Моҳи июли соли равон дар таърихи мушоҳидаҳои метеорологии Аврупо баландтарин дараҷаи гармӣ сабт гардид. Дар Португалия ҳарорат қариб як моҳ аз 40 дараҷа боло буд. Дар Испания ҳароратсанҷ гармии 45,7 дарсадро нишон дод. Аз сабаби гармии аз меъёр зиёд дар Португалия 659 нафар ва дар Испания 360 кас ҷон бохтанд. Гармии аз ҳад зиёд дар наздикии шаҳри Малагаи қисмати ҷанубии Испания боиси сӯхтор гардида, 2000 гектар ҷангалро ба коми худ кашид. Қариб 3000 нафар аҳолии гирду атроф ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Дар маҷмӯъ, аз атрофи шоҳроҳи Мадрид — Лиссабон 14000 гектар ҷангал ба коми оташ рафт. Ин рақам дар Португалия 15000 гектарро ташкил дод.
Тибқи иттилои маҷаллаи «Nature Geoscience», нимҷазираи Пиренейро хушксолӣ фаро гирифт, ки тайи 1200 сол мислашро касе надида буд. Гармиҳои аз 40 дараҷа баланд дар Фаронса боиси сӯхтори ҷангал дар мавзеи Жиронда гардид, ки дар натиҷаи он 16000 нафар манзилҳояшонро тарк намуданд. Дар мубориза бо сӯхтор 1200 корманди соҳаи сӯхторхомӯшкунӣ ва 5 тайёраи обпош сафарбар гардиданд.
Дар Италия шоликорон аз сабаби хушксолӣ ва камобӣ киштзорро баъд аз ҳар 18 рӯз обёрӣ карда истодаанд. Қаблан дар ҳар 7 — 10 рӯз шолизорро об медоданд. Баъзе шоликорон нисфи ҳосилро аз даст доданд. Аз сабаби он ки Италия аз нисф зиёди Аврупоро бо биринҷ таъмин мекунад, соли равон эҳтимол нархи маҳсулоти зикр-шуда дар ин қитъа ба маротиб гарон шавад. Зарари аз хушксолию гармӣ ба Италия расида 3 миллиард евроро ташкил медиҳад. Ин дар 70 соли охир нишондиҳандаи рекордист.
Олимон афзоиши офатҳои табииро ба тағйирёбии иқлим нисбат медиҳанд. Иқлимшинос Массимилиано Паски хулосаи таҳқиқоташро дар рӯзномаи «Ню Йорк Таймс» чунин баён намудааст: «Даҳсолаи охир зимистон дар минтақаи атрофи Алп торафт хушк (бебарф) ва баҳор камбориш омада, ҳарорат баланд шуда истодааст».
Дар Германия сатҳи дарёи Рейн тайи 15 соли охир ба таври рекордӣ поён рафт, ки ин ба фаъолияти неру-гоҳҳои барқи обӣ таъсири манфӣ расонида, боиси мушкилот дар обёрии зироат гардид. Инчунин, камшавии оби дарё кашонидани ангиштсанг, нефт ва нуриро ба Германия мушкил гардонид, зеро ба ин кишвар аз бан-дарҳои Амстердам, Роттердам ва Антверпен тавассути дарёи Рейн борҳои зарурӣ кашонида мешаванд. Обуҳавошиносони ин кишвар дар оянда аз ин ҳам бештар баландшавии ҳарорат ва камшавии боришотро пешгӯӣ мекунанд, ки боиси болоравии нархи маҳсулот ва неруи барқ мегардад.
Тағйирёбии иқлим ба ҳамсояи бузурги мо — Ҷумҳурии Халқии Хитой низ таъсири манфӣ расонид. Дар зиёда аз 80 шаҳри он мақомот сокинонро аз гармии 40 дараҷа огоҳ намуда, риояи чораҳои эҳтиётиро тавсия доданд. Масалан, дар Шанхай аз сокинон хоҳиш намуданд, ки дар айёми баландии ҳарорат иншооти кондитсионердо-рро бе зарурат тарк накунанд. Дар шаҳри Нанкин шаҳрдорӣ барои сокинон дари паноҳгоҳи зеризаминиро ку-шод, ки дорои толорҳои корӣ, кондитсионер ва интернети бесим буд.
Моҳи июн 500 ҳазор сокини Хитой аз боришоти сел осеб диданд. Дар зиёда аз 100 дарёи мамлакат сатҳи об боло рафта, 177 ҳазор нафар манзилашонро тарк намуданд.
Гармии ҳаво дар ИМА боиси сарзании 84 сӯхтори бузург гардид, ки дар натиҷа, дарахту буттаҳои 1,2 милли-он гектар замин ба коми оташ рафт. Аз гармии зиёд ба иёлатҳои Техас, Аризона, Юта ва Аляска бештар осеб расид.
Дар Россия низ бинобар сол то сол аз меъёр баланд шудани гармии ҳаво боиси сӯхтори ҷангал мешавад. Соли 2018 дар ин кишвари паҳновар 15,4 миллион гектар ва солҳои 2019 — 2020 16,5 миллион гектар ҷангал аз сӯхтор осеб дид. Баҳори соли равон ин рақам 6,4 миллион гектарро ташкил дод. Ба гуфти сардори шуъбаи зид-ди сӯхтори Гринписи Федератсияи Россия Григорий Куксин, нисфи масоҳати ҷангали ин кишвар муҳофизат намешаванд ва аз воситаҳои зидди сӯхтор танқисӣ мекашанд. Моҳи июн дар аксар минтақаҳои Россия тағйирёбии ногаҳонии ҳаво зиёд ба мушоҳида расид. Масалан, пас аз гармои тоқатфарсои якҳафтаина якбора ҳаво аз меъёри муқаррарӣ салқин мешуд. Баъд аз беборишии дарозмуддат ногаҳон борони сел меборид. Чунончи, миёнаҳои моҳи июн дар кишвари Краснодар танҳо дар як шабонарӯз 109 милиметр ва дар шаҳри Со-чи дар як соат 55 милиметр борон борид.
ТАЪСИРИ ГАРМӢ БА ИҚТИСОДИЁТ ВА ТАНДУРУСТӢ
Тағйирёбии иқлим на танҳо бевосита, балки ғайримустақим низ ба ҳаёти одамон таҳдид мекунад. Дар ин ху-сус нашрияи олмонии «Die Welt» чунин навиштааст: «Тағйирёбии иқлим на танҳо замин, балки рӯҳи моро низ дигар мекунад. Офатҳои табиӣ осеби рӯҳӣ ва тарсу ҳаросро ба вуҷуд меоранд. Инчунин, гармии аз ҳад зиёд бо-иси афзоиши худкушӣ мешавад. Кураи Заминро «мотами экологӣ» фаро мегирад».
Пажӯҳиши Ассотсиатсияи рӯҳшиносони Амрико нишон дод, ки «миёни ашхоси даҳшати тӯфони «Катрина» — ро аз сар гузаронида шумораи худкушӣ ва дар ин бора фикр кардан ду маротиба афзудааст. Ҳолати ҳар шашу-мин нафар ба меъёри иллати стресси рӯҳии баъдиҷарроҳӣ мувофиқат мекард. Қариб 50 дарсади одамон, ки дар яке аз минтақаҳои зарардида мезистанд, ба пуризтиробӣ, стресс ва тундмиҷозӣ дучор шуданд».
Муаллифи пажӯҳиш, рӯҳшинос Сюзан Клейтон иброз намудааст, ки гармии аз меъёр зиёди ҳаво боиси афзоиши тундмиҷозӣ (дағалӣ) ва камшавии рафтори оқилона гашта, қобилияти кории одамро паст менамояд.
Маҷаллаи илмии «The Lancet» хулосаи олимонро дар 43 кишвар дар бораи таҳқиқот вобаста ба тағйирёбии иқлим чунин меорад: «Олимон муайян карданд, ки аз соли 2000 то 2019 зиёда аз 9 дарсади фавтҳо (5 миллио-ну 83 ҳазору 173 ҳодиса) бо набудани ҳарорати мусоид алоқаманд будааст. Маълум гардид, ки дар ин солҳо фавти одамон аз хунукӣ (сармо) 0,5 дарсад ва шумораи фавтидагон аз гармо 0,2 дарсад афзудааст».
ТАДБИРҲОИ ЗИДДИ ГАРМӢ
Яке аз чораҳои наҷот аз гармии тоқатфарсо истифода бурдан аз таҷҳизоти салқинкунандаи ҳаво — кондит-сионерҳо мебошад. Масалан, дар Кувайт, Қатар, Арабистони Саудӣ ва АМА мардум дар хонаҳои кондитсио-нердор зиндагӣ мекунанд, бо мошини кондитсионердор ба кор мераванд, аз мағозаҳои кондитсионердор харид менамоянд ва дар муассисаҳои кондитсионердор кор мекунанд. Дар ҳақиқат, кондитсионерҳо сокинони мамо-лики гармро бо ҳавои сарди рӯҳафзо таъмин намуда, ҳаёти бисёриҳоро наҷот медиҳад.
Мувофиқи ҳисобу китоби иқлимшиносон, агар вазъи ихроҷи газҳои парникӣ бо суръати имрӯза идома ёбад, то соли 2070 ҳарорати ҳаво дар кишварҳои халиҷи Форс метавонад ба 74 — 77 дараҷа расида, ин мавзеъҳоро барои зиндагӣ номувофиқ гардонад. Танҳо шаҳрҳои калон бо системаи рушдкардаи сардкунии ҳаво (бо кумаки кондитсионерҳои муқтадир) истисно шуданашон мумкин аст. Лекин дар чунин шароит низ одамон танҳо шабо-на аз хонаҳояшон баромада метавонанд.
Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалии энергетика, соли 2018 барои истифодаи кондитсионерҳо ва ша-молдиҳакҳои барқӣ 10 дарсади барқи ҷаҳон сарф шуд. Агар дар Япония ва ИМА 90 дарсади хонаводаҳо бо кон-дитсионер таъмин бошанд, дар кишварҳои иқлимашон гарм ҳамагӣ 8 дарсади мардум кондитсионер доранд.
Аз сабаби он ки сол то сол тобистон гарм шуда истодааст, талабот ба сардкунии биноҳо низ торафт ме-афзояд. Вобаста ба ин талабот ба неруи барқ то соли 2050 се маротиба зиёд хоҳад шуд.
Олимон бо мақсади кам кардани талабот ба неруи барқ якчанд чораҳоро самарабахш мешуморанд. Якум, сардкунии биноҳо бо усули «табиӣ». Ба қавли дотсенти кафедраи дизайни муҳити зисти Донишгоҳи Орегона Александра Ремпел салқинкунии биноҳо ба усули «табиӣ» вобастагии одамонро аз кондитсионер кам мекунад. Яъне, шаб то саҳар тирезаҳои биноҳоро кушода мондану рӯз маҳкам кардан ҳавои салқинро дер гоҳ ҳифз меку-над. Ремпел зимни таҳқиқот муайян намуд, ки бо усули мазкур ҳароратро дар бино то 14 дараҷа паст кардан мумкин аст. Ин амал истифодаи кондитсионер ё талабот ба онро 80 дарсад кам мекунад.
Роҳи дигари салқин нигоҳ доштани биноҳо гирифтани пеши воридшавии нурҳои офтоб ба бино тавассути пардакашӣ мебошад.
Усули сеюми салқин нигоҳ доштани биноҳо гузоштани гулдонҳои калон дар болои иморатҳо ва дар онҳо шинондани ниҳолҳои буттаю дарахтони на он қадар баланд (анор, анҷир, себҳои карликӣ, олуболу) мебошад. Ба гуфти меъмори лоиҳаи таҳқиқотии «Cooling Singapore» Аю Сукиа Аделия, дар сурати дар болои боми бино мавҷуд будани ақаллан 10 метр фазои сабз ҳарорати сатҳи бино 5 дараҷа паст мешавад.
Роҳи аз ҳама самарабахши салқиншавӣ шинонидани дарахтони паҳнбаргу баланд дар атрофи биноҳо ва ду канори роҳҳо мебошад. Агар аз як тараф барги дарахтон нурҳои гарми офтобро ба худ гирифта, ҳавои тозаю салқин ҷудо кунанд, аз тарафи дигар чангу ғуборро ба худ мекашанду тасфи роҳҳои бетонию мумфаршро кам менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябри соли 2015 зимни суханронӣ дар нишасти сарони давлатҳои тарафҳои Конференсияи тағйирёбии иқлим дар Париж таъкид намуда буданд: «Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои парникӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз бошад ҳам, кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба шумор меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо паёмадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд».
Яке аз роҳҳои салқину тоза нигоҳ доштани ҳавои мамлакат зиёд намудани масоҳати «фазои сабз» дар шаҳру деҳоти кишвар аст.
Аз рӯи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 1 миллиону 560 ҳазору 861 бех ниҳоли дарахтони сояафка-ну мевадиҳанда шинонида шуд. Мувофиқи иттилои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 6 моҳи аввали соли равон дар 1 миллиону 739 ҳазору 900 гектар корҳои бунёд ва барқарорку-нии ҷангалзор гузаронида шудааст. Ҳамаи ин боиси афзоиши масоҳати «фазои сабз»-и мамлакат мегардад. Тадбиру чорабиниҳои таҳиягардида дар доираи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди усту-вор», солҳои 2018 — 2028, ки аз ҷониби Сардори давлат пешниҳод шуда, боиси дастгирии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардид, метавонад дар ҳалли масоили вобаста ба ҳифзи манбаъҳо ва кам кардани хатари офатҳои та-биӣ мусоидат кунад.
Агар давлатҳо ба ҳалли мушкилоти муҳити зист ҷиддӣ машғул нашаванд, то соли 2100 дар сайёра ҳарорат 3,7- 4,8 дараҷа баланд шуданаш мумкин аст. Ҳол он ки ҳамагӣ як дараҷа баланд шудани гармои замин боиси афзоиши селу тӯфон ва хушксолиҳои маргбор мегардад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»
Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон