Ҳаёт бидуни зӯроварӣ зебост

№ 10.11.2022

WhatsApp Image 2022-11-22 at 09.06.02Ҳар сол аз 25 ноябр то 10 декабр дар тамоми кишварҳо маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ» баргузор мегардад. Ба ин муносибат чанде пеш Ташкилоти ҷамъиятии «Парастор» бо иштироки рӯзноманигорон ва бонувони фаъоли шаҳри Душанбе маъракаи иттилоотӣ баргузор намуд.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Парастор» Раъно Қосимова иброз дошт, ки маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварӣ» бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 1999 дар зиёда аз 187 мамлакат доир мегардад. Он аз 25 ноябр (Рӯзи байналмилалии мубориза барои аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон) оғоз ёфта, 10 декабр (Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон) ҷамъбаст мешавад. Дар давоми 16 рӯз дар тамоми кишварҳо чорабиниҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ, иҷтимоӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор мегардад, ки мақсад аз онҳо мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ, кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа ба ҳалли мушкилоти мазкур мебошад.

- Зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон, алалхусус зӯроварии хонаводагӣ қариб дар тамоми кишварҳо дучор меояд. Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо шахсоне, ки даст ба зӯроварӣ мезананд, беҷазо мемонанд. Аз ин рӯ, бо роҳи маълумотнок гардонидан ва чорабиниҳои маърифатӣ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ҳалли ин мушкилӣ ҷалб бояд кард, зеро ҳаёт бидуни зӯроварӣ зебост, — гуфт Раъно Қосимова.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ яке аз ду кишваре мебошад, ки аз ҷониби Ташаббуси «Луч света» («Нури рӯшноӣ») дастгирӣ меёбад. Ташаббуси мазкур барномаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва СММ буда, мақсадаш аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон тавассути сармоягузорӣ ва қарорҳои муфид мебошад.

Зикр гардид, ки эҳтироми тарафайн, муносибати муаддабона ва ғамхории зану шавҳар нисбати якдигар калиди ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ мебошад.

Ҳангоми дар муносибатҳои оилавӣ пайдо шудани зӯроварӣ зиндагӣ мушкил мегардад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷабрдидагон аз мақомоти давлатӣ (милитсия, табибон ва хадамоти иҷтимоӣ) метавонанд кумак гиранд. Кормандони мақомоти зикршуда барои расонидани ёрии ройгон ва махфӣ вазифадор мебошанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахси содиркардаи зӯроварӣ ҷазо пешбинӣ намудааст.

Гуфта шуд, ки ҷабрдидагони зӯроварӣ бо сабаби осеби равонӣ ва омилҳои дигар наметавонанд оқибатҳои манфии зӯроварӣ барои худ ва варзандонашонро дарк кунанд. Аз ин рӯ, онҳо ба кумаки ҳатмии мутахассисон ниёз доранд. Ҳоло дар мамлакат як қатор ташкилот ва марказҳои буҳронӣ мавҷуданд, ки ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ метавонанд муроҷиат карда, кумаки равонию ҳуқуқӣ гиранд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»