- изҳор медорад раиси ҷамоати деҳоти «Зайнабобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ Соҳиб Юсуфов
«Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд».
(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015)
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд бахшидан ба фаъолияти ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тадбирҳои муассир андешида шудаанд. Аз ин ҷост, ки солҳои охир ба вазифаҳои роҳбарикунанда бештар ҷавонони соҳибмаълумоту ташкилотчӣ пешбарӣ мешаванд.
Соҳиб Юсуфов, раиси Ҷамоати деҳоти «Зайнабобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумлаи ин ҷавонон мебошад. Номбурда изҳор дошт, ки дар ҷамоат 650 хоҷагии деҳқонӣ дар 1500 гектар замин ба парвариши зироати полезӣ, ғалладона, боғу токпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Хоҷагидорон соли рафтаро бомуваффақият ҷамъбаст намуда, дар заминҳои обӣ картошка ва сабзӣ кишт карданд. Тибқи нақша, дар майдони 300 гектар ғалладона кишт шуд.
- Аслан, ҳар ваҷаб замин ҳосилхез аст, — мегӯяд Соҳиб Юсуфов. — Агар меҳнати софдилона бикунӣ, он ҳам мехӯронад ва ҳам мепӯшонад. Ҳама замини корами обӣ ва лалмии деҳот киштгардон мешаванд ва деҳқонон баъди ҷамъоварии гандуми заминҳои обӣ зироатҳоеро кишт мекунанд, ки тез пухта мерасанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ин кор таҷрибаи хуб доранд ва дар тӯли сол аз як қитъа ду-се ҳосил ба даст меоранд.
Соли 2017 деҳқонони ботаҷриба дар ноҳия аввалин шуда, нақшаи пилласупорӣ, ҷамъоварии сабзавот ва ғалладонагиро иҷро карданд ва тирамоҳ заминҳоро ба кишти баҳорӣ омода сохтанд. Ҳоло дар деҳаҳо ниҳолшинонӣ идома дорад, ният кардаем, ки дар мавсим беш аз панҷ ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаю сояафкан ва ороишӣ шинонем.
Роҳбарияти Ҷамоати деҳоти «Зайнабобод» ба масъалаи ободонӣ низ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои зиёди иловагӣ бунёд гардида, бунгоҳҳои тиббӣ навсозӣ шуданд.
Аз суҳбат бо Соҳиб Юсуфов ҳамчунин маълум гардид, ки сокинони деҳот моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро хуб дарк намудаанд ва ба исрофкориву харҷи беҳуда роҳ намедиҳанд. Аз ин ҷост, ки зиндагиашон сол аз сол беҳ мегардад. Ба сокинони деҳот мағозаву дӯконҳои зиёди замонавӣ хизмат мерасонанд. Соҳибкорон соли рафта барои наврасону ҷавонон марказҳои варзишӣ ва барои занону духтарони бекору хонашин коргоҳҳои дӯзандагиву пазандагӣ низ бунёд карданд, ки ҳоло мавриди истифода мебошанд.
Дар арафаи ҷашнҳои миллӣ муассисаҳои таълимии деҳот таҳти унвони «Ватанпарвар», «Дар ҳифзи Ватан содиқем» чорабиниҳои ҳарбӣ — варзишӣ баргузор менамоянд. Миёни ҷавонон мунтазам мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, волейбол, давидан ба масофаҳои гуногун, гӯштини миллӣ, дзю-до ва тарзи озод доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои арзанда қадрдонӣ мешаванд.
Вакилони Маҷлиси ҷамоат фаъолиятро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба роҳ монда, дар пешбурди ҳаёти ҷомеа саҳм мегузоранд.
- Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ дар соли 2017 ҳолати ногувори роҳҳои байни деҳаҳо буд. Бо дастгирии вакилони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо ва иштироки сокинон, бахусус ҷавонон, ин мушкилиро бартараф сохтем. Бо истифода аз маҳсулоти корхонаҳои қуму шағал, ки дар деҳот воқеъанд ва бо кумаки Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Рӯдакӣ роҳҳои байни деҳаҳоро тахту ҳамвор намуда, ҳашт километри онро аз таъмири ҷорӣ баровардем. Камбудии дигар вазъи ногувори қитъаҳои селпартои деҳаҳои Шараф, Алибой, Садоқат, Тоҷикобод, соҳилҳои дарёи Кофарниҳон ва Элок буд. Бо дастгирии раиси ноҳия Юсуфӣ Муҳаммадраҳим, кумаки мутахассисони соҳаи хоҷагии оби ноҳия ва иштироки сокинони деҳаҳои номбурда ба тариқи ҳашар селпартоҳоро тоза ва хавфи обхезиро дар дарёҳо бартараф кардем, — изҳор медорад С. Юсуфов.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»