АЗ ТОБИСТОН БА БАҲОР
Кишвари файзборамон иқлими дилкашу беназир дорад. Агар дар як гӯшаи он гармии ҳаво аз 40 дараҷа баланд бошад, дар гӯшаи дигараш ҳавои баҳорӣ ҳукмфармост. Инро охири моҳи июли соли равон, ҳангоми сафари дурӯза ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ба хубӣ эҳсос намудам. Вақте мошини сабукрави кӯҳгарди «Ландкрузер» аз шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чанок дар наздикии маркази ноҳияи Айнӣ ба самти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳаракат намуд, бо тай кардани масофаи бештар манзараи тобистон ба баҳор иваз мешуд. Ҳар қадар деҳаҳои ноҳияи Айниро бештар паси сар мекардем, ҳамон қадар худро зиёдтар дар оғӯши баҳор медидем. Роҳ торафт тангтару душворгузар мешуд, вале табиат пуртаровату ҳаво тозатар мегашт. Рӯзи сафар (30 июл) ҳавои пойтахту атрофи он пур аз чангу ғубор буд, вале осмони водии Зарафшон нилгун ба назар мерасид. Одатан дар водиҳои Вахшу Ҳисор тут, олуболу ва зардолу моҳҳои май — июн мепазанд, вале охирҳои июл дар ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ айни пухтани ин меваҳост.
Дар ду канори роҳ боғдоронро дидем, ки туту зардолуҳои ҷамъовардаро хушк мекарданд. Баҳори соли равон гули зардолуро дар водиҳои Вахшу Ҳисор ва Фарғона сармо зад. Шукри Худо, ки бинобар тӯлонӣ будани зимистони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ зардолу дар ин минтақа дертар гул карда, аз сармозанӣ эмин монд.
Баъди ҳар бор тай кардани 5 — 10 километр медидем, ки аз ду ҷониб шохобҳои софу зулол ба дарёи тезоби Зарафшон ҳамроҳ шуда, онро воҳиманоктар менамуданд. Камобшавии дарёҳо мушкилоти ҷаҳонист, вале дарёи шӯху тезоби кӯҳистон ҳар қадар серобтар шавад, қувваи харобиовари он ҳамон андоза бештар мегардад. Чунончӣ, ҳангоми ба деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ наздик шудан шоҳиди он гардидем, ки дарёи Зарафшон қисме аз роҳи мошингардро «лесида», онро тангтару барои ҳаракати нақлиёт мушкилтар намудааст.
«ТИЛЛОИ САФЕД» — И КӮҲИСТОН
Нақл мекунанд, ки бори аввал картошкаро аз қитъаи Амрико ба хотири гули сафедаш овардаанд. Зебоии онро дар Кӯҳистони Мастчоҳ дида, ба дурустии ин фарзия бовар кардем. Майдони картошка дар вақти гулкунӣ пахтазори шукуфонро мемонд. Аз ин рӯ, шӯхиомез картошкаро «тиллои сафед»-и кӯҳистон номидем.
Сокини деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Нусратшо Охунов зимни суҳбат гуфт, ки ҳоло беҳтарин фурсати обмонии картошка аст. Вақте картошка гул кард, бояд намии замин канда нашавад. Аз ин рӯ, картошказорро зуд- зуд сабук об медиҳанд.
- Мо дар як гектар картошка кишт карда, солҳое, ки ҳаво мусоид ояд, 40 тонна ҳосил мегирем. Нисфашро дар сардхонаи табиӣ (чоҳ) ба хотири тухмию эҳтиёҷоти оила нигоҳ дошта, боқимондаашро фурӯхта, сарфи рӯзғор мекунем, — мегӯяд Нусратшо Охунов.
Картошкаро, бинобар серистеъмол буданаш «нони дуюм» мегӯянд. Он дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зироати асосӣ ба шумор меравад. Ба хотири дам додани замин баъзан гандум ё юнучқа низ кишт мекунанд, зеро дар як майдон ҳамеша як зироат киштан боис ба камшавии қуввати замин ва гирифторшавӣ ба беморию паҳншавии зараррасонҳо мегардад.
Сокини дигари Роғ Туйчибой Камолов иброз дошт, ки деҳқонон барои ғизо додани зироат асосан аз поруи ҳайвонот ва хокистар истифода мебаранд. Аз ин рӯ, картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳро дар бисёр мавзеъҳои ҷумҳурӣ ҳамчун тухмӣ истифода мебаранд. Чунки онро дурудароз нигоҳ доштан мумкин аст. Солҳои охир тухмии навъи нави «Бик-Роза» — ро кишт мекунем, ки рангаш сурхчатоб аст. Бартариаш дар он аст, ки йоди таркибаш зиёд буда, истеъмоли мунтазамаш бемории ҷоғар (зоб) — ро пешгирӣ менамояд.
ОФТОБ ШАБОНА ХОНАҲОРО РАВШАН МЕКУНАД
Дар Кӯҳистони Мастчоҳ 56 деҳа аст, ки қисме аз онҳо то ҳол, бинобар дурдаст будан, ба шабакаи ягонаи барқ пайваст нестанд. Тайи 70 соли Ҳукумати Шӯравӣ мардум бо чароғи керосинӣ хонаҳояшонро равшан мекарданду тавассути радиоҳои батареядор аз навгониҳои ҷумҳурию ҷаҳон огоҳ мешуданд. Деҳаи Роғи деҳоти «Лангар» яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳия ба шумор меравад. Ба гуфти раиси маҳаллаи он Муҳаммадрасул Камолов, аҳолии деҳа 1422 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 715 нафар зананд. Шуғли асосии сокинони он картошкапарварию чорводорист. Зимистон он ҷо тӯлонию сербарф буда, сардӣ аз моҳи ноябр то апрел идома меёбад. Баъзан меваро нопухта барф мезанад.
- Аҳли деҳа дар замони соҳибистиқлолӣ дастаҷамъона ду неругоҳи хурди барқи обӣ сохтанд, ки аз баракати он хонаҳояшон равшан шуд. Аммо зимистон, бинобар камшавии об, иқтидори неругоҳҳо суст шуда, таъминот бо барқ мушкил мегардад. Дар чунин ҳолат панелҳои офтобӣ самаранокии худро нишон доданд. Зеро агар ҳаво офтобӣ бошад, таҷҳизоти мазкур новобаста аз сардии зимистон, барқ медиҳад, — гуфт Муҳаммадрасул Камолов.
Устои барқчии деҳа Исмоил Ҳоҷизода зикр намуд, ки тайи 7 соли охир раъду барқ ду маротиба генератори неругоҳи хурди барқиро аз кор баровард. Аз неругоҳи хурди обие, ки ӯ нигоҳубинашро ба уҳда дорад, 95 хонавода истифода мебаранд. Барқи истеҳсолшуда ба 900 нуқтаи фурӯзонаку телевизион мерасад. Дар маҷмӯъ, деҳа дорои 5 неругоҳи хурди обӣ мебошад, ки дутоаш ҷамъиятӣ ва боқимонда хусусиянд.
Агар маблағ бошад, дар рӯди тезоби деҳа боз 3 — 4 неругоҳи хурди обӣ сохтан мумкин аст.
- Мо асосан аз соати 18-и бегоҳ то 8-и субҳ ба аҳолӣ барқ медиҳем. Танаффуси рӯзона ба хотири дамдиҳии генератор аст. Дар сурати ёфт шудани маблағу насб кардани генератори пуриқтидортар ва трансформатор истеҳсоли барқро метавон зиёд кард, — мегӯяд Исмоил Ҳоҷизода.
Дар коргоҳи таълимӣ — истеҳсолии «Ваҳдат»-и деҳа соле пеш бо ташаббуси Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фотопанел ва обгармкунаки офтобӣ насб гардид. Муаллимаи сехи дӯзандагии коргоҳ Дилрабо Мирсайидаминзода иброз намуд, ки соли 2017 дар муассиса чор мошини дӯзандагӣ буд. Соли сипаришуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргоҳ 10 мошини дарздӯзӣ ҳадя намуданд.
- Солҳои пеш, бинобар кам будани қувваи неругоҳи хурди барқи обӣ, як мошина базӯр кор мекард. Баъди насби фотопанелҳои офтобӣ вазъ беҳтар шуда, мошинҳои дарздӯзӣ кор мекунанд.
Ғайр аз ин, ба шарофати обгармкунаки офтобӣ коргоҳ доимо бо оби гарм таъмин аст, — мегӯяд Дилрабо.
Чунин таҷҳизоти муқтадир дар Маркази саломатии деҳаи Роғ низ насб шудааст. Директори муассиса, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқайюм Ғаффоров зимни суҳбат гуфт, ки Маркази саломатии Роғ ба сокинони 13 деҳа хизмат мерасонад. Деҳа аз маркази ноҳия 73 километр дур ҷойгир буда, ҳудуди хизматрасонии он 60 километрро дар бар мегирад.
- То насби таҷҳизоти отфобӣ таъмини барқ номунтазам буд. Баъд аз насби фотопанелҳо, ки иқтидорашон 5 киловатт аст, Маркази саломатӣ бо барқи доимӣ таъмин гардид. Инчунин, оби гарм низ ҳамеша дастрас аст, — афзуд А. Ғаффоров.
Ҳамин гуна таҷҳизоти офтобӣ дар деҳаи Покшиф ва мактаб — интернати ноҳия низ насб шуда, самаранокиашонро нишон доданд.
МАСТЧОҲБА НАМЕРАВАМ БАРИ РАҲДУРИШ…
Кӯҳистони Мастчоҳ дар ду соҳили дарёи Зарафшон воқеъ буда, 23000 нафар аҳолӣ дорад. Масоҳати умумии ноҳия 3700 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар майдони 283 гектар картошка кишт намуда буданд. Соли 2010 ин рақам наздики 3000 гектарро ташкил дод. Картошкапарварон ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 350- 400 сентнерӣ картошка ва 58 сентнер гандум мерӯёнанд. Дар 450 гектар замин боғ низ бунёд шудааст.
Мушкили рақами яки сокинони ин диёри файзбор набудани роҳи мумфарш аст. Агар бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва созмонҳои мададрасон роҳ мумфарш мешуд, чанд фоида ба даст меомад. Пеш аз ҳама, маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи ин ҷо бо нархи арзонтар ба шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ роҳ меёфт. Зеро, бинобар набудани роҳи мумфарш ва мушкилии интиқоли бор, арзиши аслии маҳсулот меафзояд. Ин мушкилӣ дар таронаҳои мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ низ зикр шудааст:
Дилварзина бин, дорад шамолу шӯриш,
Мастчоҳба намеравам бари раҳдуриш.
Ҳар лаҳза ба ёди хонаи бобоӣ,
Дуд мекунадо дилам ба сони мӯриш.
Мумфарш шудани роҳ боис ба ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин диёри файзбору зебоманзар ҳам хоҳад шуд. Зеро ҳангоми 40 — 45 дараҷа гарм будани ҳавои пойтахт, дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳавои баҳорӣ ҳукмфармост. Дар он сурат аз шаҳри Душанбе на дар 10 — 11 соат, балки дар 3 — 4 соат ба деҳаҳои дурдасти он метавон расид.
Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди занбӯриасалпарварӣ низ дурнамои хуб дорад. Агар роҳ мумфарш шавад, асалпарварон дар водии Ҳисор асали баҳориро ҷамъ оварда, моҳи июн қуттиҳои занбӯри асалро ба Кӯҳистони Мастчоҳ интиқол медиҳанд. Тайи 3 — 4 моҳ аз ин мавзеъ асали мусаффои кӯҳӣ гирифтан мумкин аст, ки дар хориҷа харидори зиёд дорад.
Инчунин, ду — се корхонаи заршӯӣ, истихроҷи ангишт, маъдантозакунӣ ва ғайра сохта, ҳазорон нафарро метавон бо ҷойи кор таъмин кард.
Мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ меҳнатдӯсту бунёдкор ва созандаанд. Соли 1956 сокинони ин мавзеи бостониро ба дашти Дилварзин муҳоҷир намуданд. Ба шарофати фидокории мардуми меҳнатдӯст ноҳияи Мастчоҳ ба яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ табдил ёфт.
Боварӣ дорам, ки бо мумфарш шудани роҳи ноҳия сатҳи зиндагии сокинони якчанд деҳаи ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ боло рафта, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва теъдоди ташрифи сайёҳон ба маротиб меафзояд. Ман зимни сафари дурӯза мафтуни ин мулки зархезу хушобу ҳаво шудам. Зеро табиати дилкаши он ҳар бинандаро ба худ моил месозад. Ба қавли шоир:
Ман ағбая сар кардам ба пушти бурсо,
Сад сол гузарад дилам кашоли Мастчоҳ.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Душанбе — Кӯҳистони Мастчоҳ – Душанбе