Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои СААД баргузор гардид

№ 20.11.2020

 20 ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи 22-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) аз тариқи видеоконфронс баргузор гардид.

Ҷаласаро бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода ҳусни оғоз бахшид. Дар ибтидо натиҷаҳои фаъолияти Шӯро дар 15 соли сипаришуда мавриди таҳлил қарор гирифта, сипас роҳбарони мақомоти зидди маводи мухаддири давлатҳои аъзои СААД оид ба ҳолат ва вазъи ҳозираи муомилоти маводи мухаддир дар кишварҳояшон маълумот доданд.

Зикр гардид, ки новобаста ба вазъи баамаломадаи эпидемиологӣ дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ, дар фаъолияти давлатҳои аъзо натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд.

Дар рафти ҷаласа, ҳамчунин, масъалаҳои татбиқи Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2015-2020, муҳлат, макон ва марҳилаҳои фаъоли баргузории амалиёти зидди маводи мухаддир дар соли 2021, гузаронидани машқҳои махсуси таълимии сохторҳои таъиноти махсуси вазоратҳои корҳои дохилӣ ва мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СААД, дигар масъалаҳои муҳим дар доираи ваколатҳои Шӯро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта,  қарорҳои дахлдор қабул шуд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»