Шарҳи қонун

Ғамхориву эътимод ба ҷавонон яке аз фазилатҳои Пешвои миллат аст

№22 (4422) 17.02.2022

Мусоҳиба бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода

Абдулло Раҳмонзода- Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд доранд ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунанд. Бо дарназардошти ин, коршиносон ба он назаранд, ки ғамхориву таваҷҷуҳе, ки ба ин қишри ҷомеа зоҳир мегардад, бесобиқа аст…

- Комилан ҳамфикрам. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо ибтикори зиёдеро амалӣ намуда, ин раванд бардавом аст.

 Дар ин давра ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шуда, татбиқи як қатор барномаҳои дигар идома дорад. Ин санадҳо риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба боло рафтани мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо мусоидат мекунанд.

Илова бар ин, ба таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда, имконият фароҳам аст, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд.

Хислати наҷиби дигари Пешвои миллат он аст, ки барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим шумориданд.

Барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибистеъдод стипендияҳои президентӣ ва номӣ, Квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии президентӣ «Дурахшандагон», грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин муқаррар карда шуда, сол аз сол ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст.

Аз он ифтихормандем, ки дар Паёми Пешвои миллат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, зикр шуд: «Ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем».

Дар маҷмӯъ, ғамхориву эътимод ба ҷавонон яке аз фазилатҳои бузурги Пешвои миллат маҳсуб шуда, ба ин боварӣ сазовор будан қарзи виҷдон ва рисолати инсонии ҳар як ҷавон аст.

- Чанде пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт. Барои ин чӣ зарурат буд?

- Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар тадбири зиёде амалӣ гардид. Дар ин муддат, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти онҳо, инчунин, амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки татбиқи онҳо боиси хеле боло рафтани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа гардид.

Лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии мавриди назар ҷиҳати иҷрои банди 82 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2020, № АП — 1325 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, таҳия шуда, ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат пешниҳод гардид.

Қабули он тақозои замон ва идомаи тадбирандешиҳои қаблӣ ба ҳисоб рафта, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи босамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд.

Он бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадами дигар давлатҳо, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пайдо гардидани муносибатҳои нав дар самти сиёсати давлатии ҷавонон омода гардида, барои танзими пурраи муносибатҳо дар ин самт ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷавонон мусоидат менамояд.

Ба он як қатор меъёрҳои нав ворид гардида, қисме аз меъёрҳои қонуни амалкунанда пурра дар таҳрири нав такмил дода шуда, ба қисме аз меъёрҳои он тағйиру иловаҳои куллӣ ворид гардид, ки навгонӣ ва хусусиятҳои фарқкунандаи ин санади меъёрии ҳуқуқӣ маҳсуб мешаванд.

- Саволи дигар, чӣ ҳуқуқ доштани ҷавонон дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад…

- Онҳо ҳуқуқ доранд, ки тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумакҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ гиранд, кумак ва хизматрасониҳоро қабул намоянд ё рад кунанд, захираҳои моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, иттилоотӣ ва табииро дастрас ва истифода намоянд. Ҳамчунин, ба ҳуқуқи ҷавонон дар робита ба таҳсилоти сифатнок ва рушди ихтироъкорӣ, иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.

- Бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ моҳияти хоса касб кардааст. Доир ба ин масъала қонун муқаррарот дорад?

- Бале. Илова бар ҷанбаи зикркардаи шумо, таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон, ташаккули мафкураи миллӣ бо мақсади шинохт ва ҳимояи бештари манфиатҳои миллӣ, муборизаи оштинопазир бар зидди терроризму экстремизм, бегонапарастию майл намудан ба фарҳанги бегона, анҷом додани корҳои хайр, ҷалб намудани ҷавонон ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар ва ғайра мадди назар хоҳанд буд. Масъалаҳои зикршуда дар моддаи 3 қонуни мазкур пешбинӣ шуда, вазифаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошанд.

- Чун дар бораи вазифаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон гуфтед, табиист, ки принсипҳои асосии он сарфи назар нашудаанд…

- Ин масъаларо моддаи 4 танзим менамояд. Дар он қонунгузор муқаррар кардааст, ки қонуният, ошкорбаёниву шаффофият, ҳуқуқи баробари ҷавонон ба дастгирии давлатӣ, дастгирии ташаб­бусҳои ҷавонон ва иттиҳодияи онҳо аз принсипҳои асосии ин раванд мебошанд.

- Аксар маврид маҳз муайян нашудани самтҳои афзалиятнок боиси зери суол рафтани иқдоми пешгирифта мегардад. Дар қонун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мушаххас гардидааст?

- Бале. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ташаккули мафкураи миллӣ, муборизаи оштинопазир бо терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва намудҳои дигари ҷинояткорӣ, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ), аз ҳамин ҷумлаанд.

Дар ин раванд иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо, таъмини онҳо бо ҷойи кори муносиб ва таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон низ мадди назар хоҳад буд.

Пеш аз ҳама, давлат ҳуқуқи ҷавононро ба моликият, фаъолияти соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари иқтисодӣ кафолат медиҳад. Сониян, ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолияти соҳибкории ҷавононро тавассути таъминоти моддию техникӣ, грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок дар доираи амалисозии барномаҳои мақсадноки рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ дастгирӣ менамоянд.

 Таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва лоиҳаҳои озмоишӣ (моделӣ) барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти иқтисодии ҷавонон, баргузории чорабиниҳои дахлдор ҷиҳати рушди фарҳанги иқтисодии ҷавонон, дастгирии лоиҳаҳои тиҷоратии ҳунармандони ҷавон оид ба коркард ва истеҳсоли молу маҳсулоти дастӣ дар доираи фондҳои дастгирии соҳибкорӣ ва барномаҳои мақсадноки рушди давлатӣ идомаи мантиқии ин раванд аст.

- Фурӯпошии оилаҳои ҷавон боиси нигаронист. Яке аз роҳҳои пешгирии ин раванд дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон маҳсуб мешавад. Қонун дар ин маврид низ муқаррарот дорад?

- Албатта, моддаи 25-уми қонун пурра ба ин масъала бахшида шуда, бо мақсади дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон як силсила тадбирҳо андешида мешавад.

Расонидани кумакҳои моддӣ, таълимӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ, равоншиносию омӯзишӣ ба оилаҳои ҷавон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маишӣ,беҳтар намудани шароити манзилии оилаҳои ҷавони камбизоат аз ҳисоби фонди манзили истифодаи иҷтимоӣ, таъмини хизматрасонии ройгони иттилоотӣ ва машваратӣ омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ғайра ҷузъҳои ин раванд мебошанд.

- Таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон низ аз масъалаҳои таваҷҷуҳбарангез аст. Дар ин маврид чӣ талабот ҳаст?

- Моддаи 10 — уми қонун муқаррар кардааст, ки иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон фаъолиятро тибқи оиннома ба роҳ мемонад.

 Мадди назар бояд дошт, ки фаъолияти он ҳамчун шарики иҷтимоӣ дар амалисозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон бо роҳи амалисозии фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, ташкили чорабиниҳои мақсадноки рушди ҷавонон дастгирӣ мегардад. Муҳимтар аз ҳама, барои дастгирии фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон грантҳои давлатӣ таъсис дода мешаванд.

- Моддаи 27-уми қонун Фонди дастгирии ҷавонони Тоҷикистон ном дорад. Он чӣ гуна фонд аст ва бо кадом ҳадаф таъсис дода мешавад?

- Фонди зикршуда бо мақсади дастгирии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, моддию маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Маблағгузорӣ барои амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи маблағҳои барои субъектҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад.

Илова бар ин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд барои рушди соҳаи кор бо ҷавонон иншооти соҳаи кор бо ҷавононро таъсис дода, онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз намоянд, аз тариқи эҳсонкорӣ молу мулк ва маблағ хайр намоянд.

 - Иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ташкили инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон пешбинӣ шудааст?

- Тибқи талаботи моддаи 30-юми қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ташкили инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон иштирок намоянд.

Дар маҷмӯъ, қонуни мазкур бо дарназардошти талаботи ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷавонон қабулу ҷонибдорӣ шуда, мутмаинем, ки ба рушди сиёсати давлатии ҷавонон ва мувофиқ ба манфиату ҳадафҳои давлатдорӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»