Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо мақсади қадршиносӣ кардани андозсупорандагони фаъолу пешсаф ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо озмуни «Беҳтарин андозсупорандаи сол»-ро ташкил мекунад. Инак, тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, андозсупорандагони беҳтарини соли 2013-ро муайян намудаанд. Ҳамин тариқа, барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои хуб ва фаъолияти пурсамар дар иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупорӣ, бо пешниҳоди Комиссияи тасдиқшуда ҶСП «Комбинати шири Душанбе», ҶСП «Казкоммерсбонк»-и шаҳри Душанбе, ҶСП «ТТ-Мобайл», ҶДММ ТАҚХ «Имон Интернешнл» (шаҳри Хуҷанд), ҶСП «Баҳористон» (шаҳри Қайроққум) ва Артели заршӯйии «Одина» (ноҳияи Ховалинг) ба унвони «Андозсупорандаи беҳтарини соли 2013» сазовор дониста шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»