Мусоҳиба бо сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода
- Бори аввал кадом сол ба захираҳои зеризаминии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир шуд?
- Омӯзиши геологии Тоҷикистон се марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи якум ибтидои омӯзиши геологии Тоҷикистон мебошад, ки ба солҳои бистуми асри ХIХ рост меояд. Марҳилаи дуюм аз соли 1928 оғоз гардида, то соли 1992 давом ёфтааст. Дар ин марҳила кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданоки аҳамияти саноатидошта кашф шудаанд. Марҳилаи сеюм замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин давра таҳлили корҳои пешин гузаронида шуда, оид ба омӯзиши минбаъда барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Ҳамзамон, дар ин марҳила захираҳои саноатии кону зуҳуроти навъҳои гуногуни канданиҳои фоиданок тасдиқ шуда, дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
Яке аз усулҳои асосии ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок аксбардории геологии ҳудудӣ мебошад. Ҳудуди Тоҷикистон бо аксбардории геологии хурдмиқёси 1:1000000 ва 1:500000 ва аксбардории миёнамиқёси 1:200000 пурра фаро гирифта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки аксбардориҳои геологӣ бо ҷустуҷӯиҳои умумӣ миқёси 1:50 000 ва калонтар, танҳо дар ҳудудҳое гузаронида мешаванд, ки дар натиҷаи аксбардории геологии миқёси 1:200000 имкони пайдо намудани конҳо ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок зиёд аст. Бинобар ин, дар ин намуди корҳо сатҳи гузаронидани аксбардории геологии мамлакат қонеъкунанда мебошад.
- Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом самтҳо корро пеш мебарад?
- Саридораи геология тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021 — 2030» фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Самтҳои фаъолияти саридора, пеш аз ҳама, ба корҳои аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологӣ ҷиҳати кашф ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки сахт бо мақсади афзун намудани захираҳои канданиҳои фоиданок барои таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ, корҳои гидрогеологӣ, геологияи муҳандисӣ ва геоэкологӣ, пешбурди системаи ягонаи фонди иттилооти геологӣ ва гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии соҳавӣ равона шудааст.
Мақсади асосии «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ба муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ мебошад.
Вазифаи дигаре, ки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои барнома бояд иҷро намояд, арзёбии маҷмӯӣ ва дурнамои ҳолати муҳандисӣ-геологӣ, гидрогеологӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ахбороти зарурӣ таъмин намудани мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва аҳолӣ мебошад. Дар ин самт дар барнома се лоиҳа пешбинӣ гардида, аз ҷониби корхонаҳои воҳидии саридора амалӣ шуда истодааст.
Саридора дар самти гузариш ба таҳияи ҳисоботи геологӣ оид ба ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок тибқи стандартҳои байналмилалӣ – Кодекси Кумитаи муштараки захираҳои маъдан (Кодекси JORC) ва қолаби Кумитаи стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки сахт (қолаби CRIRSCO) ва истифодаи барномаҳои муосири технологияҳои рақамӣ (GIS, Micromine, Datamine ва Surpac) нақшаву чорабиниҳо таҳия намуд. Бо ин мақсад 4-5 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе «Конференсияи панҷуми байналмилалии истифодабарандагони Micromine» баргузор гардид, ки дар он аз Австралия, Канада, Федератсияи Россия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, ҳамчунин намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳое, ки ба омӯзиш ва истифодаи қаъри замин алоқамандӣ доранд, иштирок намуданд. Ҳамзамон, бо иштироки намояндагони Ширкати «Micromine Central Asia» дар Тоҷикистон тренинг ва курсҳои омӯзиширо аз рӯи барномаи «Micromine» солҳои 2022-2023 ташкил гардида, ин иқдом идома дорад.
- Корҳои иктишофии геологӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» аз рӯи 56 лоиҳа пешбинӣ шудааст. Дар давоми се соли амалишавии барнома 58,9 фоизи объектҳои барномавӣ фаро гирифта шуданд.
- Аксари захираҳои Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ҳисоб шудаанд. Оё зарурати азнавҳисобкунии онҳо пеш омадааст?
- Бале. Дар замони муосир, бо пеш рафтани технологияи ҷудо намудани ҷузъи созандаи фоиданок аз маъдан, баланд шудани арзиши фулузот ва талабот ба он ва дигар сабабҳо зарурати азнавҳисобкунии захираи конҳои дар замони шӯравӣ тасдиқшуда ба миён омад. Дар якчанд конистихроҷшуда ин раванд бардавом аст.
- Оё захираҳои нафту гази кишвар пурра ҳисоб шудааст?
- Тадқиқоти геологии нафту гази Тоҷикистон соли 1908 оғоз шуд. Корҳои иктишофии мақсаднок оид ба азхудкунии конҳои нафт аз соли 1908, вақте ки дар майдони Селроҳаи шаҳри Исфара (минтақаи нафту газдори Фарғона) аз жарфии 248 метр ҷоришавии нафт бо масрафи 7 тонна дар як шабонарӯз муайян гардид, ибтидо гирифт. Айни замон дар Фонди давлатии иттилооти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 кони нафту газ бо захираҳои тавозун ба қайд гирифта шудаанд.
Конҳои ошкоршуда бисёрқабата мебошанд, асосан онҳо ба таҳшинҳои давраи палеоген, бур ва юра тааллуқ доранд, Холигиҳое, ки макони ғуншавии карбогидратҳо мебошанд, аз регсангҳо, алевролитҳо ва оҳаксангҳо иборатанд.
Аз ҳаҷми умумии захираҳои дурнамоишуда танҳо 2,6 дарсади он кашф гардида, зиёда аз 50 майдони ояндадори нафту газ ба омӯзиши геологӣ ниёз доранд.
Бо мақсади рушди саноати нафту гази ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба нафту газ» қабул карда шудааст. Қонун асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи нафт ва газ муқаррар ва танзим намуда, ба рушди соҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
- Дар соҳаи геология чанд нафар машғули коранд ва бо кор таъмин намудани кадрҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои тобеи он зиёда аз 700 нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 300 нафарро мутахассисони соҳавӣ ва боқимондаро кормандони бахши техникӣ ва ёрирасон ташкил медиҳанд. Дар соҳа 200 нафар зан фаъолият дошта, шумораи ҷавонон зиёда аз 223 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳар сол дар мавсими корҳои саҳроӣ аз ҷониби сохторҳои саридора тибқи шартнома зиёда аз 100 мутахассис, донишҷӯён ва кормандони техникӣ ҷалб мешаванд.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»