Қарзи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус дар назди шабакаҳои барқе, ки ба ин идора хизмат мерасонанд, ба беш аз 10 миллион сомонӣ расид. Инчунин, идора аз андоз низ зиёда аз ду миллион сомонӣ қарздор мебошад.
Ба иттилои сардори идораи зикршуда Фаридун Давлатов, зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён ба се ноҳияи вилояти Хатлон — Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳритус хизматрасониро ба роҳ мондааст. Дар ин се ноҳия дар маҷмӯъ, 26 ассотсиатсияи истифодабарандагони об амал мекунад. Аз ин шумора 11 ассотсиатсия дар ноҳияи Қубодиён, 10 — Шаҳритус ва 5 — то дар ноҳияи Носири Хусрав мебошад.
- Қарзи барқ дар ноҳияи Шаҳритус 5 миллиону 587 ҳазор сомонӣ, Қубодиён — 4 миллион ва ноҳияи Носири Хусрав беш аз 900 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, — гуфт Ф. Давлатов.
Ин шахси масъул иддао дорад, ки то 6 июни соли ҷорӣ зерҳавза дар назди Нозироти андози ноҳияи Шаҳритус ба маблағи 346 ҳазор сомонӣ пешпардохт дорад. Танҳо дар ноҳияи Қубодиён зиёда аз 1 миллион сомонӣ қарзи андоз мавҷуд аст, ки он аз солҳои пеш боқӣ мондааст.
Аммо сардори Нозироти андози ноҳияи Шаҳритус Зафар Хоҷаев гуфтаи Фаридун Давлатовро рад карда, гуфт, ки зерҳавза дар назди Нозироти андози ноҳия 1 миллиону 56 ҳазору 188 сомонӣ қарздор мебошад.
- Айни замон байни Раёсати андози вилояти Хатлон ва зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён оид ба пардохти маблағи қарзи андоз созишнома ба имзо расида, аз моҳи июл то моҳи октябри соли ҷорӣ бояд 75 ҳазор сомонӣ ҳар моҳ пардохт намояд. Боқимондаи қарз бояд моҳи ноябри соли ҷорӣ пурра пардохт шавад. Инчунин, зерҳавза вазифадор аст, ки ба Нозироти андози ноҳияи Қубодиён аз моҳи июн то моҳи октябр 250 ҳазор сомонӣ, яъне ҳар моҳ 50 ҳазор сомонӣ, қарзи андозро пардохт намояд. Айни замон суратҳисоби зерҳавза аз сабаби қарздор будан баста шудааст, — гуфт Зафар Хоҷаев.
Сардори Шабакаҳои барқи ноҳияи Шаҳритус Фаридун Очилдиев зикр кард, ки танҳо дар панҷ моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ қарзи истифодаи неруи барқи зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён 441 ҳазор сомонӣ зиёд шуд. Талаботи моҳонаи истифодаи барқи зерҳавза зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ мебошад.
Сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии зерҳавзаи дарёи Кофарниҳони поён дар ноҳияи Шаҳритус Фаридун Давлатов гуфт, ки дар идора қарзи музди меҳнат ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ низ ҷой дошт ва он пурра пардохт шуд. Омили пайдоиши қарздориро Фаридун Давлатов дар сари вақт ҷамъоварӣ нашудани ҳаққи истифодаи об арзёбӣ кард.
Нақшаи солонаи ҳаққи истифодабарандагони об дар назди зерҳавза 6 миллиону 800 ҳазор сомонӣ мебошад. Соли гузашта 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуд.
Дар маҷмӯъ, қарзи 26 ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар назди зерҳавза ба 11 миллиону 39 ҳазору 408 сомонӣ расидааст, ки аз ин 4 миллиону 861 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Қубодиён, 2 миллиону 310 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Носири Хусрав ва 3 миллиону 867 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Шаҳритус рост меояд.
Агар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об қарзи ҳаққи хизматрасониро баргардонанд, зерҳавза низ уҳдадориро дар назди шабакаҳои барқу андоз сарбаландона иҷро менамояд, — афзуд Ф. Давлатов.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»