«Пахта - 2022»

Аввалин дар вилоят

№132 (4552) 28.10.2022

box2=w-1200,h-0,dne-T`Дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии пахта вусъати тоза гирифтааст. Бино ба маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, ҳар рӯз ба хирмани пахтаи мамлакат зиёда аз ҳазор тонна ашёи пурқимати саноатии пахтакорони вилоят илова мегардад. Аз аввали мавсим 105 ҳазору 565 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст, ки 79,8 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

21 октябр дар миқёси вилоят нахустин шуда пахтакорони ­ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта хабар доданд. Онҳо соли равон дар майдони 8 ҳазору 28 гектар пунбадона кишта, ният доштанд, 18 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъо­варӣ намоянд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 23 сентнериро ташкил дод.

Омилҳои асосии расидан ба мақсадро раиси ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода зимни суҳбат чунин шарҳ дода, аз ҷумла гуфт, ки риояи талаботу меъёрҳои агротехнологияи парвариши пахта аз интихоби тухмӣ то ғизодиҳиву коркарди байни қатор ва сари вақт обёрӣ намудан аз корҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки бояд анҷом дод. Номбурда афзуд, ки бо вуҷуди иҷрои нақша, ҳанӯз ҳосил дар саҳро зиёд аст. Аҳд кардем, ки онро пурра ҷамъо­варӣ намуда, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 28 — сентнерӣ расонем.

Бино ба гуфти роҳбарияти Раёсати кишоварзии ноҳия, дар оростани хирмани бошукӯҳи 18 ҳазору 500 тоннагии «тиллои сафед» саҳми бештару назар­расро бо иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта, пахтакорони кооперативҳои кишоварзӣ-истеҳсолии ба номи Ҷ. Расулов, Т. Қӯшатов ва Кооперативи илмӣ-истеҳсолию кишоварзии ба номи Р. Набиев гузоштаанд.

 

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»