Айб дар ош аст ё дар мош?

№36 (3673) 04.04.2017

DSC_0652Шаробро «модари гуноҳҳо» меноманд. Ривоят меоранд, ки ба нафаре содир намудани яке аз се гуноҳ – сар буридани нафаре, зино намудан ва нӯшидани шароб ногузир буд. Он нафар сеюмиро ба хотири безарар будан интихоб намуд ва билохира дар ҳавои мастӣ дуи боқимондаро содир намуд.

Дар таълимоти динҳо, хоса дини мубини ислом, муносибат ба шароб манфӣ буда, шаробхорагон доимӣ мавриди мазамматанд. Яке аз навгониҳое, ки зимни таҳияи Кодекси нави меҳнат, ки алъон мавриди амал аст, аз ҷониби субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ рӯи кор омад, ба истеъмоли машруботи спиртӣ рабт дорад. Тибқи талаботи моддаи 42-и Кодекс дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор ва рад кардани аз муоинаи тиббӣ гузаш­тан барои муқаррар намудани воқеияти дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доштан метавонад боиси қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ шавад.

Чанде пеш Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ рӯйхати кишварҳои майл ба шаробнӯшидоштаро таҳия намуд, ки дар он Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи пасттаринро доро буда, бино ба иттилои ин ниҳод, шумораи ками шаробнӯшон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Тибқи раддабандии созмони мазкур дар Қирғизистон солона ба ҳисоби миёна як нафар то 3,9 литр, дар Қазоқистон — 8,2, Турк­манистон — 5, Ӯзбекистон — 4,8 ва Тоҷикистон 2,4 литр машрубот истеъмол мекардаанд. Аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ нишондиҳандаи баланди шаробнӯшӣ дар Белоруссия-17,1 литр, Молдова — 17,4, Лаҳистон-16,2 ва Россия 14,5 литр машрубот ба ҳар нафар дар як сол рост меояд.

Чанде қабл аз ҷониби мақомоти зиддахл миқдори зиёди нӯшокиҳои спиртӣ – 17249 дона, ки ба талабот ҷавобгӯ набуданд, аз ду корхонаи вилояти Суғд ва як корхонаи шаҳри Душанбе ошкор ва мусодира гардид. Баъд аз расонаӣ шудани хабари мазкур роҳбарияти корхонаҳо иддао намуданд, ки камбудиҳо на дар сифати маҳсулот, балки дар ҳуҷҷатгузории он мавҷуд будааст.

Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ибодулло Қурбониён дар посухи пурсиши мо оид ба ин масъала иброз дошт, ки нӯшокиҳои спиртии мазкур аз лиҳози сифат (ба ҷои 40 фоизи қувватнокӣ 34 фоиз ва ғайра) ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Нуктаи қобили мулоҳиза ва боиси нигаронӣ дар робита ба ин масъала баробари мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқи аккредитатсиякунонии нӯшокиҳои спиртиро доштани КВД «Хӯрокворӣ» мебошад. Чунин ваколат мақоли «шеъри худам, оҳанги худам ва дар рақс низ худам»-ро ба ёд меорад. Ибодулло Қурбониён низ ин омилро бо дарназардошти манфиат­дор маҳсуб шудани корхонаи фавқ қобили қабул намедонад ва умед дорад, ки аз тариқи ворид намудани тағйи­ру иловаҳои дахлдор аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ваколати мазкур мунсифона мушаххасу пешбинӣ мегардад. Воқеан ҳам, парадокс нест вақте истеҳсолкунанда маҳсулоти худ ва дигаронро баҳогузорӣ мекунад?

Аз ҷониби дигар, имрӯз дар мағозаҳои кишвар маҳсулоти спиртии истеҳсоли хориҷӣ хеле зиёд аст. Нафарони огоҳ ба он назаранд, ки қисмати бештари маҳсулот на дар хориҷи мамлакат, балки дар дохили кишвар бидуни риояи одитарин қоидаҳо истеҳсол мешаванд. Масалан, шишаҳои ин қабил нӯшокиҳоро ҷамъоварӣ ва ба он машруботи пастсифатро мерезанд. Биноан, сохторҳои марбута, хоса Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳуриро мебояд дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ теъдоди воридоти ин қабил нӯшокиҳоро мушаххас намуда, аз ин зовия хулосабарорӣ ва фаъолиятро роҳандозӣ намоянд. Он гоҳ маълум мегардад, ки «айб дар ош аст ё дар мош».

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ