Дувоздаҳуми марти соли равон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Рустамова зикр кард, ки ин ҳамоиш якҷоя бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ширкати «Суруш байналмилали Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, ба 55-солагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди байналмилалии Наврӯз бахшида шудааст. Дар ин ҳамоиш соҳибкорон ва роҳбарони ширкатҳои эрониву афғонӣ доир ба зарурати рушди ҳамкориҳо байни тоҷирони се давлат сухан карда, изҳор доштанд, ки барои густариш бахшидани робитаҳои тиҷоратӣ мебояд баъзе монеаҳоро бартараф намуд. Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир ба мушкилоти раводид сухан карда, аз ҷумла гуфтанд, ки айни ҳол барои тоҷирони афғонӣ визаи гурӯҳӣ дода мешавад ва расмиёти бақайдгирӣ низ дар сарҳад боиси ташвиш аст. Масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати ба мушкилот рӯ ба рӯ шудан тоҷирон бояд ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд, то барои ҳалли мушкилоти ба вуҷудомада чораҳо андешида шавад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»