Аз бузургтарин манбаи гармию рӯшноӣ самаранок истифода бояд кард

№60 (4322) 04.05.2021

Без названияЯке аз пурқувваттарин манбаи энергияи кайҳонӣ барои замин офтоб аст. Он ба сайёра рӯшноӣ ва гармии барои ҳаёти набототу ҳайвонот ва одамон зарурро медиҳад. Ҳар сол дар ҷаҳон сеюми майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии офтоб ҷашн мегиранд, ки асосгузори ин идея собиқ директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқи энергияи офтоби ИМА Денис Ҳейс мебошад. Бо пешниҳоди ӯ соли 1978 дар ИМА бори аввал Рӯзи офтоб таҷлил гардид. Аз соли 1994 бо ташаббуси шуъбаи аврупоии Ҷамъияти байналмилалии энергияи офтоб онро дар ҷаҳон ҷашн мегиранд.

Мардум аз қадимулайём нури офтобро барои пешбурди зиндагӣ самаранок истифода мебурданд. Аз ҷумла, меваҳоро барои зимистон хушк мекарданд. Дар тобистон барои зимистонгузаронии чорво хошок захира менамуданд. Обро дар зарф гирифта, барои шустушӯй гарм мекарданд. Имрӯз бо пешравии илму технология аз нури офтоб тавассути панелҳо барқ ва ба воситаи коллекторҳо оби гарм мегиранд. Бо ёрии гелиомобил (мошини офтобӣ) аз як ҷо ба ҷои дигар мераванд. Ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии офтоб ёдрас шудан ба истифодаи фаъолонаю самараноки ин манбаи нуру гармӣ аст.

Дар ин рӯз дар бисёр кишварҳо намоиши ихтирооти таҷҳизоти офтобӣ баргузор мегардад. Марказҳои илмӣ — тадқиқотӣ рӯзи дарҳои кушод мегузаронанд. Дар шаҳрҳо гелиомобилҳоро намоишкорона ба ҳаракат медароранд.

Меъморон тарҳу нақшаи хонаҳоеро пешниҳод мекунанд, ки рӯшноию гармии онҳо пурра аз ҳисоби энергияи офтоб аст. Натиҷаи баргузории чунин чорабиниҳо аст, ки таваҷҷуҳи сокинони сайёра сол то сол ба таҷҳизоти офтобӣ зиёд мегардад. Зеро энергияи офтоб арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза буда, истифодаи сӯзишвориҳои ифлос­кунандаи ҳаворо пешгирӣ менамояд.

Ҳоло на танҳо кишварҳои воридкунандаи сӯзишворӣ, балки мамлакатҳои соҳиби газу нефт низ ба истифодаи таҷҳизоти офтобӣ рӯ овардаанд. Аз ҷумла, Амороти Муттаҳидаи Араб тасмим гирифтааст, ки бузургтарин ферма — неругоҳи офтобиро бунёд намояд. Тибқи иттилои солонаи «Electrek», Ширкати миллии энергетикии Абу-Даби (TAQA) эълон намудааст, ки барои амалисозии лоиҳаи бунёди неругоҳи офтобӣ дар Ал — Дафра аз 7 бонки байналмилалӣ маблағ гирифтааст. Неругоҳ аз 4 миллион панели офтобӣ иборат буда, соли 2022 пурра ба истифода дода мешавад. Неруи барқи неругоҳи мазкур барои таъмини 160 000 оила кифоят мекунад. Ҳоло ферма — Неругоҳи «Нур Абу-Даби»-и АМА дар дунё калонтарин маҳсуб ёфта, дар он 3,2 миллион панели офтобӣ насб шудааст.

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ низ тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 нисфи тавлиди энергияи мамлакатро аз ҳисоби газ ва боқимондаро аз ҳисоби неруҳои барқароршавандаи энергия, минҷумла офтоб таъмин намояд.

Германия, ИМА, Испания, Хитой ва Япония низ барои рушди истифода аз энергияи офтоб кори зиёдро анҷом доданд. Мувофиқи иттилои Оҷонсии «Синхуа», Хитой тайи ду соли охир бо мақсади рушди энергияи «сабз» 373 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад. Мувофиқи дурнамо, то соли 2030 Хитой 20 дарсади талабот ба энергияро аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда таъмин карданист. Аз рӯи маълумоти Агентии байналмилалии энергия, Хитой бузургтарин бозори рушдёбандаи энергияи «сабз» дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Таваҷҷуҳ ба энергияи офтоб дар кишвари ҳамсоя — Ӯзбекистон низ зиёд мегардад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон, соли равон Ширкати «Phanes Group» дар шаҳри Навоӣ неругоҳи офтобии иқтидораш 200 мегаваттро бунёд хоҳад кард. Ширкати аморотии «Масдар» тасмим гирифтааст, ки тайи 25 сол ҳар киловат барқи офтобиро ба истифодабарандагон бо нархи 2, 6 сент фурӯшад.

Умуман, Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақсад гузоштааст, ки дар давоми даҳ соли наздик иқтидори неругоҳҳои офтобиро дар кишвар ба 5 гигаватт расонад. Фақат иқтидори ду неругоҳи офтобии Шеробод дар вилояти Сурхондарё ба 1 гигаватт хоҳад расид. Он бо маблағгузории Бонки осиёии рушд сохта мешавад.

Коршиноси Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия ва Фонди миллии амнияти энергетикӣ Станислав Митрахович дар мусоҳиба бо «Sputnik» гуфта буд, ки истифода аз энергияи алтернативӣ аз Ӯзбекистон дида, ба Тоҷикистону Қирғизистон заруртаранд, зеро Ӯзбекистон захираи фаровони газ дорад.

Дар кишвар охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) озмоишгоҳи илмӣ — тадқиқотӣ барои таҳқиқи имкониятҳои истифодаи неруи офтоб таъсис ёфт. Як гурӯҳ олимону муҳандисони кишвар барои тарҳрезӣ ва омӯзиши дастгоҳҳои табдилдиҳандаи энергияи офтоб ба гармӣ ва барқ сафарбар шуданд. Аз ҷумла, обгарм­кунакҳо, таҷҳизоти хушккунандаи маҳсулоти кишоварзӣ (мевахушккунак, пахтахушккунак), танӯрчаи офтобӣ, обҷӯшонаки офтобӣ ва дигар маҳсули кори олимони тоҷик аз санҷиш гузаштанд.

Дар тарғиби истифодаи неруи офтоб қабули «Барномаи маҷмӯии мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2015» нақши калон бозид. Ҳоло бисёр ширкатҳои мобилӣ антеннаҳои қабулкунандаи мавҷро тавассути панелҳои офтобӣ бо барқ таъмин мекунанд. Панелу обгармкунакҳои офтобиро дар боми ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мактаб ва манзили шахсони алоҳида дидан мумкин аст. Аммо ин «қатрае аз баҳр» аст. Зеро кишвар дар минтақаи офтобрӯя ҷойгир шуда, барои истифодаи энергияи офтоб имконияти зиёд дорад. Шумораи рӯзҳои офтобӣ дар он аз 300 бештар буда, зичии нурпошии офтоб дар як метри мураббаъ ба 1 киловатт ва аз он ҳам бештар баробар аст. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки на танҳо дар Рӯзи байналмилалии офтоб, балки ҳамеша дар хусуси самаранок истифодабарии ин манбаи гармию рӯшноӣ таъкид намоем. Дар баробари барқи обӣ тарғиби истифода аз барқи офтобӣ, обгармкунак, гелиомобил ва гармхонаи офтобӣ қадами бузург дар самти гузариш ба иқтисодиёти «сабз» хоҳад буд.

С. СУННАТӢ,

 «Садои мардум»