Аттестатсия дар БДА

№97 (4680) 02.08.2023

Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолиятро сардори РБДА, генерал – майори милитсия Рустам Мирзомуродзода шарҳу тавзеҳ дод

РАСМИ МИРЗОМУРОДЗОДА — копияТавре огоҳем, 12-уми июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд. Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзомуродзода сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Сардори давлат зимни суҳбат бо ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти зикргардида фаъолияти соҳаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ёдовар шудан барои тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд. Вобаста ба ин масъала 14-уми июли соли равон Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №398 ба тасвиб расид.

Дар оғози суҳбат аз сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзомуродзода дар бораи чораандешӣ вобаста ба супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурсон шудем. Маълум гардид, ки вобаста ба ин масъала аз 25 — уми июли соли равон аттестат­сияи кормандон дар Раёсати БДА шурӯъ шуд. Минбаъд он дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва маркази вилоятҳо идома хоҳад ёфт. Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, тамоми кӯшиш ба он равона шудааст, ки он дар сатҳи хубу сифати баланд доир гардад.

- Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳим комиссияи босалоҳият, ки аз кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар сохторҳои дахлдор таркиб ёфтааст, таъсис дода шуд. Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои кормандони соҳа дар арафаи аттестатсияи давлатӣ китобчаи «Саволу ҷавоб барои аттестатсияи давлатӣ»-ро таҳия намуд, ки он фарогири саволу посухҳои мушаххас, ки барои аттестатсия муфиданд, мебошад. Корманди БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бояд содиқу арҷгузор будани худро ба муқаддасоти миллӣ ба маъраз гузорад. Бо гуфтору рафтор ва кирдори хеш намунаи ибрат буда, қобилияти кор бо техникаю технологияи муосирро доро бошад.

Мо минбаъд тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳем дод, ки зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шавад. Боварии комил дорем, ки баъди гузаронидани аттестатсияи давлатӣ марҳилаи сифатан нави такомули ниҳод шурӯъ гардида, минбаъд обрӯи кормандони БДА дар ҷомеа баланд хоҳад шуд, — мутмаин аст номбурда.

- Азбаски аттестатсияи навбатӣ бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, талабот бениҳоят ҷиддӣ буда, донишу малакаи касбии кормандон, донистани қарору қонунҳои амалкунандаи кишвар, огоҳии сиёсӣ, одоби муошират, садоқат ба арзишҳои миллию давлатӣ баҳогузорӣ хоҳад шуд. Мутаассифона, таҳлили рӯзҳои аввали аттестатсия аз он шаҳодат медиҳад, ки дар байни кормандони БДА ашхоси тасодуфӣ низ ҳастанд, — афзуд сардори БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Рустам Мирзомуродзода аз овардани далелҳои мушаххас оид ба натиҷаи рӯзҳои аввали аттестатсия худдорӣ намуда, гуфт, ки баъд аз анҷоми он маълумоти муфассал пешниҳод хоҳад шуд.

АТТЕСТАТСИЯ, ЯЪНЕ ЧӢ?

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», аттестатсия — тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ тасниф шудааст. Дар моддаи 20-уми ин санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст, ки «Аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ бо мақсади муайян кардани мувофиқат ба мансаби ишғолнамуда ва таъмини болоравии касбӣ, аттестатсияи хизматчии давлатии маъмурӣ (ба истиснои хизматчиёни давлатие, ки мансаби сиёсии хизмати давлатӣ ва мансаби маъмурии хизмати давлатии категорияи олиро ишғол мекунанд) гузаронида мешавад». Қобили зикр аст, ки тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмуриро Низомнома, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян менамояд.

ҲАРАКАТ ДАР РОҲ. АЗ ҲУҚУҚ ТО УҲДАДОРӢ

- Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90 — уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд.

Аксари инфрасохтори соҳаи нақлиёт корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад ва робита зарур буд. Ҳамон вақт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд: «Яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш бероҳӣ, мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободонию бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то барои бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад, — гуфт ­Рустам Мирзомуродзода.

Роҳбари давлат бо қатъият иброз ­дошта буданд, ки «ҳадафи асосии Ҳукумат бо бунёду сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, туннелу пулҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ва аз тариқи онҳо дар байни тамоми минтақаҳои мамлакат фароҳам овардани робитаҳои нақлиётӣ, инчунин ба як қаламрави воҳид табдил додани Ватани азизамон мебошад». Дар ин замина корҳои зиёд амалӣ гардида, на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар тамоми фаслҳои сол байни манотиқи мамлакатамон таъмин гардид, инчунин аз тариқи қаламрави кишвари худ барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо низ шароити мусоид фароҳам омад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки «калимаи «роҳ» дар фарҳангҳои тафсирӣ ба маънои «ростӣ» низ меояд ва ибораҳои «роҳи рост» ва «роҳи сафед», ки асосан покиву накӯкорӣ ва дуои некро ифода месозанд, дар адабиёти фарҳангофарину тамаддунсози тоҷикон собиқаи чандинҳазорсола дорад. Бинобар ин роҳсозию роҳкушоӣ дар ҳама давру замон нишонаи рушди мамлакат, пайвандгари фарҳанг ва маданияти ҳамон насл ба ҳисоб меравад».

Масъалаи мазкурро шарҳ дода, ҳамсуҳбатам афзуд, ки ҳаракат дар роҳ маҷмӯи муносибатҳое мебошад, ки дар раванди ҳаракати одамон ва борҳо бо ёрии воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меояд. Тибқи талаботи қонунгузории кишвар, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ шахсоне, ба ҳисоб мераванд, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигар, ки барои аз як ҷо ба ҷои дигар расонидани мусофирон ва кашондани борҳо тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон ва ғайра иштирок менамоянд. Хоса будани таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва парлумони мамлакат дар он зоҳир мегардад, ки тибқи муқаррароти қонунгузорӣ вазоратҳо, идораҳо ва иттиҳодияҳо дар доираи салоҳият бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд, барои иҷрои барномаҳои давлатӣ ва соҳавии ҳаракат дар роҳ масъулият доранд, доир ба ҳаракат дар роҳ санадҳое мебароранд, ки хилофи қонунгузорӣ намебошанд, иҷрои тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҳайати онҳо дохиланд, таъмин мекунанд.

Коллаж2 копия — копия- Иштирокчиёни ҳаракати роҳ вазифадоранд, ки талаботи қонунгузорӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёриро оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, то ҷое ки барояшон дахл дорад, донанд, барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амалҳо ё беамалӣ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ зиён нарасонанд. Илова бар ин, қонун муқаррар кардааст, ки чунин ашхос товони зиёнеро, ки бо айби онҳо бинобар риоя накардани талаботи қонун дар бораи ҳаракат дар роҳ расонида шудааст, ҷуброн кунанд, амри мақомоти назорат ва боз­расии давлатиро оид ба риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳаракат дар роҳ иҷро намоянд, — таъкид кард ҳамсуҳбатам.

ЗИЁДШАВИИ НАҚЛИЁТ МАСЪУЛИЯТИ КОРМАНДОНИ БДА-РО АФЗУДААСТ

Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва аз баракати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар беш аз пеш беҳбудӣ меёбад. Яке аз нишондиҳандаҳои некуаҳволии мардум қариб дар ҳар хонадон мавҷуд будани автомобилҳои гуногунтамға ба ҳисоб меравад, ки дар замони давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ на барои ҳама муяссар мешуд. Далелу арқоми мавҷуда шаҳодат медиҳад, ки он айём дар деҳаи калон, ки то 1000 нафар сокин дошт, ҳамагӣ 1-2 автомобил мавҷуд буду халос.

Дар раванди суҳбат иттилоъ гирифтам, ки ҳоло дар мамлакат теъдоди нақлиёти шахсӣ бесобиқа зиёд гардида, ин нишондиҳанда мунтазам рӯ ба афзоиш аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии кулли қишрҳои ҷомеа ба воситаҳои нақлиёт тамоми шароит, аз ҷумла заминаи қонуниро фароҳам овардааст ва маҳз ҳамин омил боиси тамоюли афзоишро касб намудани шумораи автомобилҳо дар кишвар гардид. Дар ҳоле ки аксари кишварҳо барои воридоти воситаҳои нақлиёт, вобаста ба соли истеҳсолашон, як силсила маҳдудият ҷорӣ намудаанд, Роҳбари хирадсолори давлатамон бо такя ба арзишҳои раиятпарварӣ ин пешниҳодро рад намуданд.

- Табиист, ки дар ин замина, яъне афзоиши бесобиқаи теъдоди воситаҳои ­нақлиёт, ­масъулият ва вазифаҳои кормандони Боз­расии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат зиёд гардида, аз онҳо тақозо мешавад, ки фаъолияташонро дар сатҳи хуб, сифати баланд ва ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳони муосир роҳандозӣ намоянд,- таъкид намуд генерал – майори милитсия Рустам Мирзомуродзода.

Ташкили низоми мутамарказ бо истифода аз технологияҳои ҷадиди соҳа, бунёди равзана ва утоқҳои алоҳида барои сари вақт хизмат расонидан ба шаҳрвандон, мавриди истифода қарор гирифтани марказҳои инноватсионии омӯзиш ва имтиҳоноти ронандагӣ, марҳилаи якуми Лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар», сода гардидани раванди бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ва ғайра аз ҷумлаи навгониҳои соҳа мебошанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳафт Пойгоҳи инноватсионии ронандагӣ (автодром) фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо омӯзиш ва имтиҳоноти назариявию амалии ронандагӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад. Тамоми дарсҳо, имтиҳонҳои назариявӣ ва ҳар ду марҳилаи санҷиши амалии маҳорати ронандагӣ, яъне ҳам дар майдони таълимӣ ва ҳам дар роҳҳои шаҳрӣ таҳти назорати камераҳои мушоҳидавӣ ва дигар воситаҳои электронии пайваст ба шабакаи ягонаи мутамарказ ҷараён мегирад ва касе ба ин раванд дахолат карда наметавонад. Имтиёзҳо барои супоридани ҳар як банду саволи имтиҳоноти назариявию амалӣ ва ҳам баҳои умумии довталаб аз ҷониби барномаи махсуси компютерӣ гузошта мешавад. Дар сурати зиёд шудани иштибоҳ дар ҷараёни имтиҳон компютер ба таври автоматӣ хабар медиҳад, ки довталаб аз санҷиш нагузашт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ташаббус қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки «барои кам кардани шумораи қоидавайронкуниҳо, садамаҳои нохуши нақлиёт, коҳиш додани ҳолатҳои фавтидану осеббардории шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани маданияти ронандагон дар роҳҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда босамар истифода бояд бурд».

- Дар маҷмӯъ, азми мо қавӣ ва ниятамон нек буда, бо сармашқи кор қарор додани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоем, ки камбудиҳо бетаъхир бартараф гардида, фаъолият беҳбуд ёбад,- гуфт дар фарҷоми суҳбат Рустам Мирзомуродзода.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»