Бадахшон бо неъматҳои зеризаминӣ таваҷҷуҳи хориҷиёнро ҳамеша ҷалб кардааст. Дар асри XIII сайёҳи машҳур Марко Поло ҳангоми сафар ба Чин табиати Помирро васф намуда, гуфтааст, ки Помир макони пургавҳар буда, дар қаъри кӯҳҳояш ганҷури зиёд нуҳуфтааст.
Баъдан, дар асри XVIII олимони рус дар Помир ба ҷустуҷӯи неъматҳои зеризаминӣ пардохта, исбот карданд, ки дар ин минтақа тамоми элементи ҷадвали Менделеев мавҷуд мебошад.
Ҳарчанд дар тӯли 70 соли Ҳокимияти Шӯравӣ имконоти сохтани корхонаҳои истихроҷи маъданҳои зеризаминӣ дар Дарвозу Ванҷ, Рӯшону Ишкошим ва Роштқалъа фароҳам буд, аммо насохтанд.
Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданок тавсеа ёбад.
Яке аз чунин мавзеъҳо Оқҷилгаи Бозордараи деҳоти «Аличур»-и ноҳияи Мурғоб мебошад, ки дар он захираи бойи маъдан, аз ҷумла нуқра, мавҷуд аст.
Дар ин макон корҳои ҷустуҷӯӣ соли 1985 оғоз ёфта, аз соли 2015 Ширкати «С. А МИНЕРАЛЗ» -и Ҷумҳурии Халқии Хитой бо ҳамроҳии муҳандисони Экспедитсияи Помир фаъолият мекунанд. Чанде пеш Корхонаи коркарди маъдани Оқҷилга ба кор оғоз кард. Ҷоиз ба зикр аст, ки айни ҳол дар он 250 нафар кор мекунанд, ки 150 нафарашон мардуми таҳҷоӣ мебошанд.
Корхона дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, иқтидори коргарди он дар як рӯз то ба 300 тонна маъдани кӯҳӣ мерасад. Аз ин миқдор зиёда аз 6 тонна ашёи хом тайёр шуда, барои коркард ба коргоҳи заррезӣ интиқол мегардад.
Дар шаш нақб, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 4600 метр ҷойгиранд, захираи нуқраи аз тарафи мутахассисон кашфкардашуда танҳо дар яке аз он нақбҳо 578,8 тоннаро ташкил медиҳад, ки барои 16 соли фаъолият басанда аст.
Қобили зикр аст, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минҷумла ноҳияи Мурғоб, хеле зиёд мебошад ва он рӯз дур нест, ки дар водии Аличур корхонаи пуриқтидори металлургӣ сохта шуда, зиндагии мардум беш аз пеш беҳбуд меёбад.
Шоҳқосими Шоҳтолиб, «Садои мардум»