Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баъзе аз корхонаву ташкилотҳои буҷетию ҷамъиятӣ, аз ҷумла сокинон, дар пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ беэътиноӣ зоҳир мекунанд, ки боиси афзудани қарзи барқ мегардад.
Роҳбари тиҷоратии филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб Баҳром Ҳикматзода зимни суҳбат гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 қабули барқ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби ШСХК «Барқи Тоҷик» 977 миллиону 180 ҳазор кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95 миллиону 780 ҳазор кВт/соат зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол қарзи барқ то 1 октябри соли ҷорӣ ба 370 миллиону 992 ҳазор сомонӣ расидааст, ки қарзи аҳолӣ 224 миллиону 117 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб аз ҳама зиёд, беш аз 40 миллион сомонӣ қарздор мебошад.
Баҳром Ҳикматзода изҳор дошт, ки то ҳол нисбат ба корхонаю ташкилотҳо ва соҳибмулкони ҷамъиятҳо, ки аз барқ қарздор мебошанд, 3 ҳазору 641 санади ҷаримавӣ тартиб дода шуд, ки аз ин ҳисоб маблағи 2 миллиону 126 ҳазору 167 сомонӣ қарзи барқ пардохт гардид.
Бояд зикр кард, ки дар шаҳру минтақаи Кӯлоб қарздорони мушкилситон соҳибмулконе мебошанд, ки теъдодашон зиёд буда, танҳо аз шаҳри Кӯлоб қарзи барқашон беш аз 1 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дарвоқеъ, таи солҳои охир қарзи истифодаи неруи барқ яке аз мушкилоти рӯз боқӣ монда, кормандони Шабакаҳои барқро нигарон кардааст. Мушоҳидаҳои чандсола бозгӯи онанд, ки баъзе аз соҳибмулкон аз пардохт намудани ҳаққи истифодаи неруи барқ саркашӣ карда, ҳатто нозирони барқро аз дарашон меронанд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»