Ҷашни корхонаи бузург

№49 (3350) 04.04.2015

Калонтарин корхонаи саноатии кишвар – Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» чилсола шуд

регар

Сиву якуми марти соли 1975 дар иморати панҷуми сехи электролизи алюминий истеҳсоли алюминий оғоз ёфта, ҳамон рӯз нахустин хӯлаи он рехтагарӣ ва ба эҳёи саноати металлургияи ранга дар Тоҷикистон замина гузошта шуд.

Инак, аз он рӯз чил сол сипарӣ шуд. Ба муносибати чилсолагии ба фаъолият шурӯъ кардани Заводи алюминийи Тоҷикистон (ҳоло Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик») якуми апрели соли 2015 дар ин муҷтамеи бузурги саноатӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода чорабинии идона доир гардид.

Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ва дигар меҳмонони ба ҷашн ташрифоварда сараввал ба истеҳсолоти рехтагарии сехи электролиз рафта, дар маросими ҷараёни рехташавии хӯлаи ҷашнӣ иштирок карданд.

Зери таассуроти фараҳангез Сарвазир Қоҳир Расулзода роҳбарон, коргарону мутахассисони корхона ва меҳмононро бо ин лаҳзаҳои хотирмон табрик ва муборакбод гуфта, ҳамчунин иброз дошт, ки фаъолияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ҳалли масъалаҳои беҳбуд бахшидани вазъи ин корхонаи бузург зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

- Дар солҳои барои соҳа басо душвор Ҳукумати кишвар кӯшиш мекард, ки фаъолияти корхонаро муътадил нигоҳ дорад ва ҳоло бо расидани фурсати муносиб имкони боз ҳам бештар дастгирӣ кардани КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фароҳам омадааст, — таъкид намуд Қоҳир Расулзода.

Сипас, дар маҷлисгоҳи корхона ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори чилсолагии таъсис ёфтани КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» баргузор шуд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ширкатдорони ҷашнро бо санаи муборак шодбош намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар саноати мамлакат ҷойгоҳи сазовор дорад. Инак, беш аз чил сол мешавад, ки аҳли коргарону мутахассисони ин корхонаи нодири мамлакат, ки онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шиносномаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ» унвон кардаанд, пайваста дар амри афзун намудани истеҳсоли маҳсулот, ҳар чӣ бештар содирот кардани он ва пешниҳоди маҳсулот ба корхонаҳои коркарди дохили кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Солҳои аввали истиқлолият, айёми авҷ гирифтани низоъҳои дохилӣ барои коллективи корхона мушкилоти зиёд пеш овард. Душвориҳо дар кашонида овардани ашёи хом аз хориҷи кишвар, номуътадилии таъмини неруи барқ ба мушкилиҳо меафзуд. Ҳатто хатари аз фаъолият мондан ба ин корхона низ таҳдид мекард.

Хушбахтона, туфайли ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолияти бомароми худро нигоҳ дошт ва тамоми ин муддат аҳли корхона барои баланд бардоштани сатҳ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ҷаҳду талош намуданд.

Бо фароҳам омадани фурсати муносиби ташаккули идоракунии муосири иқтисодӣ, ки дар натиҷа соли 2007 дар заминаи Заводи алюминийи Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» таъсис ёфт, корхона имрӯз ба таври устувор аз ҷумлаи истеҳсолкунандагони калони алюминий дар ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва муҳимтар аз ҳама фароҳам овардани ҷойҳои нави кор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи фаъолияти давра ба давраи корхона ва барномаи зиддибуҳронӣ таҳия шуда, ҳоло мавриди амал қарор дорад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ҳозирини толор мужда расонид, ки баъд аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари Ширкати швейсариягии «Гленкор» роҳбарияти ширкати мазкур барои дастгирии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иқдом намуд. Дар натиҷа, соли ҷорӣ дар корхона 200 электролизёри нав ба кор андохта мешавад, ки боиси бамаротиб зиёд шудани истеҳсоли алюминий мегардад.

Бо мақсади боз ҳам бештар кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва дастрасӣ ба ашёи хоми маҳаллӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ бо бузургтарин ширкатҳои хориҷӣ ҳамкории муфидро роҳандозӣ намудааст. Сохтмони корхонаи истеҳсоли криолит дар ноҳияи Ёвон аз ҷумлаи чунин ҳамкориҳои самараангез мебошад.

Сарвазир Қоҳир Расулзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи худашон ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҳафт адад автобуси истеҳсоли Япония туҳфа карданд, ки рӯзҳои наздик ба корхона дастрас мешавад.

Қоҳир Расулзода дар фароварди сухан бори дигар ҳамаи мансубини корхонаро бо ҷашни хотирмон табрик гуфта, дар ҷавоби ғамхориҳои Давлат ва Ҳукумат ба меҳнати софдилонаю фидокорона баҳри боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти ин муҷтамеи бузурги саноати кишвар даъват кард.

Директори идоракунандаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҷӯраев ба Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода барои ширкат дар ҷашни корхона изҳори сипосгузорӣ намуда, афзуд, ки аҳли коргарону мутахассисони КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназирашон миннатдории бепоён иброз медоранд ва тамоми кӯшиши худро ба он равона месозанд, ки боварии Сарвари давлатро сазовор гарданд, бо меҳнати аҳлона шуҳрати корхонаи овозадорро боз ҳам афзоянд.

Абдулмаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»