Ҳушдор

Асри иттилоот. Аз чӣ бояд эҳтиёт шуд?

№118-119 (4701-4702) 03.10.2023

Media technologiesИттилоъ, ки ба андешаи коршиносон қудрати сафарбарнамоӣ дорад, аслан барои ду ниҳод: хабарнигорон ва созмон ё гурӯҳҳое, ки ҳадафҳои мушаххас доранд, аслиҳа ба ҳисоб меравад. Журналистон иттилоъро сарфи назар аз он ки мусбат аст ё манфӣ ба ҷомеа мерасонанд, аммо бештари иттилое, ки имрӯз баъзе созмон ё гурӯҳҳои алоҳида паҳн месозанд, муғризонаанд.

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

Ифротгарои дин нафаре шинохта мешавад, ки дар фаҳмиши меъёрҳои дин ва дар амал кардан аз ҳад мегузарад.

Ба гуфти коршиносон, ин тоифа аз таълимоти асили динӣ дур монда, динро ба таври рӯякӣ, маҳдуд, танг мефаҳманд ва дар доираи ҳамин фаҳмиши худ амал менамоянд. Талош мекунад тафаккур ва зиндагии дигаронро ба тарзи тафаккур ва зиндагии худашон монанд созанд. Яъне, ҳам идеологияи мардумро тағйир додан мехоҳанд, ҳам сиёсати давлатдориро. Ташвиш­овар он аст, ки ҳоло ин гурӯҳҳо дар фазои интернет, ки босуръаттарин роҳи паҳн намудани иттилоот аст, хеле фаъол мебошанд.

Барои пешгирии ин раванд ва ҳимояи фазои иттилоотӣ аз ҷониби сох­торҳои қудратии мамлакат чораҳои зиёде андешида мешавад. Тибқи маълумоти дастрас Суди Олии Тоҷикистон, аз соли 2006 то соли 2019 фаъолияти 18 созмону гурӯҳро террористӣ ва ифротгаро эътироф ва фаъолияташонро дар қаламрави кишвар (онҳо дар қаламрави дигар давлатҳо ба фаъолияти ифротгаройӣ ва террористӣ машғуланд) манъ намудааст. Инҳо «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии «Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби исломии Туркис­тон», «Ҳаракати «Толибон», «Бародарони мусалмон» (Ихвон-ул-Муслимин), «Лашкари Тайиба», «Гурӯҳи исломӣ» («Ҷамъияти исломии Покис­тон»), «Ҷамъияти Таблиғ», «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Салафия», «Гурӯҳи 24» «Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ баъдан «Давлати исломӣ»), «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҳизби наҳзати исломӣ» «Паймони миллии Тоҷикистон» мебошанд. Албатта, ин гурӯҳҳо, тибқи қонунгузорӣ дар ҳудуди кишвари мо ҳуқуқи фаъолият кардан надоранд, аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо дигар аз ин хатар эмин мебошем. Мушкил ин аст, ки чун ин гурӯҳҳо ба воситаи шабакаи интернет дар ­бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикис­тон низ фазо сохта, боиси гумроҳии баъзе ҷавонон гардиданд.

- Аз таҳлилҳое, ки чанде пеш доштем, маълум гардид, ки шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нисбат ба солҳои қаблӣ кам гардидааст. Барои пешгирии ин тамоюл Ҳукумат ва ниҳодҳои қудратии он дар ноҳия­ҳои мамлакат чорабиниҳои зиёд гузаронданд, ки ин хуб аст, аммо кофӣ нест, зеро 99 дарсади ҷавонони мо, дар фазои маҷозӣ, ки терроризму ифротгаройӣ тарғиб мешаванд, ҳузур доранд, — гуфт директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ.

Гурӯҳи дигар ба фарқ аз ифротгароёну террористон бе яроқанд, аммо дар маҷмӯъ, ҳадафҳои монанд доранд. Ин гурӯҳҳо низ манофеи худ­ро тавассути иттилоърасонӣ амалӣ менамоянд.

Омӯзиши фазои иттилоотӣ, хосса шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук», «Ютуб», «Инстаграмм» нишон медиҳад, ки ин гурӯҳҳо мардумро аз тариқи ин шабакаҳо ҳадафмандона мағзшӯйӣ менамоянд. Бисёр маврид ба иттилои муғризона, ноаён ба зеҳни ҷавонони ҳанӯз маърифати сиёсию ҳуқуқиашон шакл нагирифта як навъ рӯҳия норозигӣ нисбат ба сиёсати давлатӣ ба вуҷуд оварда, (ҳадафи асосиашон ҳамин аст) онҳоро ба «таҳаввулот» даъват месозанд. Чунончи, аз воқеаҳои нохуше, ки соле қабл дар ВМКБ рух дод. Дар ҳамон айёми барои кишвари мо ҳассос тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна матолиби дурӯғу иғвоангез паҳн намуда, амалҳои зиддиқонунии баъзе ҷавононро дуруст ва қаҳрамонӣ мехонданд.

Сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегӣ Зубайдулло Давлатов иброз дошт, ки:

- «Албатта, ба воситаи интернет андешаи инсонро дар як ё ду моҳ тағйир додан ғайриимкон аст, аммо ин амал метавонад оҳиста — оҳиста анҷом пазирад. Рушди технология ва интернет, ки ҳама ба он дастрасӣ доранд, имкон фароҳам оварда, ки ҳар кас ҳар иттилоеро мехоҳад паҳн менамояд, аммо ин фазо манбаи боэътимод нест. Ташвишовар он аст, ки мардум инро камтар сарфаҳм мераванд. Агар хоҳем тарзе кунем, ки иттилои иғвобарангези душманони миллатамон ворид нагардад, ин ғайриимкон аст. Фақат лозим аст тафаккури шаҳрвандонро тағйир диҳем. Онҳо бояд тафаккури таҳлилӣ дошта бошанд. Манбаи иттилоъро аз якчанд расона ҷустуҷӯ ва онро тафтиш кунанд».

ТАҲМИЛИ ФАРҲАНГИ БЕГОНА

Мушкили дигар ин аст, ки баробари рушди воситаи иттилоърасонӣ ва ихтирои дастгоҳҳои ҷадид, фарҳанги ғайр таҳмил мешавад. Чунин вазъияте, ки дар ҷаҳони муосир пеш омадааст, албатта, барои ҳамаи халқу миллатҳо нигаронкунанда мебошад, зеро фарҳанг воситаи муҳими ҳастӣ ва муаррифии ҳар миллати хос аст.

Тавре фарҳангшинос Дилшод Раҳимӣ зикр намуд: «Фарҳанг низ ташаккул меёбад, зеро падидаи зиндаи ҳаёт аст. Фарҳанги ҷаҳонӣ, ки фарҳанги тоҷик як ҷузъи он аст, пеш меравад ва фарҳангҳои гуногун ба ҳам омезиш меёбанд. Омезиши фарҳангҳо барои ҳар қавму халқу миллат таъсири манфӣ дорад, зеро намунаҳои фарҳанги бегона тадриҷан унсурҳои фарҳанги худиро фишор дода, мавқеашонро соҳиб мешаванд. Ин омезишу резиши фарҳанги бегона ба ҳувияти фарҳанги ҷавонон беасар намемонад. Чун фарҳангу арзишҳои дигари маънавӣ ба унсурҳои бегона махлут шуданд, ҳувият заиф мегардад».

Воқеан чунин аст. Таъсири манфиро ҳоло дар ороиши мӯй, рӯй, тарзи либоспӯшии ҳам бонувон ва ҳам мардон, рақсу суруду мусиқӣ ва дигар арзишҳои фарҳангӣ ошкоро метавон мушоҳида намуд.

Ин мисолҳо исбот менамоянд, ки фазои иттилоотӣ ва интернет (ҳарчанд садҳо мушкиламонро осон менамоянд) бехавф нестанд. Ин фазо ҳоло майдони набард аст: набарди идеологӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ. Агар дар бархӯрд бо чунин муносибат зирак ва қавӣ набошем, мағлуб хоҳем шуд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»