Ба марҳилаи ҷории рушди хоҷагии ҷаҳонӣ таъсири оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19, афзоиши рақобат байни мамлакатҳои ҷаҳон барои захираҳо, тезутунд шудани манфиатҳои геосиёсӣ хос аст, ки зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти ҳар давлатро пеш меорад. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон бобати таҳкими мустақилияти сиёсию иқтисодӣ корҳои имконпазирро иҷро кардан лозим аст, то рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ баланд шавад, зеро маҳз рақобатпазирӣ мақом ва саҳми ҳар як давлатро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ муайян мекунад.
Дар илми иқтисодӣ бахшида ба асосҳои назариявии рақобатпазирии иқтисодиёт тадқиқоти зиёд мавҷуданд. Дар байни олимон на танҳо дар бобати муайян намудани моҳияти рақобатпазирӣ, балки методҳои арзёбии он низ иттифоқи ороъ вуҷуд надорад. Байни онҳо муносибате, ки Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ истифода мебарад, махсусан роиҷ ба ҳисоб меравад.
Сатҳи рақобатпазирии миллӣ дар мундариҷаи индикаторҳои макроиқтисодӣ, сатҳи ҳаёт, некуаҳволии аҳолӣ, дараҷаи муқобилати иқтисодиёт ба хавфҳои беруна, омодагӣ ба даъватҳои манфӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ ва баланд шудани рейтинги мамлакат дар хоҷагии ҷаҳонӣ инъикос меёбад. Баҳогузорӣ ба рақобатпазирии миллӣ тибқи методикаи Форуми байналхалқии иқтисодӣ (The Global Competitiveness Report 2018-2019) аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо, аз қабили ниҳодҳои дахлдор, инфрасохтор, технологияи информатсионии коммуникатсионӣ, устувории макроиқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, бозори маҳсулот, бозори меҳнат, системаи молиявӣ, андозаи бозор, тамоюли бизнес, қобилияти инноватсионӣ ва ғайра гузаронида мешавад.
Нишондиҳандаҳои бадастомада, ки рушди иқтисодиёти мамлакат ва некуаҳволии аҳолиро муайян мекунанд, имкон медиҳанд, ки дар бораи таҳкими мавқеи рақобатпазирии Тоҷикистон байни дигар мамлакатҳо сухан ронем. Ин иддаоро бо далелҳои зерин тасдиқ кардан мумкин аст, ки бешубҳа, комёбиҳои назарраси иҷтимоӣ — иқтисодӣ ба шумор мераванд. Аз ҷумлаи онҳо дар навбати аввал зиёд шудани ҳаҷми ММД – ро номбар кардан мумкин аст. Дар ҳақиқат, ба туфайли гузаштан ба марҳилаи созандаи рушд дар андозагирии мутлақ ҳаҷми ММД тайи 20 соли охир тамоюли мунтазами афзоиш дорад.
Расми 1. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000-2013 (млрд. сомонӣ)
Тавре маълум аст, ҳаҷми ММД соли 2019 бештар аз 78 млрд. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2000-ум 43,3 баробар, нисбат ба соли 2010 бошад, 3,2 баробар зиёд мебошад. Яъне, дар натиҷаи амали механизми робитаи сабабию оқибатӣ дар мамлакат беҳтар намудани мундариҷаи индикатори дигари макроиқтисодии муҳим мисли ММД ба ҳар сари аҳолӣ имконпазир гардид.
Соли 2019 ММД ба ҳар сари аҳолӣ 8478,3 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000 — ум 2,4 баробар, соли 2010-ум 2,6 баробар зиёд аст. Бо чунин тамоюли мусбат аз рӯи арзёбиҳои байналхалқӣ соли 2019 ба Тоҷикистон дар рейтинги мамлакатҳои ИДМ аз рӯи ММД ба ҳар сари аҳолӣ ҷои сеюмро ишғол намудан мушарраф гардид.
Расми 2. Суръати рушди ММД ба ҳар сари аҳолӣ (бо %)
Ҳарчанд нишондиҳандаи зикршуда нисбатан беҳтар аст, вале талаботи ҳозираи рушди мамлакатро қонеъ гардонида наметавонад. Бинобар ин, кӯшиш бояд кард, то дар оянда нишондиҳандаҳо хубтар гардида, кишвар мавқеи баландтарро соҳиб шавад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф дар мамлакат иқтидори хуб мавҷуд аст, вале то ҳол ба гардиши истеҳсолӣ ворид карда нашудааст.
Ба ҳисоби миёна дар мамлакат суръати ҳарсолаи рушд 7 фоизро ташкил мекунад, ки самараи кори субъектҳои хоҷагидорӣ, дурустии стратегияи қабулшуда ва татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷамъият мебошад.
Расми 3. Суръати афзоиши ММД дар солҳои 1991 — 2019
(бо фоиз нисбат ба соли гузашта)
Яъне, маълум мегардад, ки то соли 1997 дар мамлакат раванди пастравӣ ё таназзули иқтисодиёт ба мушоҳида мерасид, хушбахтона, аз соли 1997 боздоштан ва аз нав барқарор кардани он муяссар шуд. Баъдан, аз соли 2000 то соли 2019 дар суръатафзоии ММД ба ҳисоби фоиз пешравии назаррас ба амал омад. Агар ин тамоюлро дар байни мамлакатҳои ИДМ таҳлил кунем, аз рӯи индикатори мазкур Тоҷикистон ҷои якумро ишғол мекунад, ки дар ин бора маълумоти расми 1 шаҳодат медиҳад.
Расми 4. Суръати афзоиши ММД (бо фоиз)
Дар ҳақиқат, байни мамлакатҳои ИДМ тайи се соли охир Тоҷикистон аз рӯи индикатори афзоиши ММД дар қатори пешсафон ҷойгир шудааст. Дарвоқеъ, бояд гуфт, ки индикаторҳои макроиқтисодӣ ба афзоиши даромади давлат маҳз дар марҳилаи созандагии рушди кишвар мусоидат кард. Ин нуктаро бо нишондиҳандаи афзоиши даромад ба буҷети давлатии ҷумҳурӣ асоснок кардан мумкин аст, ки дар расми 4 инъикос ёфтааст.
Расми 5. Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои 2000-2019 (млрд. сомонӣ)
Соли 2000 даромади буҷети давлатӣ 0,3 млрд. сомониро ташкил кард, соли 2010 ба 7 млрд. сомонӣ расид. Соли 2019 то 23 млрд. сомонӣ зиёд гардид, ки аз пешравии назаррас дар соҳаи иқтисодиёт шаҳодат медиҳад. Беҳтар гардидани ҳама индикатори макроиқтисодӣ бо назаррас коҳиш ёфтани суръати таваррум ба амал меояд. Муқоисаи сатҳи таварруми мамлакатҳои ИДМ дар расми 6 оварда шудааст.
Расми 6. Сатҳи таваррум дар мамлакатҳои ИДМ (бо фоиз)
Ҳарчанд нишондиҳандаи зикршуда нисбатан қаноатбахш аст, барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволӣ ва самаранокии ислоҳоти макроиқтисодӣ дар оянда оид ба танзими он тадбирҳо андешидан лозим аст.
Татбиқи самарабахши стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ оид ба барқарор кардани иқтисодиёт ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба коҳиши сатҳи қашшоқӣ низ дар мамлакат таъсири назаррас расонид, ки он дар расми 7 инъикос ёфтааст.
Расми 7. Тамоюли коҳиши қашшоқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз рӯи нишондодҳо бармеояд, ки сатҳи қашшоқии 81 фоизи соли 1999 соли 2019 то 27,5 фоиз поён фароварда шудааст. Ин нишондиҳанда дар беҳтар намудани некуаҳволии моддии аҳолии мамлакат комёбии назаррас аст ва он натиҷаи афзоиши бемайлони ҳаҷми даромади пулии аҳолӣ мебошад, ки дар расми 8 оварда шудааст.
Расми 8. Даромади пулии аҳолӣ тайи солҳои 2000-2019 (млрд. сомонӣ)
Таъкид кардан зарур аст, ки агар ҳангоми муайян кардани рақобатпазирии миллӣ диққати асосӣ ба таъминнокии мамлакат бо захираҳо ва арзонии онҳо дода шавад, алҳол ба мадди аввал самарабахшии онҳо, инноватсионӣ будан ва аз лиҳози технологӣ тараққӣ ёфтани захираҳо мебарояд.
Мувофиқи маълумот, кишвар аз рӯи баъзе аз параметрҳои рақобатпазирӣ аз сатҳи мамлакатҳои ИДМ, ки дар боло баррасӣ гардид, ақиб мемонад, аз рӯи баъзе параметрҳои дигар бошад, дар сатҳи миёна қарор дорад. Ин нукта мубрамияти мавзӯъро тасдиқ карда, дар назди мақомоти ваколатдори ҳокимият оид ба қабули тадбирҳои мувофиқ барои ба даст овардани мақсадҳои давлатӣ вазифаҳои нав мегузорад.
Дар марҳилаи ҷории рушди Тоҷикистон, вақте ки аксар субъектҳои хоҷагидор норасоии захираҳои молиявиро эҳсос мекунанд, дастрасии захираҳои қарзӣ барои ташаккули муҳити барои тиҷорат мусоид аҳамияти калон дорад. Дар ин масъала Тоҷикистон баъди Беларус ҷои 71-умро ишғол мекунад, ки ин нишондиҳанда дар бораи сатҳи нисбатан пасти дастрасии молиявии қарздиҳӣ ба корхонаҳо шаҳодат медиҳад. Дар шароити муосир, вақте ки ислоҳоти бозорӣ суръат меафзояд, тартиби андозбандӣ омили аз ҳама муассир ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон аз рӯи сабукии пардохти андози корхонаҳо ва дигар субектҳои бизнес ҷои 139-умро ишғол мекунад ва баъди мамлакатҳои ИДМ қарор дорад.
Дар давраи татбиқи ислоҳоти бозорӣ амалан дар ҳама соҳаи бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон сатҳи пасти ҳосилнокии меҳнат мушоҳида мешавад. Ин ҳолат натиҷаи қафомонии технологии истеҳсолот ҳисоб мегардад, ки бо ҷорӣ намудани инноватсия алоқаманд аст. Ҳавасмандгардонии фаъолнокии инноватсия дар Тоҷикистон алҳол беҳбудӣ мехоҳад, зеро чунин меъёр, аз қабили омодагии технологӣ, ки сатҳи ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами навтаринро ба истеҳсолот ифода мекунад, дар вазъи ғайриқаноатбахш қарор дорад.
Дар самти тақвияти фаъолияти инноватсионии корхонаҳои Тоҷикистон тадбирҳои зеринро амалӣ гардонидан лозим аст:
1. Ба роҳ мондани шаклҳои махсуси шарикии байни давлат ва бизнес дар бобати ҷорӣ намудани коркардҳои инноватсионӣ;
2. Дар сатҳи баланд кафолат додани ҳифзи моликияти зеҳнӣ;
3. Инкишоф додани кооператсияи истеҳсолии байналхалқӣ.
Дар иртибот ба гуфтаҳои боло самтҳои зеринро аз ҷумлаи самтҳое шумурдан мумкин аст, ки ба фароҳам овардани шароити мусоиди хоҷагидорӣ нигаронида шудаанд:
Самти аввал — ислоҳот дар низоми институтҳои идоракунии давлат.
Дар ин самт зиддияти зерин вуҷуд дорад: ҳоло давлат ба неруи пешбарандаи ислоҳот табдил меёбад, ки ин ҳолат, аз як тараф, афзоиши дахолати онро ба иқтисодиёт тақозо мекунад, аз ҷониби дигар, қонунҳои рушди бозор коҳиши иштироки давлатро дар иқтисодиёт талаб менамоянд. Бинобар ин, дигаргуниҳои институтсионалӣ дар низоми танзими маъмурӣ бояд ба баланд бардоштани шаффофият, ҳисси масъулияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, роҳ надодан ба унсурҳои коррупсионӣ нигаронида шаванд, зеро маҳз ҳамин омилҳо муваффақияти ислоҳоти дар ҷамъият татбиқшавандаро таҳти суол қарор медиҳанд.
Самти дувум – инкишофи институтҳо оид ба фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ, ки рушди бахши соҳибкориро дар хоҷагии миллӣ зарур месозад.
Самти севум – ҳавасмандгардонии ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ тавассути пешниҳоди кафолатҳои давлатӣ.
Самти чорум – инкишофи сармояи инсонӣ тавассути такмили фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ. Дар ин самт таъмини аҳолӣ бо таҳсилот ва хизматрасонии хушсифат дар соҳаи тандурустӣ мубрамият пайдо мекунад.
Самти панҷум аз байн бурдани коррупсия, кам кардани бори маъмурии соҳибкорон, рафъи монеаҳо дар вуруд ба бизнес ва ҳавасмандгардонии муҳити рақобат дар иқтисодиёти миллӣ мебошад.
Турақул РИЗОҚУЛОВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор,
Юсуф НУРМАҲМАДОВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент