Чордаҳуми апрели соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Бонки ҷаҳонӣ Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ сиёсати давлатии ҷавонон бо дастгирӣ ва ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақона амалӣ шуд ва барои фаъолияти пурмаҳсули ҷавонон дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам гардид.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иштироки фаъолонаи ҷавононро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла бунёди коргоҳҳои хурду миёна, муассисаҳои варзишиву фароғатӣ, марказҳои омӯзишӣ ва соҳибкорӣ назаррас арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки барои рушди соҳибкории ҷавонон ҳар сол маблағҳои қарзӣ ва грантҳо ҷудо мегардад ва тибқи маълумоти оморӣ аз 189 ҳазор соҳибкори инфиродӣ 51 ҳазор нафари онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода зикр кард, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоди роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар мебошад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодҳои ҷавонон ҳар чӣ бештар дастгирӣ ёбанд, мушкилоти онҳо сари вақт баррасӣ шавад.
Дар чорабинӣ, инчунин ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Бонки рушди Олмон хонум Кристин Лаабс суханронӣ намуд.
Дар доираи Форум, инчунин намоиши инноватсионии дастовардҳои соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.
Дар фарҷом таҳти унвони «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ аз ҷониби ғолибони озмун муаррифӣ гардид. Ғолибон бо ифтихорнома ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»