Чанде пеш дар доираи баргузории Намоишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон «ЭКСПО Эрон-2015» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид, ки дар он Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Имомзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ ва намояндагони тиҷоратии ду давлат иштирок доштанд. Неъматулло Имомзода зимни суханрониаш зикр кард, ки тоҷикону эрониён дорои забону фарҳанг ва дину оини муштарак буда, имкони ҳамкорӣ миёни ду давлат фарох аст. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвари дӯсту бародар пайваста барои рушду тақвият бахшидани тамоми соҳаҳо, аз ҷумла робитаҳои иқтисодӣ кӯшиш мекунанд. Ҳуҷҷатулло Фағонӣ низ дар навбати худ гуфт, бояд ҳамкориҳои иқтисодиро ҳар чӣ бештар густариш дод. Мавсуф инчунин зикр кард, ки ҳамоиши имрӯза имкони хубест барои матраҳ кардани масоил ва мушкилоти тоҷирон, зеро намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳо ин ҷо ҳузур дошта, ҳама гуна нофаҳмиву мушкилотро шарҳ медиҳанд.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддин Ризоев гуфт, ки мардум Намоишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон «ЭКСПО Эрон-2015»-ро тамошо карда, бо молҳои хушсифати истеҳсоли ин кишвари ба мо дӯст аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Номбурда иброз дошт, ки ин сеюмин намоишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон давоми соли 2015 дар Тоҷикистон мебошад. Мавсуф ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон бештар аз 150 ширкати эронӣ дар кишвари мо фаъолият доранд. Асомиддин Ризоев аз соҳибкорону тоҷирони Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намуд, ки аз имкониятҳои чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон истифода баранд.
Соҳибкорони эронӣ арз карданд, ки ҳангоми воридоти мол боҷи гумрукӣ нисбатан баландтар аст, аз ин рӯ хеле хуб мешавад, ки дар ин масъала сабукиҳо пешбинӣ гардад, зеро баланд будани боҷи гумрукӣ арзиши молро зиёд менамояд. Намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки мутаассифона баъзеҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ қимати бори воридкардаашонро хеле ночиз нишон медиҳанд, аз ин рӯ нофаҳмиҳо пайдо шуданаш мумкин аст. Зикр шуд, ки дар ҳолати муроҷиат кардани молворидкунандагон кӯшиш карда мешавад, ки дар доираи қонуну қоидаҳои амалкунанда кумак расонида шавад, зеро ҳама гуна мушкилот рафъшаванда аст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»