Чанд рӯз қабл дар деҳоти «Сабристон» маросими ботантанаи муаррифии фаъолияти боғи интенсивӣ бо номи «Боғи дӯстӣ»-и Иттифоқи собиқадорони Афғонистон дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
«Боғи дӯстӣ»-ро 14 нафар иштирокчии муҳорибаҳои Афғонистон аз деҳаи Ругундии деҳоти мазкур бо роҳбарии сарвари гурӯҳи маъюбони Иттифоқи собиқадорони Афғонистон дар шаҳри Истаравшан Ҳалимбой Ҳабибов дар 5 гектар (як гектар анорзор, як гектар себи «Ҳусни Юсуф», як гектар олуи сиёҳ, як гектар олуча, 0,5 гектар ниҳолҳои ҳархела ва 0,5 гектар токзор) бунёд кардаанд.
- Ғайр аз ин, дар 0,5 га ниҳолҳои зудафзоишёбандаро пайванд кардаем, ки дар муддати кӯтоҳ ба ҳосил медароянд. Баъзе дарахтоне, ки пештар шинонида будем, ба монанди олуча, олуи сиёҳ ва хуч аллакай ҳосил бастаанд. Мо дар як озмуни Барномаи рушди СММ бо номи «Баландбардории некуаҳволии сокинони 9 шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо лоиҳа иштирок карда, 159 ҳазору 492 сомонӣ грант ба даст овардем. Ба илова, аз ҳисоби маблағҳои худӣ барои таъсиси боғ 43 ҳазору 314 сомонӣ сарф кардем, — изҳор дошт Ҳалимбой Ҳабибов.
Бино ба гуфти ӯ, дар ин қитъа 6 ҳазор дарахти боровар шинонида, барои 15 нафар аъзои Иттифоқи собиқадорони Афғонистон ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳусейни Назрулло,
«Садои мардум»