Ба «садои мардум» ҷавоб омад

Ҳавои тоза гарави саломатист, аммо…

№40 (4460) 29.03.2022

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Ҳавои тоза гарави саломатист, аммо…», ки дар шумораи 11 (4431) рӯзномаи «Садои мардум» аз 18 январи  соли 2022 ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Доир ба масъала мутахассисони кумита якҷо бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ барои санҷиши вазъи экологии  мавзеъ, бехатарии  аҳолӣ аз корхонаҳое, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат фаъолият карда, моддаҳои ифлоскунандаро  ба ҳавои атмосфера мепартоянд, сафарбар шуданд.

Маълум менамоем, ки ҳангоми азназаргузаронии ҳолати экологии корхонаҳое, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат қарор доранд, муайян гашт, ки фаъолияти қисми ин корхонаҳо  мавсимӣ мебошад, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, ки айни замон фаъолият надоранд.

Бо роҳбарони корхонаҳое, ки ҳоло фаъолият менамоянд, вохӯрӣ доир гашта, аз ҳолати воқеии  фаъолияти онҳо сабти телевизионӣ гирифта шуд. Барои риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба корхонаҳо пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ дода шуданд ва онҳо вазифадор гардиданд, ки барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Кумита мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиро вазифадор намудааст, ки фаъолияти минбаъдаи корхонаҳоро ҷиҳати ба танзим даровардани партовҳо ба ҳавои атмосфера дар минтақаи зикргардида зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Масъалаи зикршуда таҳти назорати роҳбарияти кумита қарор мегирад.

А. Мавлодод,

муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон