Ҷангал ва саҳми он дар рушди сайёҳӣ

№64 (4484) 28.05.2022

422396_gory_priroda_shaxristan_3648x2736_www.Gde-Fon.com (1)Дар шароити релефи кӯҳӣ ва доманакӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангал дар нигоҳдории олами ҳайвоноту  наботот ва ташаккули онҳо нақши калидӣ мебозад. Ҷангалзор агар аз як тараф барои ишкишофи дарахту бутта ва гиёҳҳои гуногун шароит фароҳам оварад, гази карбонат ва чангу ғуборро фурӯ бурда, оксиген хориҷ намояд, аз дигар тараф,  манбаи бои ғизо барои ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, дар ҷангалзор яке аз экосис­темаҳои устувортарин барои инкишофи флора ва фауна ба вуҷуд меояд.

Ҷангалзори ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Айнӣ, аз дарахтони паҳнбарг ва сӯзанбарг таркиб ёфтааст. Аз 193522 гектар замини фонди давлатии ҷангали ноҳияи Айнӣ зиёда аз 12 дарсадро ҷангалзор ташкил медиҳад, ки назар ба дигар минтақаҳо кам аст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дахлдор ҷиҳати мусоидат ба худбарқароршавии арча дар 30 гектар ва кишти бодоми бухороӣ дар 10 гектар ҷангалзори навбунёд зиёд шуда истодаанд. Дарахти арча аз рӯи хусусиятҳои биологӣ ба дарахтони хеле нозук шомил мебошад. Технологияи парвариши он низ меҳнатталаб аст. Масалан, барқароршавии табиии он хеле мушкил буда,  дар як сол 0,6 — 1 сантиметр афзоиш меёбад.

Яке аз омилҳои асосие, ки ба барқароршавии ҷангалзорҳо халал мерасонад, зиёд шудани саршумори чорвои калону  хурд ва чорвочаронии бетанзим мебошад. Хоҷагии ҷангал дар ин ҷода низ корҳои назаррас ба сомон расонид. Дар натиҷаи бурриши ғайриқонунии дарахту буттаҳо эрозия ва бодлесшавии хок ба амал омада, дар сурати боришоти зиёд эҳтимол селу тарма зиёд мешавад. Биноан, кормандони муассиса баҳри пешгирии бурриши дарахту буттаҳо ва шикори ғайриқонунӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ бурда истодаанд. Дар ҷангалзор оид ба ҳифзи он пешгирии сӯхтор, шикори ғайриқонунии ҳайвоноту парандагон шиору овезаҳои огоҳкунанда гузошта шудаанд.

Ҷангалзори ноҳияи Айнӣ яке аз муъҷизаҳои нотакрори табиат буда, дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон ва Туркистон аз шарқ ба ғарб ба масофаи зиёда аз 80 километр ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи зиёда аз 60 километр тӯл кашидааст. Қаторкӯҳҳои осмонбӯси мавзеъҳои Аловиддин, тагобҳои Фатмовут, Рарз, Фарзот, Искедарғ, Каздон,  Вешаб, Испағн, Путхин, Кумарғ, Пои мазор, Вешканд, Урметан, Вашан, Мадм, Кум, Ревад ва Вотаву Ёвонро ҳалқаи арчазорон гирдбаст намудаанд. Дар парваришгоҳи «Ориён» анбӯҳи арча ва бодоми бухороӣ касро ба ҳайрат меорад. Ҳангоми ворид шудан ба он инсонро рӯҳияи баланд фаро мегирад.

Бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол майдони ҷангалзорҳои Тоҷикис­тон зиёд шуда, дарахтони нодири дигар кишварҳо дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе инкишоф ёфта истодаанд. Бо заҳмати шабонарӯзии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ба яке аз шаҳрҳои зеботарин ва гулпӯштарини дунё табдил ёфтааст. Бегуфтугӯ, ин ободкориҳо ба муҳити зист таъсири мусбат мерасонад. Хуб мешуд, агар дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдоми неки раиси шаҳри Душанберо пайравӣ менамуданд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардидани солҳои 2019 — 2021» «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба соҳаи хоҷагии ҷангал алоқамандии зич дорад. Зеро қисми зиёди деҳаҳои ноҳия дар наздикии ҷангалзор ҷойгир буда, бо зиёд шудани он эҳё ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кандакорӣ аз боқимондаи решаву пояи дарахтони хушкшуда, сохтани ҳар гуна туҳфа (сувенир), бофтани сабаду ҷорӯб имконпазир мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст ва дар он барои рушди соҳаи туризм ҳама имконият фароҳаманд. Барои мисол, Искандаркӯл бо табиати зебову нотакрораш шуҳратёр аст. Вай секунҷа буда, ба он дарёҳои Саратоқ, Ҳазормеш, Саридевор, Сарима мерезанд. Оби он тавассути шаршараи азими баландиаш 40 — метра ба поён ҷорӣ мешавад, ки аз диданаш кас ба ҳайрат меафтад. Аз рӯи тадқиқоти археологӣ, Роҳи бузурги абрешим аз дараи Искандаркӯл мегузаштааст ва пас аз инқилоби Октябр амири Бухоро Олимхон тавассути ҳамин роҳ ба Афғонистон рафтааст.

Баҳри нигоҳдорӣ ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир дар Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ парваришгоҳи «Искандаркӯл» ташкил шудааст. Онро аз чор тараф кӯҳҳои осмонбӯс иҳота намудаанд. Дар атрофаш ҷангалзори дарахтони арча, сафедор, хаданг ва бед  мерӯянд. Лозим ба ёдоварист, ки аз олами ҳайвоноту парандагони ваҳшии парваришгоҳ хирси маллаи тиёншонӣ, бабри барфӣ ва мурғи ҳилол ба «Китоби сурхи Тоҷикис­тон» ворид шудаанд. Ғайр аз ин, дар ин макон бузи кӯҳии сибирӣ, суғури сурх, гург, рӯбоҳ, харгӯш ва кабки дарӣ сукунат доранд. Ҳар сол ҳазорҳо сайёҳ аз мамлакатҳои ҷаҳон барои саёҳат ба ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистони азиз ташриф меоранд. Дар сурати хуб ба роҳ мондани соҳаи туризм, сохтмони иншооти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, беҳтар намудани хизматрасонии маишӣ, зиёд намудани майдони ҷангалзор шумораи сайёҳон низ афзоиш ёфта, ба буҷети давлат маблағи иловагӣ ворид мегардад.

Силсилакӯлҳои Аловиддин боз як мавзеи саёҳат дар ноҳияи Айнӣ мебошад. Ҳафт кӯл дар баландии зиёда аз 2800 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи гуногун аз якдигар ҷойгир шудаанд. Солҳои пеш дар ин ҷо чемпионат байни тимҳои кӯҳнавардони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронида мешуд ва сайёҳон аз дигар давлатҳо ташриф меоварданд.

Зарур ва ногузир аст, ки фаъолият дар ин самт тавсеа бахшида шавад. Дар он сурат оянда мавзеъҳои Яғноб, Анзоб, Марғеб, Ревад ва Испағни ноҳияи Айнӣ минҳайси макони рушди соҳаи сайёҳӣ таҳрикбахш шуда метавонанд.

Беҳрӯз МАВЛОНОВ,

директори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ»