Суханронии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукотии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) Қоҳир Расулзода дар нишасти матбуотӣ
10 июни соли 2015, шаҳри Душанбе
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) корашро анҷом дод.
Тавре шумо медонед, конфронси мазкур дар асоси Қатъномаи рақами 69/215 Маҷмаи Умумии СММ аз 14 декабри соли 2014 дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ва саъю кӯшишҳои минбаъда барои таъмини истифодаи устувори захираҳои об роҳандозӣ шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсро дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони дигари рушду густариш созмон дод.
Мақсади асосии Конфронс муҳокимаи ҳамаҷонибаи масоили татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», натиҷаҳои бадастомада, мушкилот ва масоили татбиқи Даҳаи байналмилалӣ ба манзури дастраси аҳли васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ намудани натиҷаҳои он буд.
Конфронси мазкур ҳамчунин имкон дод, ки амалиёти минбаъда аз рӯи масоили об барои давраи баъди соли 2015, аз ҷумла Лоиҳаи мақсадҳои рушди устувор, ки қабули онҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ню – Йорк дар назар аст, мавриди муҳокима қарор гирад.
Дар кори конфронс намояндагони беш аз 100 кишвар ва 80 созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат доштанд. Умуман, қариб 1900 нафар шахсони воломақом ва сиёсатмадорон, олимону коршиносони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки ҳукуматҳоро намояндагӣ менамоянд, қишрҳои гуногуни СММ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ташкилотҳои молиявӣ, муассисаҳои академӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши инфиродӣ тайи ду рӯз проблемаҳои муҳимтарини дар ҷаҳони имрӯза шадидан тағйирёбандаи обро муҳокима намуданд.
Дар ҳошияи конфронс ду ҷаласаи умумӣ, ду мавзӯи сатҳи баланд барои муҳокимаи натоиҷи Даҳа ва шаш мизи мудаввари сатҳи баланд оид ба фаъолияти минбаъдаи марбут ба масоили об барои давраи баъди соли 2015, чор чорабинии қаблӣ бо иштироки гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор, аз ҷумла кӯдакону занон, нуҳ сайд — ивентҳо аз рӯи ҷиҳатҳои гуногуни проблематикаи об, Намоишгоҳи байналмилалии «Об — барои ҳаёт», Намоишгоҳи расмҳои кӯдакон ва Намоишгоҳи байналмилалии сурат таҳти унвони «Суруши Даҳаи «Об -барои ҳаёт», иқдомоти фарҳангӣ, муаррифӣ ва чорабиниҳои дигар роҳандозӣ шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури иштирокдорон сухан кард. Ҷаноби Президент ҷиҳатҳои асосии проблематикаи об ва дидани чораҳоро барои мусоидат ба ҳалли он зикр намуд. Албатта, дар баробари ин, ба проблемаҳои марбут ба идораю истифода ва ҳифзи захираҳои оби худи Тоҷикистон дахл карда шуд. Ҷаноби Президент ҳамчунин зарурати тақвияти натоиҷи дар ҳошияи Даҳаи «Об — барои ҳаёт» бадастомада ва ба манзури сафарбарии саъю кӯшишҳо ҷиҳати ба даст овардани рушди устувори захираҳои об, аз ҷумла расидан ба мақсадҳои рушди устувори марбут ба обро зикр намуда, пешниҳод кард, ки Даҳсолаи нави байналмилалии «Об — барои рушди устувор» эълон карда шавад.
Муншии умумии СММ ҷаноби Пан Ги Мун зарурати муттаҳидсозии минбаъдаи саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон дар ҳалли проблемаи обро изҳор дошт. Вай изҳори боварӣ намуд, ки конфронси Душанбе боз як қадами мусбат дар ин самт мегардад. Ҳамчунин сарвазирони Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Габон, муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркманистон дар ҳузури иштирокдорони конфронс сухан карданд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муншии умумии СММ, ҳамчунин шахсони дигари олимақом ба мубоҳисаҳое, ки дар ҳошияи конфронс сурат гирифтанд, мазмуни хоса бахшиданд.
Дар ҷаласаҳои умумӣ роҳбарони қариб 50 ҳайати расмӣ изҳорот дода, маърӯза карданд. Мубоҳисаҳои асосӣ дар ҳошияи ду мавзӯи сатҳи баланд аз рӯи натиҷаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» аз нуқтаи назари дурнамоҳои минтақавӣ, пешрафт ва дастовардҳо, сабақҳои андӯхташуда ва амалияи беҳтарин ва шаш мизи мудаввари сатҳи баланд бахшида ба амалиёти минтақа баъди соли 2015 аз рӯи мавзӯъҳои зерин сурат гирифтанд:
1. Об ва санитария;
2. Ҳамоҳангсозии масоили об, энергия, озуқа ва муҳити зист;
3. Ситезаҷӯиҳои ҷаҳонӣ аз нигоҳи дурнамои об;
4. Маблағгузорӣ ва идора;
5. Ҳамкорӣ дар бахши об чун омили расидан ба мақсадҳои соҳаи об;
6. Таҳкими муносибати ҳамгироишуда барои расидан ба мақсадҳои рушди устувор дар бахши об.
Иштирокдорон беш аз 70 маърӯзаи коршиносони байналмилалию минтақавиро, ки дар онҳо қариб ҳамаи ҷиҳатҳои проблематикаи об инъикос ёфтаанд, шуниданд.
Муҳокимаю мубоҳисаҳо дар атрофи ин маърӯзаю гузоришҳо ба ҳамаи сатҳҳои минтақаҳои ҷаҳон дахл намуданд.
Дар ҳошияи конфронс чор чорабинии қаблӣ, аз қабили Ҳамоиши кӯдакон дар бахши об, Ҳамоиши занон дар бахши об, Ҳамоиши кишварҳои кӯҳсор дар бахши об, Ҳамоиши кишварҳои камтар тараққиёфта ва давлатҳои хурди тараққиёбандаи ҷазиравӣ дар бахши об доир шуд. Ҳамчунин доир намудани нуҳ сайд — ивентҳо аз ҷониби созмонҳои гуногуни байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосаро ҷалб намуданд. Ин чорабиниҳо барои муҳокимаи муфассалтари масоили гуногуни марбут ба об ва мавзӯъҳои афзалиятдори конфронс таҳкурсии иловагӣ гузоштанд.
Намоишгоҳи байналмилалии «Об — барои ҳаёт», ки дар он 25 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ нигораҳои худро ба маърази намоиш гузоштанд, воқеаи муҳими конфронс гардид. Ин чорабинӣ мавҷудияти неруи бузургеро нишон дод, ки онро бояд барои ҳалли проблемаҳои муҳими об васеъ ба кор бурд. Намоишгоҳи расмҳои кӯдакони Тоҷикистон басо таъсирбахш буд. Ин олами об аз нигоҳу диди кӯдакон буд. Ҳайратовар аст, ки фарзандони мо аҳамияти проблематикаи обро то чӣ андоза ҳис карда, бо расмҳои худ мо, калонсолонро, ба саъю кӯшишҳои якҷоя барои ҳалли он ҳидоят мекунанд. Намоишгоҳи байналмилалии суратҳо таҳти унвони «Суруши Даҳаи «Об — барои ҳаёт» проблемаҳои мубрами об дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон ва хусусан дар кишварҳои қитъаи Африкаро намоиш дод.
Шумо, намояндагони муҳтарами воситаҳои ахбори омма, кори конфронсро васеъ инъикос кардед. Ба туфайли саъю кӯшишҳои шумо ва кори басо дақиқи миллионҳо нафар одамон, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз ҳудудҳои он тавонистанд, ки ҷараёни кори ин чорабинии муҳими байналмилалиро назора кунанд, иттилооти зарурӣ ба даст оранд, аз воқеаҳои ҷаҳони об воқиф бошанд ва ба андозае ҷузъи он гарданд.
Қатъномаи Душанбе, ки ҷиҳатҳои асосии мубоҳисаҳо ва бархе хулосаю тавсияҳои муҳимро инъикос менамояд, ҷамъбасти кори конфронс гардид. Ҳуҷҷати мазкур аҳамияти Даҳа ва натиҷаи дар ҳошияи он бадастомада, аз ҷумла мақоми Даҳаро дар амри мусоидат ба саъю кӯшишҳо барои расидан ба мақсадҳо дар бахши об таъкид сохта, ба амалиёти бештар мутобиқшудаи кулли ҷонибҳои манфиатдор дар ҳамаи сатҳҳо аз рӯи нақшаҳои минбаъда барои давраи баъди соли 2015 даъват менамояд. Ҳуҷҷат дар ин росто ба ҷиҳатҳои гуногуни идора, истифода ва ҳифзи захираҳои об дар амри таъмини оби нӯшокӣ ва санитария, озуқа, неруи барқ, устувории экологӣ ва умуман, ба рушди устувор дахл мекунад.
Қатъномаи Душанбе ҳамчунин давлатҳои узв ва ҷонибҳои дигари манфиатдорро даъват менамояд, ки масоили рушди «сабз» — ро тақвият бахшида, барои расидан ба устуворияти таъсиррасонӣ ба хавфу хатарҳои ҷаҳонӣ тадбирҳо андешанд, маблағгузориро афзун намоянд, идораро беҳтар созанд, ҳамкории бахши обро хусусан дар сатҳи трансмиллӣ таҳким бахшанд, ҳамчунин барои ҳалли проблемаҳои афзудаистодаи об чораҳои дигари мушаххас андешанд.
Иштирокдорони конфронс ҳамчунин ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об — барои рушди устувор», ки мақсад аз он афзун намудани натиҷаҳои бадастомада дар ҳошияи Даҳаи «Об — барои ҳаёт» ва ташкили механизми мусоидат ба расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувори марбут ба об мебошад, дастгирӣ намуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон Қатъномаи Душанберо манзури Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии СММ менамояд.
Натоиҷи кори конфронсро ҷамъбаст намуда, метавонам иброз дорам, ки он аз бисёр ҷиҳат ба туфайли саъю кӯшишҳои якҷоя ва танзимшудаи ҳамаи иштирокдорон муваффақиятнок буд, ки албатта, мақсади наҷибонаи худи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015) ба андозаи зиёд ба он мусоидат кард.
АМИТ «Ховар»