ҶАЛАСАҲОИ СОЛОНАИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР

№ 23.10.2024

Аз 21 то 26-уми октябри соли равон дар Вашингтон ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2024 доир мешаванд. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагӣ мекунанд.

Ҳамасола дар кори ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ намояндагони сатҳи баланди бонкҳои марказӣ (миллӣ), вазоратҳои молия, фондҳо, ташкилоти байналмилалии молиявӣ, агентиҳои байналмилалӣ ва роҳбарони бахшҳои хусусӣ масъалаҳои марбут ба дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ, идоракунии дороиҳои давлатӣ дар шароити феълӣ, сармоягузориҳои устувор, ҳамгироии иқлим ва табиат, нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо, мушкилоти амалиётӣ ва шаклҳои гуногуни кумаки самаранокро муҳокима менамоянд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»