Солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ миёни дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Тоҷикистон аз рӯи ҳама нишондиҳанда ҳамчун кишвари намунавӣ ном бароварда буд. Оромию осудагӣ ва дӯстию рафоқат миёни халқҳои гуногун оилаи ободу зеборо мемонд. Амнтарин ҷумҳурии собиқ ИҶШС Тоҷикистон буд ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи хеле баланд қарор дошт.
Вале солҳои навадуми асри гузашта бадхоҳону бадкешон ва хиёнаткорону душманон бо истифода аз бовару эътиқоди мардум оромию осудагии халқ ва ободию сарсабзии кишварро ба боди фано доданд. Онон барои пиёда кардани нақшаҳои нопоки хоҷагони хориҷӣ ва дастурдеҳонашон мардумро ба майдоннишиниву сангаргирӣ даъват карда, роҳи рушди миллату меҳанро боздоштанд. Гузашта аз ин, барои гумроҳ намудани мардум ва маҳви илму дониш, гурӯҳе аз олимону донишмандон, адибону рӯзноманигорон, умуман, эҷодкорону зиёиёнро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ба қатлу куштори рӯшанфикрону озодандешони тоҷик қаноат накарда, намояндагони ташкилоту созмон ва давлатҳои хориҷӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва меҳмонону сайёҳонро низ бераҳмона нобуд карданд.
Яке аз он нафарон намояндаи халқи Ҷопон, профессори Донишгоҳи Сукуба Акино Ютако мебошад, ки дар ҳайати намояндагони Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон фиристода шуд. Ин олими борикбин, чун фарзанди фарзонаи Шарқ неруи ақлониро баҳри барқарорсозии сулҳ равона кард. Профессор А. Ютако дарди дили ҳар тоҷикро дарк менамуд ва ҳамеша ғами мардумро мехӯрд. Ӯ дақиқан дарк менамуд, ки Тоҷикистон дар чӣ гуна вазъи мураккаб қарор дорад ва аз ин рӯ, дар ҳайати СММ имконоташро ба кор мебурд, то сулҳ барқарор шавад. Аз ин рӯ, ҳар хурду бузурги кишвар, ки ӯро мешинохтанду медонистанд, аз марҳум бо миннатдорӣ ёд мекунанд ва мактаб — интернате ҳам ба номи ӯ гузошта шудааст.
Бо вуҷуди ин қадар талош дар роҳи расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон террористони наҳзатӣ бо мақсади барангехтани кинаву адоват, паст задани номи тоҷику Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон 20 июли соли 1998, ҳангоме мошини кормандони СММ аз самти Ҳавзи Кабуд ба самти ноҳияи Нуробод ҳаракат мекард, дар мавзеи Фарови деҳаи Ёнур профессор Акино Ютакаро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Се террористи наҳзатӣ – Мирзомуддин Валиев, Ёқубҷон Дарвешов ва Сайраҳмон Довудов тибқи дастур дар мавзеи зикршуда, пеши роҳи мошини кормандони СММ-ро гирифтанд, ки дар он майор Ричард Шевчек (аз Лаҳистон), ронанда-тарҷумон Ҷӯраҷон Маҳрамов (аз Тоҷикистон), майор Адолф Шерпегул Уруевич (аз Олмон) ва профессор Ютако Акина (аз Ҷопон) менишастанд.
Террористони наҳзатӣ онҳоро аз мошин берун кашида, аввал Ҷӯраҷон Маҳрамовро мепарронанд. Профессори ҷопонӣ ин амали ноҷавонмардонаро дида, худашро ба болои ҷисми беҷону дар хоку хун оғуштаи Ҷӯраҷон мепартояд. Акино Ютако мехост бо ҷисми худ ӯро хифз намояд. Ёқубҷон — террористи наҳзатӣ бошад, боқимондаи тирҳои автоматро ба бадани профессор холӣ мекунад. Ронанда Ричардро Мирзомуддин ва Адолфро Сайраҳмон мекушанд. Чун аз ҷониби роҳбарияти ТТЭ ҲНИ масъули ин амалиёти террористӣ Мирзомуддин таъин гардида буд, ӯ ба Ёқубҷону Сайраҳмон супориш медиҳад, ки ҳама чизҳои қиматбаҳои чаҳор корманди СММ-ро ғорат намоянд.
Бо вуҷуди ин кирдори разилонаву бешарафонаи террористони наҳзатӣ, пас аз қатли ваҳшиёнаи профессор Акино Ютако котиби давлатии Ҷопон ҷаноби Кейзо Такеми ба Тоҷикистон ташриф овард ва саҳифаи нави ҳамкориҳоро бо меҳани мо боз кард. Зеро халқи Ҷопон хуб дарк мекунад, ки террористон миллат надоранд. Наҳзатиёни қотил ба хотири пиёда кардани нақшаҳои нопоки хеш ба ҳар гуна амалҳои ноҷавонмардона даст мезананд ва дигаронро низ олуда кардан мехоҳанд. Бо дарки ин мазмун, Ҳукумати Ҷопон ин амали ноҷавонмардона, яъне қатли профессор Акино Ютакоро интиқод карда, «Маҷмӯаи дастгирии сулҳи Тоҷикистон» — ро эълон кард ва тасмим гирифт, ки дар давоми панҷ сол шумораи иштирокчиёнро ба 500 нафар расонад.
Ҳамин тавр, террористони наҳзатӣ, ки ҳамеша таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор доранд, давлатро ба гирдоби низоъ кашида, аксари роҳбарони онҳо исломгароёни ифротӣ мебошанд ва маҳз онон мехостанд, мардумро бо таҳдиди туфангу шамшер зери таъсири худ қарор диҳанд. Террористони наҳзатӣ, ки зери шиори динӣ — мазҳабӣ фаъолият мекарданд, боиси бадбахтии мардуми бечора гашта, мардони озодандешу адолатпарвар ва ходимони ҷамъиятиву сиёсии дохиливу хориҷиро бо хурофоту таассуб ба қатл мерасониданд. Аз ин рӯ, А. Ютако, ки дар ободию сулҳу салоҳ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта буд, қурбонии ҷаҳолат ва ҷинояти ноҷавонмардонаи террористони наҳзатӣ гашт. Ин созмони террористӣ дар муқобили халқ қарор гирифта, шахсиятҳои обрӯмандро, ки бо рафтору фаъолияташон дар миёни ҷомеа мақому эътибори барҷаста доштанд, фоҷиабор несту нобуд мекард.
Соли равон, ки аз марги фоҷиабори профессор А. Ютакои хайрхоҳи мардум 23 сол сипарӣ мешавад, бо ин чанд ҷумлаи кӯтоҳ хостем хидматҳои барҷастаашро дар роҳи расидан ба сулҳ ёдовар шавем ва рӯҳи ӯро шод гардонем.
Ардамеҳр АШӮРЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ