Вобаста ба болоравии нархи гази моеъ аз 5 сомонию 80 дирам ба 7 сомонӣ ва норасоии он дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар дар сомонааш шарҳ додааст, ки моҳҳои май-июни соли 2024 маҳдудияти интиқоли гази моеъ аз давлатҳои содироткунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ нагардида, то моҳи июли соли 2024 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 195,4 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд.
«Бо назардошти зиёд шудани автомобилҳои барқӣ талабот ба гази моеъ тамоюли камшавӣ касб кардааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки воридот барои таъмини бозори дохилӣ басанда буда, камчинии он дар анборҳои воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дида намешавад. Бо мақсади риояи талаботи бехатарӣ дар мавсими гармӣ, тибқи «Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ», ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, зарурати ба роҳ мондани баъзе маҳдудият ба миён меояд.
Бояд гуфт, ки талаботи бехатарии фавқуззикр дар ҳамаи кишварҳои содиркунандаи гази моеъ риоя ва маҳдудият ҷорӣ мешаванд. Инчунин, дар ин давра корхонаҳои истеҳсолкунанда корҳои таъмиру барқарорсозиро анҷом медиҳанд, ки метавонад боиси кам шудани воридоти гази моеъ дар мавсими муайян гардад» — омадааст дар сомонаи вазорати мазкур.
Чанде қабл Ҷумҳурии Қазоқистон эълон кард, ки барои нигоҳ доштани сатҳи истеҳсоли гази моеъ дар ояндаи наздик ба нархи гази моеъ ислоҳот ворид менамояд. Бинобар ин, аз шаҳрвандон хоҳиш шудааст, ки то муътадил шудани шароити иқлимӣ нигарон нашаванд. Таъкид шудааст, ки нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»