Дар ситоди навбатии бартарафкунии зарарҳои ба сокинони деҳаҳои Бедаку Ҳалқарфи деҳоти «Навдӣ» дар натиҷаи ҳодисаи табиӣ расида, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшоҳ Холиқ пеш аз ҳама ба сокинони ноҳия, ки ҳар рӯз бо мақсади пеш аз муҳлат ба итмом расонидани бунёди хонаҳои истиқоматӣ, тоза кардани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва таъмири роҳҳои мошингард ба ёрӣ меоянд, арзи сипос намуд. Ҳамон рӯз дар ҳашар беш аз 500 нафар сокинони ноҳия иштирок доштанд. Ҳатто аз деҳаҳои дурдасти деҳоти «Ҳоит», «Ясман», «Тагоба», «Оби меҳнат», ба номи Боқӣ Раҳимзода ва шаҳраки Навобод низ гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонон бо сарварии раисони маҳаллаҳояшон омада буданд.
Раиси ноҳия аз рафти кор изҳори қаноатмандӣ кард. Маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ имконият фароҳам овард, ки кори якмоҳаро сокинони ноҳия ва сохтмончиён дар муддати як ҳафта ба анҷом расонанд.
Зикр кардан зарур аст, ки дар деҳаи нав сохтмони 45 хонаи истиқоматӣ идома дорад. 44 хона бо маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як хонаи истиқоматӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта мешавад. Барои хушсифат сохтани биноҳо беҳтарин устоҳо ҷалб гардидаанд ва маоши онҳоро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт мепардозад.
Дар кори бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҳамчунин тамоми ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият доранд, ширкат меварзанд.
- Ҳеҷ кас гумон надошт, ки дар муҳлати хеле кӯтоҳ ин қадар корҳо ба анҷом мерасанд,- гуфт дар суҳбат собиқадори меҳнат Маҳмадсафо Муқимов. — Ҳамаи ин гувоҳӣ медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон доимо аз аҳволи мо бохабаранд. Мо шукрона мекунем, ки чунин Сарвари ғамхор дорем. Дар чунин шароите, ки Сарвари давлат барои мо ташкил кардааст, ҳаргиз худро танҳову бекас тасаввур намекунем.
Расули Акрам (дуруд ба равони покаш) дар ҳадисе фармудаанд, ки «Ҳар амали нек садақа аст.». Шукрона, ки мардуми мо имрӯзҳо ба маънии ин фармудаи пайғамбари Худо дуруст сарфаҳм рафта, ҳамагӣ сарҷамъ омадаанд, ки ин деҳаи зеборо дар оғӯши кӯҳҳои баланд бунёд намуда, мардуми зарардидаро бо хонаву дар таъмин намоянд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. РИЗВОНОВ