Дар арафи соли нави мелодии 2020 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҳамчун мақомоте, ки дар он теъдоди бонувон аз шумораи хизматчиёни давлатию фаъол зиёданд, бо Дипломи дараҷаи як ва барои хидматҳои арзишманд дар татбиқи сиёсати молиявии давлатӣ, рисолати шоиста дар амалӣ намудани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Туҳфаҳоро аз номи Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ тақдим намуд.
Хайринисо Юсуфӣ, ҳамчунин иброз дошт, ки мутобиқи нақшаи корӣ Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли гузашта тасмим гирифт, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби бештари бонувон дар бахшҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин ба муносибати 20-солагии фармони зикршуда нахустозмуни байнисоҳавӣ эълон намояд. Он бо манзури рӯнамоӣ намудан аз хидматҳои арҷманди Сарвари мамлакат, сохторҳои давлатӣ ва бисёре аз бахшҳои хидматрасониро фаро гирифт. Дар асоси талабот рӯйхати исму насаби бонувон, ки дар мақомоти гуногуни давлатӣ (вазорату кумита ва идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроия, суд, бонкҳо) фаъолияти пурсамар доранд, дастрас гардида, мақомоте, ки дар он теъдоди бонувон аз шумори хизматчиёни давлатӣ ва фаъол зиёданд, бо диплому ифтихорнома ва армуғони хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. БДА ҶТ «Амонатбонк», ки дар он 1150 нафар бону фаъолияти пурсамар дорад, бо ишғоли ҷойи аввал сазовори Дипломи дараҷаи як ва Ифтихорнома шуд.
«Садои мардум»