Гузашти айём ва таҷрибаи бисёрсола нишон дод, ки ҳамгироии минтақавӣ ба нафъи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст. Ин нуктаро иштирокчиёни нишасте, ки 30 декабри соли 2016 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Хусусиятҳои ҳамгироии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ: масъала ва дурнамо» доир гардид, таъкид намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар бораи сиёсати хориҷии муваффақонаи Федератсияи Россия дар соли 2016 сухан ронда, таъкид намуд, ки робитаҳои он бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ хуб аст.
- Ҳарчанд Созмони иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) ҷавон бошад ҳам, соли 2016 мавқеи он дар миқёси байналмилалӣ қавӣ гашт. Мо ҷонибдори тавсеаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошем. Бисёр кишварҳо хоҳони узвият ба ин созмонҳо гаштаанд, — гуфт сафир.
Игор Лякин-Фролов, ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳоло ду кишвари Осиёи Марказӣ узви ЕАЭС, чор кишвар узви СҲШ ва се кишвари Осиёи Марказӣ узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) мебошанд.
Намояндагони сафоратҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин чорабиниҳоро саривақтӣ шумурда, таъкид намуданд, ки тавсеаи ҳамкориҳо ба нафъи халқҳои минтақа мебошад. Масалан, дар ноҳияи Қадамҷойи Ҷумҳурии Қирғизистон корхонаи сементбарорие мавҷуд аст, ки тавассути қатора аз 2000 километр барои он ашёи хом меоранд. Ҳол он ки ашёи хом дар масофаи қариб 400 километр дар мавзеи Анзоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст.
Ба гуфтаи муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муъминова ҳарчанд ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иқтидори бузурги рушди ҳамкориҳои иқтисодиро доро бошанд ҳам, гардиши мол миёни ин кишварҳо чандон зиёд нест. Минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳамсоягии кишварҳои бузурги ҷаҳон, аз қабили Федератсияи Россия, Хитой, Ҳиндустону Покистон ва Эрон ҷой гирифтааст. Барои додугирифт бо ин кишварҳо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро лозим аст, ки аз «долонҳои иқтисодӣ» истифода баранд.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки барои расидан ба роҳҳои баҳрӣ нақши Афғонистон ҳамчун кишвари транзитӣ муҳим аст.
Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдулло Роҳнамо иброз дошт, ки Федератсияи Россия барои ривоҷу равнақи забони русӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ накарда истодааст. Аз ин рӯ, чанд соли охир насле ба воя расидааст, ки забони русиро хуб намедонад. Агар аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия чораҷӯйӣ нашавад, баъди 15-20 сол забони русӣ мавқеи худро ҳамчун забони гуфтугӯйи байни миллатҳо аз даст медиҳад ва ҷойи онро забони дигари байналмилалӣ хоҳад гирифт.
Профессори кафедраи таърих ва назарияи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Гузал Майтдинова андешаҳояшро дар мавзӯи «Таъсири омилҳои геополитикӣ ба раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ» баён кард. Муовини директори Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор А. Мирсаидов дар мавзӯи «Эҳёи бозори ягона ҳамчун омили асосии ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ», сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии МТС Н. Сангинов дар мавзӯи «Таҳдидҳои муштараки амниятӣ ҳамчун омили ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ» ва сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии МТС дар мавзӯи «Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ: хусусиятҳо ва дастовардҳо» маърӯза намуданд.
Дар интиҳо муаррифии китоби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар бо номи «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории минтақавӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ» баргузор гардид.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум»