Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23-юми декабри соли 2022 вобаста ба истифодаи неруи барқ чунин қайд шудааст: «Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Чунонки борҳо таъкид кардаам, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», кишвари мо дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд. Аз рӯи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад.
Дар сурати истифодаи неруи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нефтӣ коҳиш дода, ба ин васила, ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат мусоидат намуд».
Олими ҷавон, ходими илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаллифи китоби «Усулҳои тавлид, интиқол, истифода ва сарфаи энергияи электрикӣ» Наримон Юсуфбеков асри XXI-ро асри энергия мегӯяд. Зимни суҳбат андешаашро шарҳ дода, аз ҷумла гуфт: «Асри навро ҳар гуна номгузорӣ мекунанд – ҳам асри ядроӣ, ҳам кайҳонӣ ва ҳам иттилоотӣ — компютерӣ, аммо аз нигоҳи имрӯз шояд мафҳуми «асри энергия» дурусттар бошад. Имрӯз хонаҳо пур аз асбобҳои электрикӣ, ба мисли дарзмол, чангкашак, мошинаҳои ҷомашӯӣ, оинаи нилгун, компютер ва ғайра мебошад. Дар кӯчаҳо трамвай ва тролейбусҳо, дар роҳҳои оҳан қатораҳо бо энергияи электрикӣ ҳаракат мекунанд. Автомобилҳои сабукрави барқӣ низ ба зиндагиамон ворид шуд. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз соли 2021 то имрӯз ба ҷумҳурӣ 1,4 ҳазор электромобил ворид шудааст, ки намунаи онро дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои кишвар дидан мумкин аст».
Наримон Юсуфбеков иброз дошт, ки имрӯз барои тавлиди энергияи барқӣ аз воситаҳои гуногун истифода мешавад, яъне дар табиат манбаъҳои истеҳсоли неруи барқ — неругоҳҳои обӣ, бодӣ, офтобӣ, атомӣ, ҳидрогенӣ зиёданд. Дар кишварҳои гуногуни дунё вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон чунин неругоҳҳоро месозанд. Тоҷикистон дар ин маврид имконоти зиёд дорад. Худованд ба мо обу дарёҳои зиёде ато кардааст, ки онҳо манбаи бузурги истеҳсоли неруи барқи арзон мебошанд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикӣ рушди ин соҳаи ҳаётан муҳимро ба роҳ монда, расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар қарор додааст. Дар кишвар неругоҳҳои нави барқи обӣ бунёд ёфта, неругоҳҳои мавҷуда тармиму таъмир мешаванд. Имрӯз иншооти бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба майдони нангу номус табдил ёфтааст. Бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин неругоҳи азим бомаром идома ёфта, бо ин мақсад дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд ва алҳол ду агрегати он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Неругоҳи барқи обии «Норак» яке аз манбаъҳои асосии тавлиди барқи мамлакат аст, ки беш аз ним аср фаъолият мекунад. Яке аз агрегатҳои ин иншооти азим баъди таҷдиду тармим бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 меговат моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин нукта дар Паёми Президенти мамлакат ҷой дошта, ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба Неругоҳи барқи обии «Норак» умри дубора бахшида, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад. Дар ҷумҳурӣ бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ корҳои шоиста идома доранд ва ҳоло дар соҳа боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ татбиқ мегардад. Тавре дар Паёми Президент иттилоъ дода шудааст, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодию офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад. Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир иқтидори кории Неругоҳи барқи обии «Норак» 775 мегаватт зиёд мегардад. Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд.
Солҳои охир дар баъзе корхонаю муассисаҳо, ширкатҳо ба талафоти техникии барқ роҳ медиҳанд, ки ин ба вазъи молиявии онҳо таъсири манфӣ расонида истодааст. Ҳамсуҳбати мо дар мавриди истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар зиндагӣ андешаҳои ҷолиб баён кард:
- Сарфаи энергияи электрикӣ маънои маҳдуд кардани истеъмоли онро надорад. Ба хотири сарфа набояд чойро ноҷӯшида нӯшид, ғизои нопухта хӯрд ва ё дар торикӣ бо зинапояҳо ба ошёнаҳои боло баромад, вале одам бояд неруи барқро ба қадри зарурат сарфа кунад. Масалан, инсони сарфакор вақте чойро меҷӯшонад, ки он воқеан зарур аст, ҳамон қадар обро ҷӯшонад, ки талаботро қонеъ кунад. Имрӯз аз воситаҳои электрикии фаровон истифода мебарем, аммо дар лаҳзаҳои нодаркор будан хомӯш кардани онҳоро фаромӯш мекунем. Бояд ҳушдор дод, ки асбобҳои электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунанд. Набояд тамоми рӯз копютерро дар ҳолати корӣ нигоҳ дошт. Хуб мебуд ҳангоми танаффус ва ё дамгирӣ онро хомӯш намоем. Таҷҳизоти иловагӣ, ба монанди принтер ва сканнерро ба шабака танҳо ҳангоми зарурат пайваст кардан мебояд.
Воқеан, мо баъзан ба ин амалҳо диққат намедиҳем, ҳол он ки ҳар нафар дар истифодаи сарватҳои барои зиндагиамон зарурӣ, ба монанди об, неруи барқ, агар сарфакор бошад, манфиату баҳрабардорӣ боз ҳамон қадар зиёд мешавад.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»