Чанде пеш бо ибтикори дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт форуми муҳокимавӣ дар мавзӯи «Худидоракунии маҳаллӣ ва иштироки шаҳрвандон» баргузор гардид, ки дар он муовинони якуми раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Нуробод ва Сангвор, ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Салимзода ва Д. Сабурзода ҳузур доштанд.
Форумро роҳбари дафтари САҲА дар минтақаи Рашт Юлия Ренгелова Мюллер ифтитоҳ бахшид. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Салимзода оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, саҳми САҲА дар барқарории сулҳу суботи Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ сухан ронд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Сабурзода оид ба як қатор қонунҳое, ки ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, ибрози андеша намуд. Аз ҷумла оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар таҳрири нав маълумоти муфассал дод. Вай, ҳамчунин, ба самъи ҳозирин расонид, ки ҳангоми таҳияи қонунҳо дархосту пешниҳодҳои аҳолӣ ва мутахассисони соҳаҳо ба назар гирифта мешавад.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод Қурбон Холов оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва муовини раиси Кумитаи ноҳиявии Ҳизби аграрии Тоҷикистон Абдувалӣ Назаров дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» маълумоти муфассал доданд.
Маърӯзаи корманди масъули дафтари САҲА М. Ҳаётов ва намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Сарбозшоҳ Абдуллоев оид ба маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ бахшида шуд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»