Он чӣ гуна ситонида мешавад?
Бо рушди технологияи навин андозбандии иштирокдорони савдои электронӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Тибқи иттилои дастрас, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон чун «Google Comerce Limited», ки шабакаи иҷтимоии «YouTobe» яке аз зерширкатҳои он аст, «Meta Platforms Ireland Limited», ки шабакаҳои иҷтимоии «Facebook», «Instagram» ва паёмрасони «WhatsApp» тобеи он мебошанд, «Apple», «Netflix», «Amazon» ва «Microsoft» барои фаъолият дар кишвари мо андоз месупоранд.
Дар баробари ин, ҳоло дар кишвар даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоии «YouTube» ва «Instagram» саҳифаҳояшонро фаъол карда, ба таҳияи саҳнаҳои хурди ҳаҷвӣ, мусоҳибаҳо, намоиши гӯшаҳои хушманзараи Тоҷикистон, даъвати ёрӣ ба дармондагон ва ғайраҳо машғул буда, бо ин роҳ даромад мегиранд.
Бино ба иттилои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади бақайдгирӣ ва ба андозбандӣ ҷалб намудани шахсони воқеие, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба блогерӣ машғул мебошанд, феҳристи онҳо тартиб дода шуда, ҷиҳати гузаштан аз бақайдгирӣ дар мақомоти андоз ба 80 шахси воқеӣ огоҳинома ирсол шудааст. Дар натиҷа, то якуми январи соли ҷорӣ дар мақомоти андоз 60 субъекти соҳибкорӣ, ки тавассути шабакаҳои интернет ба блогерӣ машғул мебошанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад зиёд мебошад.
Аз Кумитаи андоз маълумот доданд, ки ҳоло ҳар семоҳа блогерон даромадашонро ба кумита пешниҳод мекунанд ва дар умум 7 фоиз андоз месупоранд. Масалан, агар блогер дар се моҳ 10 ҳазор сомонӣ даромад дошта бошад, 700 сомонӣ андоз месупорад.
Иттилоъ дода шуд, ки мушкилоти асосии мақомоти андоз ин дастрасӣ надоштан ва ё мавҷуд набудани маълумот вобаста ба даромади воқеии субъектҳои дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолияткунанда ба ҳисоб меравад. Аксарият субъектҳои мазкур низ аз пешниҳоди маълумот вобаста ба маблағи воқеии даромадҳои бадастоварда тавассути суратҳисобҳои бонкии дар хориҷа қарордошта ва ҳамёнҳои электронии мавҷудбуда худдорӣ менамоянд.
Дар 12 моҳи соли 2022 аз ҷониби субъектҳои мазкур даромади андозбандишаванда ба маблағи 29,7 млн.сомонӣ дарҷ шуда, аз ин ҳисоб 1 миллиону 359 ҳазору 700 сомонӣ андозро ба буҷет пардохт карданд. Дар ин давра субъектҳои дар соҳаи блогерӣ фаъолияткунанда аз ҳисоби истифодаи меҳнати кироя дар эъломияҳои андоз шумораи кормандони кирояро 59 адад нишон доданд, ки музди миёнаи меҳнат ба як корманд 929 сомонӣ рост меояд.
Ҳоло Кумитаи андоз бо соҳибкороне, ки ба ин намуди фаъолият машғуланд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои дуруст андозбандӣ кардани онҳо кӯшиш мекунад.
Мутахассисон имкон доранд барои шаффофияти кори блогерон аз воситаҳои гуногуни ошкорсозии тиҷорати электронӣ истифода намоянд. Аз ҷумла, ҳисоби бонкии онҳоро назорат кунанд, аз провайдерҳо маълумот гиранд ва ғайраҳо. Вале ин амал на дар ҳама ҳолат қулай аст. Масалан, мешавад ҳолате, ки блогер пули рекламаро аз фармоишгар нақд мегирад ва мақомот наметавонад тамоми «пост»-ҳову «сториз»-ҳои ӯро назорату ҳисоб кунад. Аз ин рӯ, дар баробари корҳои фаҳмондадиҳии кумита хуб мешавад, агар иловатан барои дилгармии блогерон имтиёз пешбинӣ гардад.
Блогери тоҷик Рафаэл Гулов дар суҳбат гуфт, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ 9-уми июли соли 2021 дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ба қайд гирифт ва аз ҳамон рӯз инҷониб андозсупорандаи фаъол мебошад.
«Фаъолияти блогерӣ дорам ва тӯли якуним сол аст, ки ба давлат андоз месупорам. Дар ин муддат 45 ҳазору 430 сомонӣ андоз супоридам, ки 28 ҳазор сомониаш бо соли 2022 рост меояд», — гуфт Рафаэл Гулов.
Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки фаъол кардани шаҳодатномаи соҳибкории инфиродӣ барои пешбурди кораш дар интернет кумаки зиёд мерасонад. Масалан, аксари молу маҳсулоти шахсони воқеиву ҳуқуқие, ки ӯ дар шабакаҳои иҷтимоиаш тарғиб мекунад, мехоҳанд бо блогероне ҳамкорӣ дошта бошанд, ки аз ҷиҳати ҳуқуқӣ мушкил надошта бошанд.
Солҳои охир блогинг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Албатта, то ҳол дар ин соҳа камбудиҳо зиёданд, махсусан масъалаи мазмуни матолиб. Умед аст, ки бо омадани коршиносону соҳибкасбон сифат беҳтар мегардад.
Ҳ. ТОҲИРӢ,
«Садои мардум»