Луқма

Айбҷӯйӣ намекунем, вале…

№94 (4356) 17.07.2021

0-02-05-68181e13c00de9fb5a364a1e0a59beb563c3ad93d0f3b259d523dbe7e8f8d310_a3a3b1b7b54240c4Таваҷҷуҳамонро нигоҳи мӯйсафеди нуронӣ ба худ ҷалб кард. Ӯ ба банерҳои дар замин хобида ва дар дарахтони ороишӣ «такязада» менигарист. Бо ӯ ҳамсуҳбат шудем.

Мӯйсафед як умр дар идораҳои ободонии шаҳр кор кардаву қадри гулу гулгашт ва дарахтони ороиширо медонад, лаб аз шиква кушод:

- Ин иморат пештар Қасри маданияти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ буд. Гирди онро хеле меҳнат карда, сабзу хуррам гардониданд.  Ин муносибати оқилона ба инсону табиат ҳаст. Айбҷӯйӣ намекунем, нуктагирӣ ҳам, вале ҷобаҷогузории овезаҳо то дараҷае ҳусни муассиса – ҷамъияти ҳунармандонро коҳонидааст ва фикр мекунам он «маҳсули заҳмат» — и ягон беҳунар аст. Ҳангоми вазидани шамол онҳо ба рӯйи замин меафтанд. Лозим меояд майсаю сабзаҳои тару тозаро поймол карда, онҳоро ба ҷояшон насб ­кунанд.

Манзури ҳамсуҳбатам саҳни ­Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев аст. Дар давроне, ки фановарӣ унвонаш мекунем, банеру овезаҳоро дар замину дарахт гузоштан ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Наход тарзи дигари гузоштани онҳо набошад, то зинатбахши саҳни даргоҳҳои маърифатӣ гарданд?

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»