Асолати миллӣ ва хештаншиносӣ

№70 (4653) 26.05.2023

Соли 2011 бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифт, ки саривақтӣ ва муҳим ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки зарурати қабули ҳар як қонунро шароит ва эҳтиёҷот ба танзими муносибатҳои ҷамъиятии мавҷуда талаб менамояд.

Ин раванд тақозо мекунад, ки тарбияи насли наврасро таҳким бахшида, пояҳои онро устувор намуд, зеро тарбия яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, насли наврас ҳамеша ба он ниёз дорад. Маҳз, тарбияи хуб метавонад дар зиндагии инсон таъсири босазо гузошта, самтҳои ояндаи дурусти рӯзгори ӯро муайяну мушаххас созад. Бояд қайд намуд, ки ояндаи миллат ба таълиму тарбияи фарзанд вобаста аст. Аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки барои рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ асос гузоранд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур волидайн бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро қонуни мазкур тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар гирифта, он як меъёри ёрирасон дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Аз ин рӯ, падару модарон ва омӯзгорон муваззаф мебошанд, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ифтихор аз гузаштаи хеш ва ҳувияти миллӣ тарбия намуда, ин ҳиссиётро дар онҳо ташаккул диҳанд, зеро собит шудааст, ки раванди ҷаҳонишавӣ фарҳангу анъанаҳои заиф ва худшиносиву худогоҳии миллии нотавонро ба коми худ фурӯ мебарад.

Барои он ки ҷавонон ба фишори ҷаҳонишавӣ муқовимат намуда, асолати миллӣ ва худогоҳиву хештаншиносиро ҳифз намоянд, мусаллаҳ будани онҳо бо донишҳои ҷаҳони муосир ҳатмӣ мебошад. Яке аз ҳадафҳои асосии эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» ташаккули худшиносиву ҳувияти миллии ҷавонону наврасон буд. Ин ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва эътимодашон ба ҷавонони кишвар дар ташаккулу маърифат ва ҷаҳонбинии эшон таъсири босазо гузошт ва беҳтарин василаи пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро мебошад.

Ҳар инсон он вақт хушбахт аст, ки соҳибватан бошад, зеро маҳз Ватан ба ҷисму рӯҳ, саломатӣ ва оромиву сурурро эҳдо менамояд. Ба қадри обу хоки Ватан на танҳо касе расида метавонад, ки солҳо дар ғурбат зиста, ранҷу азоби танҳоиро чашида, рӯзу шабҳоро дар хавотирӣ паси сар карда бошад, балки ҳар як фарде, ки дар Ватан ҳаст, ба қадри он бояд расад, ин аст рисолати зиндагӣ. Инсон метавонад дар ҳар гӯшаву канори дунё зиндагии хуб дошта бошад, аммо осоиш надорад, чунки дур аз сарзамини модарӣ асту ҳар лаҳза ӯро ёди Ватан мегирад.

Зиндагӣ ва ҳадаф аз он дар чист? Барои посух гуфтан ба ин суол, пеш аз ҳама, бояд фаҳмид, ки ҳар як мавҷудоти зиндаи табиатро дар ин олам рисолате бар дӯш аст. Масалан, агар вазифаи дарахтони сояфкан, қабл аз ҳама тоза кардани ҳаво аз гази карбон ва дар навбати худ бой сохтани он бо оксиген бошад ва ё ба ҳамин монанд, агар вазифаи парандагон аз кам кардан ва ё нест кардани ҳашароти зараррасон иборат бошад, пас рисолати инсон дар чист? Он бешубҳа, саҳм гузоштан дар пешрафти Ватани азизи худ ва мусоидат кардан барои рушду нумӯи он. Агар чунин аст, пас чаро бархе дидаву дониста, ба ҷойи он ки дар ободии диёр заррае ҳиссагузор бошанд, даст ба содир кардани ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар аъмоли нанговар мезананд? Суолест, ки ҳар кадоми моро бояд ба андеша водор созад.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»