Ҷавонон ба ҳифзи ватан омодаанд

№20 (4760) 12.02.2024

Шабнам Карим — копияАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ҷавонон қишри фаъоли ҷомеа, неруи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат буда, таваҷҷуҳ ба онҳо ғамхорӣ ба ояндаи дурахшони давлату миллат аст. Ба ин хотир дар кишвари мо қонун ва барномаҳои махсус қабул шудаанд. Барнома ва қонунҳои мазкур чӣ гуна амалӣ мешаванд? Барои дарёфти посух ба ин ва саволҳои дигари марбут ба мавзуъ хабарнигори рӯзнома бо муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим суҳбате доир намуд.

- Соли 2022 «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва моҳи феврали соли 2023 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти татбиқи барнома ва қонуни мазкур чӣ тадбир андешидааст?

- Пас аз қабули барнома ва қонуни зикршуда кумита бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир пайваста мулоқоту вохӯриҳо, чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ, оммавию варзишӣ, озмуну фестивалҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал доир менамояд. Яке аз вазифаҳои муҳим беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон дар доираи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ ва ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани онҳо мебошад. Дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор тадбирҳои муҳим роҳандозӣ шуданд, ки натиҷаи он аллакай эҳсос мегардад. Чунончи, дар марҳилаи баҳории сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ (соли 2023) баъд аз анҷоми таҳсил, беш аз 200 нафар аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд. Ин амали ватандӯстонаву ҷавонмардонаи онҳо барои ҷавонони дигар намунаи ибрат мебошад.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида якҷо бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баҳри шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз моҳи октябр дар байни кормандони вазорату идораҳо хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид. То охири соли 2023-юм 45 ҳамоиш бо фарогирии 9324 корманди вазорату идораҳо доир шуд.

Аз ҷониби сохторҳои маҳаллии кумита дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд-1220, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 583 чорабинӣ бо фарогирии ҷавонони касбу кори гуногун ва афсарону сарбозон доир шуд.

Дар шароити мураккаби авзои ҷаҳонӣ барои эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз хатарҳо, ҳифзи Ватан, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муҳим ва саривақтӣ буда, аз субъектҳои татбиқи қонун ва кулли шаҳрвандон омӯзиши ҳамаҷониба, дарёфти механизмҳои босифати татбиқ ва амалигардонии меъёрҳои ҳуқуқиро талаб менамояд.

Қобили зикр ва боиси ифтихормандӣ мебошад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби намояндаи насли ҷавони мамлакат — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидааст.

Хушбахтона, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик, махсусан насли ҷавони кишвар, бо дарки масъулият барои рушди давлатдории навини тоҷик, ҳифзи марзу буми кишвар, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бештар ҷаҳду талош меварзанд. Метавон гуфт, ҷавонони мамлакат ҳамеша ба ҳифзи Ватан омодаанд.

- Соли 2022, ҳамчунин, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» қабул гардида буд. Кумита дар ин самт чӣ корҳоро ба анҷом расонд?

- Барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2021 дар Паёмашон баён карда буданд, кумита «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуд.

Дар зарфи ду соли амалишавии барнома як қатор чорабиниҳо бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, фароҳам овардани шароити таҳсил ва шуғли муносиб барои насли ҷавони кишвар, ҳифзи ҳуқуқи онҳо баргузор шуданд. Барои мисол, соли 2023 дар доираи барнома 20031 чорабинӣ, амсоли конференсияҳо, суҳбатҳои гирди миз, семинарҳои омӯзишӣ, силсила-чорабиниҳои маърифатию адабӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, иттилоотию тарғиботӣ, доир гардиданд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамуда якҷоя бо дигар сохторҳои дахлдори соҳавӣ соли 2023 сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар омилҳои номатлуб ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Ҳоло ҷавонони мо аз лиҳози сиёсию мафкуравӣ ва зеҳнию ҷисмонӣ худро ташаккул дода, рисолати ватандориро сарбаландона иҷро менамоянд. Ин маънӣ дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 28 декабри соли 2023 чунин садо дод: «Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд».

Пешвои миллат, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад».

Ин суханони Пешвои миллат масъулияти мо — масъулини соҳаи кор бо ҷавононро дучанд меафзояд.

160 — копия- Дар нишасти матбуотии кумита дар нимсолаи аввали соли 2023 зикр гардида буд, ки миёни наврасону ҷавонони аз 14-сола боло ва волидайни онҳо беш аз 5600 хониши сиёсӣ гузаронда шуд. Мавзуи ин хонишҳо чӣ тавр муайян мегарданд? 

- Мавзуи ин хонишҳо мутобиқ ба даҳ самти афзалиятноки «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» интихоб гардиданд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, ташаккулу таҳкими тафаккур ва ҳувияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, оштинопазирӣ бо зуҳуроти терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар намуди ҷинояткорӣ, ташаккули ахлоқи ҳамида, эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ аз ҳамон ҷумлаанд.

Итминон дорам, бо ғамхориву дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон минбаъд низ дар ҳамаи самтҳо муваффақ хоҳем шуд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»