Бисту шашуми августи соли равон дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҳамоиши тиҷоратии доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид зимни суханронӣ зикр кард, ки кишвари мо барои рушди соҳибкорӣ захираҳои истифоданошудаи зиёд ва шароити мусоиди фаъолиятро доро мебошад. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки бо дарназардошти шомил шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, мақсади мо, пеш аз ҳама, бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ бо ворид намудани техникаву технологияи нав ва дар ин замина истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мебошад. Мавсуф соҳаи энергетика, сохтмон, маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, роҳу пулҳо, кишоварзӣ, саноати хӯрока ва ғайраро аз соҳаҳои афзалиятнок ва барои сармоягузорӣ мувофиқ номид. Ӯ дар идома изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон теъдоди зиёди ширкатҳои эронӣ дар соҳаҳои афзалиятнок бомуваффақият амал менамоянд. Шариф Саид дар охир пешниҳод кард, ки соли 2015 Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор ва дар ин замина ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Эрон ташкил карда шавад. Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Исломии Эрон оғои Шофеӣ аз муштаракоти фарҳангиву забонӣ ва динии тоҷикону эрониён суҳбат карда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дар сатҳи боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон талош меварзад. Ҳамин гуна намояндаи парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сарпарасти сафоратхонаи ин кишвар дар Тоҷикистон низ андешаҳояшонро дар самти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон баён доштанд. Баъдан, роҳбарони ширкатҳои эронӣ доир ба самти фаъолияти корхонаҳои зертобеашон маълумот доданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»