Дар партави Паёми Президент

Қавлу амали як тоҷики ватандӯст

№57 (3042) 14.05.2013

DSC_9488ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» яке аз бонкҳои бонуфуз ва рушдёбандаи ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, давоми солҳои охир марҳилаи нави тараққиёти он шуруъ гардидааст. Мутахассисон ва коршиносони соҳа ин дастоварди бонкро самараи усули хоси роҳбарӣ, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиву меҳандӯстии раиси он, профессор Тоҷидин Пиров арзёбӣ менамоянд. Бардоштҳои мавсуф аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовард ва пешравиҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» муҳтавои суҳбати хабарнигори рӯзномаро  фаро гирифт.

-Тоҷидин Таварович, Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар маркази диққати тамоми қишрҳои ҷомеа қарор дорад. Бамаврид мебуд, агар шумо бардоштҳоятонро аз ин ҳуҷҷати муҳим иброз намоед.

- Мафҳуми «Паём» аз лиҳози моҳият ва маънӣ барои мардуми мусалмон хеле муқаддас аст, зеро дар замони худ рисолати паёмбарон низ расонидани паёми Худованд ба умматонашон маҳсуб ёфта, маҳз чунин паёмҳо муайянкунандаи дурнамои зиндагӣ ва фаъолият буданд. Дар ҷомеаи мо мақому арзиши ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, ки раҳнамунсозандаи аҳли ҷомеа ба фардои нек аст, хеле баланд буда, ҷойгоҳи хоса дорад. Паёми имсолаи Сарвари давлат идомаи мантиқии паёмҳои солиёни пеш буда, далелу арқоми дар он садодода бори дигар собит намуд, ки кишвари мо бемайлон рушд меёбад. Бемуҳобот, маҳаки асосии ин ҳуҷҷати муҳимро сиёсати инсондӯстона ва раиятпарварӣ, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати самти афзалиятнок эътироф шуда буд, ташкил медиҳад. Суханони Роҳбари мамлакат бобати он ки: «Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад», далели собитқадам будани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода аст.

Мансубини ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Паёми Сарвари давлатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали манзур гардиданаш мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри иҷрои саривақтии нуктаҳои ба низоми бонкӣ рабтдоштаи он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд кард.

-Сарвари давлат дар  Паёми худ таҳлилу хулосаҳояшро дар заминаи далелу рақамҳои мавҷуда пешниҳод намудааст. Бамаврид мебуд, агар суҳбати мо низ бобати ин ҳуҷҷати муҳим дар такя ба раванди фаъолият, дастовард ва пешравиҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» сурат бигирад…

- ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар марҳалаи рушд қарор дорад, зеро дар тамоми бахшҳои фаъолият дастовардҳо назаррасанд. Масалан, дар муқоиса ба аввали соли равон дороиҳои бонк дар маҷмуъ 240 миллион сомонӣ афзуда, айни замон ҳаҷми умумии он, ки 2 263 346 235 сомониро ташкил медиҳад, миёни бонкҳои кишвар нишондиҳандаи баландтарин аст. Барои муқоиса, шаш сол пеш дороиҳои бонк ҳамагӣ 376 миллион сомониро ташкил медод.

Сандуқи қарзӣ, ки дар фаъолияти дилхоҳ бонк мавқеи хоса дорад, гувоҳи то чӣ андоза самаранок будани фаъолияташ аст.  Охири соли гузашта сандуқи қарзии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 1 013 799 337 сомониро ташкил медод.

Ҷамъбасти фаъолияти бонк дар се моҳи соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки ин раванд тамоюли афзоиш дошта, он ба 1 069 562 191 сомонӣ расидааст.

Сармояи бонк низ ботадриҷ афзун шуда, айни замон 470 279 686 сомониро ташкил медиҳад, ҳол он ки шаш сол пеш он ҳамагӣ 118 миллион сомонӣ буд.

-Баъзе коршиносон андешаҳоеро иброз дошта буданд, ки гӯё ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз лиҳози шадид гардидани рақобат ба низоми бонкии кишвар таъсири манфӣ хоҳад дошт. Назари шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?

-Ин андешаи онҳоест, ки фаъолияташон тамоми вақт манфӣ ҷараён дорад, зеро  дар кулли кишварҳо шадидтар гардидани рақобат, дар сурати рақобати солим буданаш, дар ҷодаи рушд вазифаи муҳаррикро ба сомон мерасонад. Агар шадид гардидани рақобат дар мисоли фаъолияти низоми бонкии кишварамон сурат бигирад, пас самарааш ба нафъи иқтисодиёти ҷумҳурӣ хоҳад буд, чунки дар ин замина фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда коҳиш ёфта, ба ибораи бонкдорӣ, нархи пул бамаротиб паст мешавад. Табиист, ки паст гардидани фоизи қарзҳои бонкӣ ба манфиати аҳли ҷомеа буда, иштироки аҳолиро дар бахши иқтисод вусъат мебахшад. Ман муътақидам, ки шомил гардидани кишвари мо ба ин созмони бонуфуз ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватании ба содирот нигаронида, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр намуд: «Дар ин марҳалаи рушд истифодаи самараноки имкониятҳое, ки ба шарофати пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар натиҷаи ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат муҳайё мегарданд, бисёр муҳим мебошад».

- Чанд сол пештар зимни як суҳбатамон шумо иброз дошта будед, ки дар ояндаи наздик теъдоди филиалҳои бонкро ба 54 адад мерасонед. То чӣ андоза дар ин самт муваффақ шудед?

-Хушбахтона, дар ин бахш низ дастовардҳои мо назаррасанд. Далели ин ба 80 расидани теъдоди филиалҳои бонк мебошад. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамрадиф бо филиалҳои мазкур таъсиси 500 маркази хизматрасонии бонк низ дар назар аст. Марказҳои зикршуда низ ба шаҳрвандон имкони пешниҳоди аксари хизматрасониҳои бонкиро доранд ва дар маҷмуъ 80 фоизи вазифаи филиалро ба сомон мерасонанд. Ҳарчанде бунёд, идоранамойӣ ва таъминоти гуногунҷабҳаи филиалҳо харҷи маблағи зиёд ва ҷалби неруи зеҳнии ташаккулёфтаро тақозо менамояд. Мо фаъолиятамонро минбаъд низ дар самти таъсиси филиалҳои нав идома медиҳем ва тасмим гирифтаем, ки дар ояндаи наздик шумораи филиалҳоямонро ба 100 адад расонем.

- Ба кадом хотир роҳбарияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» зиёд намудани шумораи филиалҳои бонкро самти афзалиятноки фаъолият интихоб намудааст?

-Ин тасмим дар навбати аввал барои баланд бардоштани некуаҳволии ҳамватанонамон нигаронида шудааст. Ҳамзамон ин иқдом баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ва дигар суханрониҳояшон зикр гардидааст, амалӣ мегардад.

Масалан, соли гузашта дар Паёми Сарвари давлат чунин зикр гардида буд: «Ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари захираҳои қарзӣ зарур аст, ки шабакаҳои бонкиро васеъ гардонида, барои тамоми намудҳои хизматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад». Дар Паёме, ки 26 апрели соли равон ироа гардид, Сарвари давлат ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир карда, минҷумла таъкид намуд: «Бояд ҷиҳати афзун намудани шабакаи филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ, ҳаҷми қарздиҳӣ, аз ҷумла қарзҳои дарозмуддат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ чораҷӯйӣ карда шавад». Ба таъмини некуаҳволии шаҳрвандонамон рабт додани иқдоми мо бобати зиёд намудани шумораи филиалҳои бонк бесабаб нест, зеро ба шарофати таъсиси филиалҳои нав, дар баробари таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, ҳамзамон барои теъдоди зиёди ҳамватанони мо ҷойҳои кор муҳайё мегардад. Яъне, ба ин васила ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баҳри ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – паст намудани сатҳи камбизоатӣ низ саҳм мегирад.

- Оё фаъолияти ҳама филиалҳои бонк фоидаоваранд?

-Дар маҷмуъ, 90 фоизи онҳо айни замон бо фоида фаъолият мекунанд. Тамоми заминаҳо фароҳаманд, то ин ки дар ояндаи наздик ин нишондиҳанда ба 100 фоиз расонида шавад. Дар дурдасттарин минтақаҳои кишварамон филиалҳои мо мавҷуданд. ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҳатто дар ноҳияҳои дурдасти Мурғоб ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ филиалҳои хешро мавриди истифода додааст, ки ин дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ камназир аст.

-Ба наздикӣ ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» саҳмияҳои «Бонки рушди Тоҷикистон»-ро харидорӣ намуд, ки баъзе воситаҳои ахбори омма ин тасмими шуморо ҳар гуна маънидод намуданд…

- Ман дар фаъолияти хеш ба сифати раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» шахси комилан мустақилам. Масъалаи аз ҷониби ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» харидорӣ гаштани саҳмияҳои ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар заминаи талаботи иқтисоди бозорӣ, яъне ба ҳайси муносибати харидор ва фурӯшанда сурат гирифт. Ба омилҳои дигар вобаста донистани ин иқдом комилан нодуруст аст. Айни замон «Бонки рушди Тоҷикистон» низ фаъолияти хеле хуб дорад ва раванди фаъолияташ мунтазам густариш меёбад. Масалан, пештар агар дар ин бонк ҳамагӣ 182 нафар  фаъолият мекарданд, ҳоло теъдоди кормандони он ба 325 нафар расидааст. Дар ҳамин радиф, шумораи филиалҳои бонк аз чор ба шаш адад расида, 34 маркази хизматрасонии бонкӣ самаранок фаъолият доранд, сандуқи қарзӣ ва сармояи бонки фаръӣ низ тамоюли афзоиш касб намудааст.

-Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат зикр гардид: «Зарур аст, ки ислоҳот дар низоми бонкдории кишвар идома дода, ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани хизматрасонии электронӣ ва шаффофияти фаъолият назорати бонкӣ ва амалисозии мониторингии молиявӣ пурзӯр карда шавад». Дар ин самт ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» чӣ дастовард дорад?

-Барои баёни дастовардҳои бонк дар ин бахш овардани чанд далелро бамаврид медонам. Ҳоло 161 банкомати бонк дар хизмати мизоҷон қарор дорад. Мо аввалин шуда дар ҷумҳурӣ даҳ банкомати «Cash-in»-ро ба истифодаи шаҳрвандон вогузоштем. Чунин бонкоматҳо намунаи навтарини ин гуна таҷҳизот маҳсуб ёфта, дар баробари додани пули нақд, ҳамчунин имкони қабул ва интиқоли маблағро низ доро мебошанд. Инчунин аз ҷониби мо 600 «Лоиҳаи музди меҳнат» бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Шумораи дорандагони кортҳои пластикии бонк 170 746 нафарро ташкил медиҳад.

-Мушоҳида мешавад, ки он кортҳои пардохтие, ки дигар бонкҳо ба мизоҷони худ медиҳанд, дар маҷмуъ танҳо нақши воситаи пулнақдкуниро дар дохили кишвар иҷро менамояд. Ҳол он ки корти пластикӣ дар тамоми олам таъминкунандаи муомилоти ғайринақдӣ маҳсуб меёбад. Дар ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ин раванд дар кадом сатҳ аст?

- Воқеан, ин масъала барои дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ муҳим аст, зеро агар мизоҷ танҳо дорои корти бонкии дохилии «Лоиҳаи музди меҳнат» бошад, онро танҳо дар таҷҳизоти бонки худ ва танҳо дар дохили кишвар истифода бурда метавонад. Дар ҳолати зарурати сафар ба хориҷи кишвар ё пардохти молу хизматрасонӣ тавассути шабакаи Интернет ё пешпардохти ҳаққи меҳмонхонаву чиптаи ҳавопаймо дар хориҷи кишвар ва ғайраву ғайра, ӯро лозим меояд корти байналмилалӣ бигирад. Вале барои мизоҷони бонки мо чунин мушкилот ва зарурат пеш намеояд, зеро тамоми кортҳои бонк, аз ҷумла кортҳои лоиҳаҳои музди меҳнат кортҳои системаҳои пардохтии байналмилалии Visa ва MasterCard буда, дар аксари кулли кишварҳои олам имкони истифодаи бемамониати онҳо мавҷуд аст. Албатта, барориш ва хизматрасонии кортҳои байналмилалӣ хароҷоти муайянеро дар пай доранд, вале барои «Лоиҳаҳои музди меҳнат» ин хароҷот аз ҷониби бонк пардохта мешавад, ки барои мизоҷон дастгирии хубе маҳсуб меёбад.

-Ҷалби маблағҳои амонатии (депозитии) аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бонкҳо маҳсуб ёфта, ҳамзамон бозгӯйикунандаи сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба он аст…

-Комилан дуруст аст. Мо аз он ифтихор дорем, ки рӯз то рӯз сафи онҳое, ки маблағҳояшонро ҳамчун амонат (депозит) ба бонк мегузоранд, меафзояд. Ҳоло ҳамарӯза ба бонк аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳудуди як миллион сомонӣ амонат (депозит) ҷалб мешавад. Агар дар охири соли гузашта ҳаҷми ин қабил маблағҳо 793 103 124 сомониро ташкил дода бошад, пас айни замон ин нишондиҳанда ба 867 074 185 сомонӣ расидааст.

-Тоҷидин Таварович, ба андешаи шумо, то кадом андоза ба сифати саҳмдорони бонкҳои Тоҷикистон пазируфтани ташкилоту созмонҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ қобили қабул аст?

-Дар ин самт бояд ҳатман меъёри муайян риоя гардад. Масалан, агар то 25 фоизи саҳмияҳо дар ихтиёри созмону ташкилот ва ашхоси зикршуда қарор бигирад, қобили қабул аст. Иқдоми дигаре, ки ба назари ман мебояд пеш гирифт, ин ба ҳайати Шӯрои нозирон пазируфтани роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ маҳсуб меёбад, зеро чунин тарзи кор баҳри болоравии эътибори бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, густариши ҳамкориҳои хориҷӣ, афзоиши ҷалби сармояи хориҷӣ ва ғайра мусоидат менамояд.

-Ба наздикӣ шумо иқдомеро амалӣ кардед, ки дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва фаъолияти соҳибкорони кишвар камназир аст. Манзурам бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии муҳташам дар ноҳияи Данғара аст…

-Ташаккур. Он корҳои хайриявие, ки банда ба сифати як нафар тоҷики ватандӯст ба анҷом мерасонам, як ҷузъи кӯчаки татбиқи сиёсати хирадмандона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ҷоиз ба зикр аст, ки корҳои хайриявии аз ҷониби бонк амалигардида хеле густурда ва ба тарзу усулҳои гуногун ба эҳтиёҷмандон дастрас мешаванд. Ман аз овардани номгуй ва маблағи ин кӯмакҳо худдорӣ мекунам, зеро чунин иқдомҳо аз ҷониби мо ба хотири худнамойӣ амалӣ нашудааст. Ифтихор аз он дорам, ки корҳои хайриявии аз ҷониби шахсони саховатпеша амалишуда мавриди арҷгузории Роҳбари хирадсолори кишварамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт ва зимни ирсоли Паёми имсола чунин зикр шуд: «Ман ба ҳамаи ҷавонмардони баору номус ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки ба ятимону бепарасторон, маъюбону камбизоатон мунтазам кӯмак мерасонанд, барои ин ҳимматбаландиву накӯкориашон миннатдорӣ баён менамоям».

- Агар махфӣ набошад, барои бунёди мактаби зикршуда чӣ қадар маблағ сарф шудааст?

- Ҳаҷми умумии маблағҳои барои бунёди мактаби фавқуззикр харҷгардида 17 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин иншоот на аз ҳисоби маблағҳои бонк, балки тавассути маблағҳои шахсии банда бунёд шудааст.

 -Ба шумо барои суҳбати пурмуҳтаво арзи сипос менамоем.

-Саломат бошед.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»