Аз Мамнӯъгоҳи «Ромит» фақат ном боқӣ мемонад, агар…

№65 (4327) 15.05.2021

Дараи Ромит яке аз мавзеъҳои зебоманзару афсонавии мамлакат буда, дорои табиати бой, олами нотакрори набототу ҳайвонот мебошад. Соли 1959 дар он бо мақсади омӯзиш, муҳофизат ва афзун намудани  олами наботот ва намуд­ҳои гуногуни ҳайвонот – хирси малла, бабри барфӣ, саги обӣ, ҷайра, бургут ва ғайра Мамнӯъгоҳи табиӣ-давлатии «Ромит» таъсис ёфт.

Масоҳати умумии он беш аз 16100 гектарро ташкил дода, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар байни ду дарё – Сардаи миёна ва Сорбо ҷойгир аст.

Ҳоло дар ҳар ду ҷониби роҳаш истироҳатгоҳи зиёд сох­та шудаанд. Солҳои охир дар Мамнӯъгоҳи табиӣ — давлатии «Ромит» 5 деҳа пайдо шуд. Аҳолӣ замини онро аз худ кардаанд, ки аз ин ҳисоб ба табиат зарар расида истодааст. Бар асари рафтори ғайриқонунии баъзе аз сокинони он деҳаҳо шумораи ҳайвоноту парандагон кам мегардад. Зимистон баъзеҳо дарахтон ва буттаҳои нодирро мебуранд. Агар пеши роҳи ин амалро нагиранд, оянда аз мамнӯъгоҳ фақат ном боқӣ мемонаду халос.

Солҳои пеш дар «Ромит» шумораи холгул, бузи кӯҳӣ, хирс, бабри барфӣ зиёд буд, вале бар асари шикор ин ҷонварон ба нестӣ расидаанд. Бинои маъмурияти мамнӯъгоҳ, ки дар ҳолати вайронӣ қарор дошт, бо дастгирии Ташкилоти «Каре Интернейшнл» таъмир шуда, музей – осорхона низ дар арафаи барқароршавӣ аст.

Ин макон кайҳост диққати сайёҳону табиатшиносонро ҷалб карда, табиати нотакрораш дили ҳар як бинандаро мафтун сохтааст. Хоса, дар фасли баҳор дараи «Ромит» қабои сабзранг ба бар карда, дар шохсорон парандагон ба нағмасароӣ мепардозанд. Фасли тирамоҳ низ «Ромит» диққатрабост. Қобили зикр аст, ки дар он табиати тағйирёбанда мушоҳида мегардад ва обу ҳавояш ҳамеша муътадил аст. Қариб 100 рӯз кӯҳсорони атрофаш дар қабои сафед боқӣ монда, ғафсии барф то 60-70 сантиметр мерасад.

Айёми хунукиҳои қаҳратуни зимистон бисёр ҷонварон, алалхусус, селаи кабкҳо ба деҳаҳо мефароянд. Пештар ба мамнӯъгоҳ галаи гавазнҳои бухороиро аз «Бешаи палангон» интиқол дода буданд. Онҳо ба иқлими «Ромит» зуд мутобиқ шуданд, вале бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба нестӣ расиданд. Агар ин намуди ҳайвоноти нодирро боз ба «Ромит» меоварданд, шаҳомати мамнӯъгоҳ фузун мегардид.

Дар маҷмӯъ, Мамнӯъгоҳи табиӣ — давлатии «Ромит», ки садҳо қиссаи ногуфта дораду гуногунии биологӣ, оламу набототу ҳайвоноташ камназир аст, шабеҳи нигинест дар қаторкӯҳҳои Ҳисор.

Аҳтам КАРИМЗОДА,

директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ваҳдат