Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», якшанбеи охири моҳи август Рӯзи кормандони соҳаи ангишт аст. Соли равон он ба 30 август рост омад. Дар робита ба ин хабарнигорамон бо сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Саидҷон Саидраҳмонзода ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Солҳои охир дар мамлакат истихроҷи ангишт зиёд шуд. Ба назари шумо кадом омилҳо ба он мусоидат карданд?
- Соҳаи саноати ангишт дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва саноати кӯҳкории ҷумҳурӣ афзалиятнок ба шумор меравад. Бо омӯзиши ҳамаҷонибаи конҳо, зиёд кардани истихроҷи ангишт ва таъмини сармоягузории кофӣ соҳа метавонад ояндаи наздик дар самти соҳиб шудан ба мустақилияти энергетикии мамлакат мақоми ҳалкунанда дошта бошад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Дар ин самт низ соҳаи саноати ангишт метавонад бо истифодаи самаранок аз захираҳои фаровон дар ҷумҳурӣ нақши сазовор гузорад. Бинобар ин, роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ва аз ин ҷост, ки соҳа мунтазам рушд меёбад.
Мувофиқи маълумоти геологӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 36 кон ва зуҳуроти ангишт ошкор шудааст, ки захираҳои умумии онҳо беш аз 4,3 миллиард тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 331,4 миллион тоннааш захираҳои тасдиқшудаи саноатӣ ва барои истихроҷу коркард омода мебошанд.
- Ҳоло чанд корхона ба истихроҷи ангишт машғул мебошанд?
- Мехоҳам ёдовар шавам, ки дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар мамлакат ҳар сол ба миқдори 600-700 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешуд, вале талаботи солонаи он дар бозори дохилӣ 1,5 миллион тоннаро ташкил медод. Корхонаи калонтарини соҳа ҶСК «Ангишт», қаблан шахтаи №8 дар шаҳраки Шӯроб, ки бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна аз соли 1939 ба фаъолият оғоз кардааст, соли 1979 зиёда аз 950 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудааст. Дар он давра шумораи коргарон 3500 нафар, дарозии нақбҳо ва иншооти фаъолияткунандаи зеризаминӣ дар корхона 32 километрро ташкил медод. КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» бошад, соли 1983 бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт дар қитъаи «Карерний» — кони ангишти «Фон-Яғноб» бо иқтидори солонаи 300 ҳазор тонна ба фаъолият оғоз намудааст.
Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ соҳаи истихроҷи ангишт низ дар қатори дигар соҳаҳо таназзул ёфт. Фаъолияти конҳои асосии кишвар-«Шӯроб» ва «Фон-Яғноб» бо сабаби нарасидани маблағ ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ суст гардид ва истихроҷи солонаи ангишт соли 1997 то ба 14 ҳазор тонна коҳиш ёфт.
Бо фароҳам омадани шароити мусоид дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди соҳа, таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо ангишт кори зиёд ба сомон расид. Таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ пастравии истеҳсолот дар соҳа боздошта шуд ва аз соли 2007 то соли 2014 дар ҷумҳурӣ 18 корхона, аз ҷумла, 6 корхонаи давлатӣ ва 12 ғайридавлатӣ, 3 адад бо тарзи зеризаминӣ ва 15 адад бо тарзи кушода дар 11 кон ба истихроҷи ангишт оғоз намуданд.
Умуман, дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 12 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст. Туфайли амалигардонии иқдомҳои пешгирифта, истихроҷи ангишт аз 309 ҳазор тоннаи соли 1991 соли 2019 ба 2 миллиону 28 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар таърихи саноати ангишти мамлакат мебошад.
Соли ҷорӣ, то 20 август истихроҷи ангишт 1 миллиону 113 ҳазор тоннаро ташкил дод. Яъне, ҳар шабонарӯз аз 8 то 10 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мегардад, ки дар ин кор саҳми корхонаҳои дар конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» фаъолияткунанда назаррас мебошад.
Ҳиссаи истихроҷи ангишт дар корхонаҳои бахши давлатӣ нимсолаи аввали соли ҷорӣ 59,6 фоиз ва бахши ғайридавлатӣ 40,4 фоиз, бо тарзи кушод 93,0 фоиз ва зеризаминӣ 7,0 фоизро ташкил дод. Дар ин давра харидории ангишт, бо дарназардошти бақияи соли сипаригардида, ба як миллиону 105 ҳазор тонна расидааст. Ангишт, асосан барои истеҳсоли барқ ва бо гармӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе ба Маркази барқу гармидиҳӣ интиқол дода мешавад.
Соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 таҳти №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва таъмини Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» интиқоли 1300000 тонна ангишт пешбинӣ гардидааст. То 20 августи соли ҷорӣ мувофиқи нақша зиёда аз 650000 тонна ангишт интиқол дода шудааст.
Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ дар ҳафт моҳи соли равон ба 4,0 миллион м3, нақбканӣ ва омодасозӣ ба 4105 м/ тӯлонӣ ва таъмиру барқароркунӣ ба 2300 м/ тӯлонӣ расонда шудааст.
- Зимни таҳияи дурнамои соҳа бештар ба кадом масъалаҳо аҳамият дода мешавад?
- Таъмини талаботи рӯзафзуни соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриро корхонаҳои истихроҷи ангишт вазифаи аввалиндараҷа мешуморанд. Бинобар ин, тарҳрезии дурнамо ба талаботи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба ангишт ҳамчун сӯзишворӣ ва ҳамчун ашёи хоми технологӣ вобаста мебошад. Захираи кашфгардидаи саноатии конҳо имконияти таъмини талаботи истифодабарандагони ҷумҳуриро фароҳам меоваранд. Дар баробари ин, гузаронидани корҳои геологӣ-иктишофӣ, захирасанҷӣ дар конҳо ва зуҳуроти ангишти вилоятҳои Хатлон ва ВМБК бо мақсади минбаъд роҳандозӣ намудани онҳо, таъсиси корхонаҳои нав, ҷойҳои корӣ ва таъмини ин минтақаҳо бо ангишти нисбатан арзон муҳим арзёбӣ мегардад. Дар соҳаи саноати ангишт заминаи боэътимоди рушд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» 4 апрели соли 2012 қабул гардид, ки асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилиро дар соҳаи ангишт муқаррар намуда, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро танзим менамояд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №436 аз 30 августи соли 2019 «Консепсияи рушди соҳаи ангишт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки мақсади асосии он пешбинии дурнамои рушди босуботи саноати ангишти ҷумҳурӣ бо дар назар доштани хусусиятҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад. Бо андешидани тадбирҳои муҳим ҷиҳати азхудкунии захираҳои фаровони ангишти ҷумҳурӣ, истифода аз технологияҳои муосир ва ҷалби сармоя дар оянда таъмини занҷираҳои истеҳсолии бо ҳам алоқаманди зерин дар назар аст:
- ангишт – электроэнергетика – масолеҳи сохтмонӣ;
- коксонидани ангишт – маҳсулот барои саноати химия;
- ангишт – гази синтетикӣ – истеҳсоли нуриҳои минералӣ.
Бо мақсади марҳила ба марҳила амалӣ намудани ин раванд аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди саноати ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» таҳия ва дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, ки дурнамои фаъолияти корхонаҳои соҳаро муайян менамояд. Бинобар ин, ангиштканони кишвар тасмим гирифтанд, ки бо мақсади амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии мамлакат нақшаҳои тасдиқгардидаро барзиёд иҷро намуда, истихроҷи ангиштро соли равон то ба 2,2 млн. тонна расонанд.
Пайваста афзоиш ёфтани эҳтиёҷоти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ба ангишт, ҳамчун манбаи асосии тавлиди энергия, зарурати ба роҳ мондани раванди истеҳсоли он бо риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳо ва тартиботи соҳавии технологияи истихроҷу коркард бо истифода аз техникаю технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони соҳавӣ тақозо менамояд.
Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳа заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт аз тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо, инчунин, коркарду бойгардонии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ мебошад. Дар марҳилаи амалишавии ҳадафҳои гузошташуда ба масъалаи коркарди зеризаминии конҳо диққати махсус дода хоҳад шуд. Аз ин хотир, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ зарур дониста мешавад.
- Дар баробари сол то сол зиёд шудани истеҳсоли ангишт, нархи он низ афзоиш меёбад. Оё имкон нест, ки ба сокинони кишвар онро бо нархи нисбатан арзон пешкаш намоед?
- Бояд қайд кард, ки корхонаҳои соҳа вобаста ба ҳаҷми хароҷоти истеҳсолӣ нархномаи арзиши аслии 1 тонна ангиштро дар доираи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 1999 таҳти №210 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тарҳрезӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи навъҳо ба фурӯш мондаанд. Масалан, дар КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» истихроҷи ангишт бо ду тарзи коркард — рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ҳар кадоми он вобаста аз сифати ангишт нархнома муайян ва дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Бинобар ин, корхона ҳуқуқи аз нархномаи тасдиқшуда поён ба фурӯш баровардани ангиштро надорад. Бар илова, хароҷоти истеҳсолӣ вобаста ба ҳаҷми корҳо рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст, ки ба паст шудани нархномаи фурӯши ангишт монеа эҷод мекунад.
Дар баробари ин, воридоти техника ва таҷҳизоти нави замонавии гаронарзиш, баланд гардидани арзиши сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ, инчунин дигар хароҷоти барои истеҳсолот зарурӣ низ ба арзиши аслӣ таъсир мерасонанд. Айни замон дар корхонаҳои истихроҷи ангишт (КФ Шахтаи «Фон-Яғноб», ҶДММ «Талко Ресурс», ҶСП «КМТ» КФ КА «Зиддӣ» (дар мавзеи конҳо) арзиши 1 тонна ангишт барои истифодабарандагон вобаста аз навъи он аз 250 то 330 сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар корхонаҳое, ки ангиштро бо тарзи зеризаминӣ ва ё дар шароити вазнин истихроҷ менамоянд (ҶСК «Ангишт» ва ҶСК «Ангишти Камароб»), арзиши як тоннаи он вобаста ба навъ ва сифати он аз 300 то 615 сомонӣ мебошад.
Вале, дар маҷмӯъ, ин масъалаи ҳалталаб аст ва андешидани тадбирҳои заруриро тақозо мекунад. Бояд гуфт, ки талаботи рӯзафзуни аҳолиро ба ин навъи сӯзишворӣ ба назар гирифта, як давра корхонаҳои ангишт дар бисёр маҳалҳо нуқтаҳои фурӯшро ташкил карданд. Аммо ин чораҷӯйӣ барои корхонаҳо, ки бевосита бояд афзоиши истихроҷи ангиштро таъмин намоянду раванди истеҳсолотро тақвият бахшанд, чандон манфиатовар набуд. Бинобар ин, айни ҳол интиқолу дастрас намудани ангиштро ба аҳолӣ соҳибкорону тоҷирон анҷом медиҳанд. Ба ифодаи дигар, сабаби афзоиши қимати ангишт мушкилоти интиқол, сарфи сӯзишворӣ ва дигар хароҷот низ мебошад.
Дар самти дарёфти роҳи таъмини аҳолӣ ба ангишт бо нархҳои дастрас «Тоҷикматлубот» метавонад иқдом намояд.
- Барои кам кардани таъсири ангишт ба муҳити зист чӣ тадбирҳо андешида мешавад?
- Албатта, истихроҷи ангишт дар конҳо кори хеле ҳам мушкил ва заҳматталаб мебошад ва раванди истеҳсолӣ ба муҳити зист бетаъсир нест. Бояд қайд кард, ки дар лоиҳаҳои коркарди конҳо ва нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ чорабиниҳо оид ба кам кардани таъсири истихроҷи ангишт ба муҳити зист ҷой дода шудаанд ва иҷрои онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор таҳти назорат мебошад. Ҳамчунин, барои ҳифзи муҳити зист тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда мешаванд.
- Кормандони соҳа аз кадом имтиёзҳо бархӯрдоранд ва шароити кору фаъолияти онҳо чӣ гуна аст?
- Онҳо, ки ба корҳои вазнин, хатарнок ва зараровар машғуланд, аз имтиёзҳои пешбинигардида дар қонунгузории амалкунандаи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор мебошанд. Дар баробари ин, фаъолияти кормандон тибқи боби 4, моддаҳои 15-21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт», ба танзим дароварда мешавад. Вобаста ба хусусияти гузаронидани корҳо, бо дарназардошти ҷойгиршавии конҳо, мавқеи ҷуғрофӣ, тарзи коркард, таъмини шароити хуби фаъолияти кормандон, бехатарии меҳнат ва ҳифзи саломатӣ дар корхонаҳо мавқеи асосиро ишғол менамояд. Чорабиниҳо оид ба ин масъалаҳо дар Нақшаи рушди корҳои кӯҳии корхонаҳо мавҷуданд. Таъмини иҷрои онҳо аз тарафи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мешавад.
- Зуҳуру паҳншавии бемории коронавирус ба соҳа чӣ таъсир гузошт ва барои эмин доштани кормандон аз он чӣ тадбир андешидед?
- Дар корхонаҳои соҳа ситоди корӣ оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус СОVID-19 фаъолият менамояд ва ҳама гуна амалиёт, қоидаҳои гигиенӣ риоя мегарданд. Хулоса, ин масъала таҳти назорати қатъии роҳбарият қарор дорад.
Корҳои дезинфексионию профилактикӣ ва безараргардонӣ дар бинои КВД «Ангишти Тоҷик» ва корхонаҳои зертобеи он сари вақт гузаронида шуда истодаанд. Кормандон мунтазам бо маҳлули антисептикӣ ва сачоқҳои қоғазини истифодаи яккарата таъмин карда мешаванд.
Тибқи маълумот, бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус муддате кормандони дастгоҳи марказии корхонаҳои зертобеи КФ «Шахтаи Фон-Яғноб», ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» ва ҶДММ «Талко-Ресурс» таҳти карантин қарор доштанд.
Айни ҳол дар байни кормандони дастгоҳи марказии КВД «Ангишти Тоҷик» ва корхонаҳои зертобеи он нишонаҳои бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Кормандоне, ки синнашон аз 60 боло мебошанд, бо супориши роҳбарият ба рухсатии меҳнатӣ равон карда шуданд.
Дар робита ба иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 апрели соли 2020 таҳти №14324 (25-2) «Оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии корнавируси СОVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ», корхонаҳои соҳаи ангишт то ба ҳол ба суратҳисоби Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Суғд, дар маҷмӯъ, 172,0 ҳазор сомонӣ гузарониданд. Ҳамчунин, аз ҷониби КФ «Шахтаи Фон-Яғноб» 2 адад таҷҳизоти нафаскашӣ ба маблағи 28,0 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ ройгон пешкаш карда шуд.
Инчунин, бояд гуфт, ки новобаста аз вазъияти баамаломада, мушкилоти молиявӣ ва истеҳсолӣ корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт мунтазам фаъолият карда, барои пешрафти кору баланд бардоштани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ тадбир андешида истодаанд. Аз ҷумла, бо мақсади роҳандозии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт, аз ҷониби КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб», ҶДММ «Дион ангишти Тоҷикистон» ва Департаменти истихроҷи ангишти ҶСП «Комбинати металлургии Тоҷик» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 12,0 млн. сомонӣ 13 техникаву таҷҳизоти нави кӯҳкорӣ харидорӣ гардид. Кормандони соҳа бо меҳнати софдилона имсол низ иди касбиро бо баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар истеҳсолот ва ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол мегиранд.
Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»