Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстона дар миёни кишварҳои арабӣ ҷои якум ва дар ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол мекунад. Чанде пеш Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 тонна хурмо тақдим намуд.
Зимни маросими супоридани хурмо, ки 16 май дар бинои Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, муовини раиси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев миннатдории ҷониби Тоҷикистонро ба намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон иброз намуд. Ӯ афзуд, ки кумак ба мардуми ниёзманди кишвар расонида хоҳад шуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон -ар Рушайдон иброз намуд, ки кумаки мазкур дар доираи 30- солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии ҳар ду кишвари дӯст сурат гирифт. Чунончи, соли равон дар моҳи шарифи Рамазон ба 9625 хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон сандуқи ғизоӣ дар ҳаҷми 50 кило орд, се кило равған, лӯбиёву чою намак ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ тақдим гардид. Инчунин, ҳоло лоиҳаи кумак ба ятимон идома дорад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»