарданд.

- Дастрасӣ ба ғизои паранда дар кадом сатҳ аст?

- Хӯроки паранда аз 5-6 намуди ғалладонагӣ, кунҷора, лӯбиёгӣ, ғизоҳои маъданӣ — оҳаксанг, бӯр, гили бута (бентонит) таркиб ёфта, ба он витаминҳо, аминокислотаҳо, равған ва дигар ферментҳо илова мешавад. Гили бентонит ҳамчун маъдани табиӣ дар парвариши паранда барои беҳтар кардани солимию маҳсулнокӣ аҳамияти махсус дорад. Ин кашфиёти нави олимони соҳа мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 30 манбаи ин минерали табиӣ мавҷуд аст, ки ба истифода омода сохтани онҳо дар соҳаи парандапарварӣ аҳамияти иқтисодӣ дорад. Талаботи рӯз­афзуни замони муосир водор месозад, то роҳҳои интенсивии паст кардани арзиши аслии маҳсулотро пайдо кунем. Якчанд омили паст кардани арзиши аслии маҳсулоти мавриди зикр вуҷуд дорад, ки таъсиси корхонаҳои истеҳсол ва коркарди хӯроки паранда, ҷудо кардани замин барои кишти хӯроки паранда, ба роҳ мондани коркарди пару бол, нохун, пӯстлохи тухм, ки дар таркибашон карбонати калтсий дорад.

Дар таркиби тухм ҳама маводи лозима бо таносуби муносиб мавҷуд аст ва ҳазмшавии он нисбат ба дигар ғизоҳо хуб аст. Барои мисол, агар ҳазмшавии гӯшт дар бадани инсон 55 — 60 фоиз бошад, аз тухм 98 дарсад аст.

Дар сохтори Вазорати кишоварзӣ Корхонаи воҳиди давлатии саноати парандапарварии Тоҷикистон фаъолият дорад. Бештари маҳсулоти соҳа аз тариқи коркарди саноатӣ, аз ҷумла ба намуди коркарди гӯштӣ навъҳои гуногуни ҳасиб – сосиска, сарделка ва консерваҳо ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешавад. Аз тухми мурғ бошад, орди тухм, меланж (тухми бепӯстлох) ва маҳсулоти кондитерӣ истеҳсол мекунанд. Дар маҷмӯъ, ин соҳа на танҳо ба таъмини амнияти озуқаворӣ, балки дар рушди саноат низ ҳиссагузор мебошад.

Дар 50 соли охир, бо сабаби он ки гӯшти паранда серғизо ва парҳезӣ мебошад, истеҳсоли маҳсулоти он дар ҷаҳон ду маротиба афзуда, истеъмоли гӯшти ҳайвонот кам гардид. Бинобар ин, фарҳанги истеъмоли маҳсулоти ғизоиро ба талаботи замони муосир мутобиқ намуда, истеъмоли гӯшти парандаро васеъ ба роҳ мондан лозим аст.

- Сол то сол теъдоди корхонаҳои парандапарварӣ ба таври назаррас афзуда истодааст. Оё кадрҳо мерасанд?

- Ҳоло кадрҳои марбут ба ин соҳа асосан дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тайёр мешаванд, ки барои 212 корхонаи парандапарварии кишвар басанда нест. Боиси нигаронист, ки на ҳамаи корхонаҳои соҳаи парандпарварӣ мутахассисони соҳавиро ба кор ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, бе ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳавӣ (зооинженерҳо, байторҳо) ба натиҷаҳои хуб ноил шудан, тибқи дастовардҳои илмӣ ва технологияи инноватсионӣ, ғайриимкон аст. Дар ин бора дар «Барномаи рушди парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007 — 2015» низ таъкид шуда буд.

- Дар Тоҷикистон кадом зоти парандаҳо парвариш мешаванд?

- Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ соҳаи парандапарварӣ дар сархати соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ҷой гирифтааст. Сабаби дар ин мавқеъ ҷойгир шудани соҳаро дар заҳмати олимон ва мутахассисони соҳа мебинам, ки дар натиҷаи тадқиқоти тӯлонӣ ба ин ноил гардида, зотҳои беҳтарини парандаҳои гуногун — мурғ, мурғи марҷон, бедона ва кабкро тавсия доданд. Маҳсулнокии парандаҳо аз зот, авлоди онҳо, вазни тухм ва шиддати тухмоварӣ вобастагӣ дорад, ки он барои зиёд намудани маҳсулот бо сарфи ками меҳнат, хӯрока ва маблағ мусоидат мекунад.

Ҳоло асосан мурғони сертухму сергӯшт парвариш мешаванд. Онҳо авлоди зотҳои гуногун буда, иқтидори ирсиашон бештар мебошад. Дар онҳо хусусияти тухмгузорӣ, вазни тухм, сифати он, сарфи хӯрока мутобиқшавӣ ба муҳит хуб аст.

- Корхонаҳои калонтарини парандапарварӣ кадомҳоянд?

- Зиёда аз дусаду даҳ корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекунад, ки аксари онҳо дар вилояти Суғд ҷойгир мебошанд. Корхонаҳои калонтарини парандапарварӣ, ки саршумори парандаҳояшон аз сад ҳазор сар зиёд мебошанд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — ҶДММ «Амина-К», ҶДММ «Парандапарвар-2017», ҶДММ «Воҳидов А», «ҶДММ «Чӯҷаи заррин» ва «Чӯҷаи Байзо», ноҳияи Ҷаббор Расулов — ҶДММ «Ганҷи ҳилол», шаҳри Истаравшан — ҶСК «Симурғ», ноҳияи Мастчоҳ — ҶДММ «Суғдиён — Свердловск», ноҳияи Гулис­тон — ҶДММ «Анко — инвест» фаъолияти пурмаҳсул доранд. Дастовардҳои солҳои охири соҳа имкон доданд, то соли ҷорӣ парандапарварони ҷумҳурӣ содироти маҳсулотро ба роҳ монанд.

Олимону мутахассисон ва хоҷагидорони соҳаи парандапарварӣ аз дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа неруи тоза гирифта, бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда, онро мувофиқ ба талаботи рӯз рушд дода, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»