Дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон барои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ имтиёз дода шудааст. Масалан, дар Қазоқистону Федератсияи Россия, Беларус ва ғайра барои автобусу электробусҳо хати алоҳида ҷудо кардаанд, ки дигар воситаҳои нақлиёт ҳаққи тавассути он ҳаракат намудан надоранд.
Мутаассифона, бинобар паст будани фарҳанги баъзе аз мошиндорон, автобусҳои шаҳри Душанбе ба мушкилӣ дучор мешаванд. Зеро иддае мошинҳояшонро дар назди истгоҳ гузошта, ба автобусҳо халал мерасонанд. Чунин манзараро дар маҳаллаи 33- юми пойтахт зиёд дучор шудан мумкин аст. Баъзан, бо сабаби дар назди истгоҳҳо гузоштани нақлиёти сабукрав, автобусҳои рақами 7 ва 11 аз ночорӣ дар қатори дуюм меистанд.
Инчунин, баъзе аз ронандагони микроавтобусу таксиҳои пойтахт дар қатори дуюм таваққуф намуда, нисбат ба автобусу троллейбусҳо беэътиноӣ ва нописандӣ зоҳир мекунанд. Худсарии як ронанда метавонад боис ба азияти мардуми зиёд гардад. Хуб мешуд, агар ин қабил ронандагон ҷарима мешуданд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ