Шарҳи қонун

Аз салоҳияти Ҳукумат то уҳдадории истифодабарандагони замин

№106 (4368) 24.08.2021

DSC_0628Мусоҳиба бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода оид ба зарурат ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

- Пас аз қабулу ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳияту муҳтавои он аз ҷониби нотавонбинон таҳриф гардида, «пешгӯйӣ» ҳам карданд, ки «Ҳукумат заминҳоро бозпас мегирад». Дар ин робита салоҳ донистем, ки зарурати мавриди амал қарор гирифтани санади зикршударо шарҳу тавзеҳ диҳед.

- Дар маҷмӯъ, ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баҳри ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки тибқи моддаи 29 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҳангоми зарурат додани замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Дар ҳолати ҷудо намудани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин» қабул мешавад. Ҳолатҳое ба вуҷуд меоянд, ки қитъаи замини додашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи таъинот ва ё мақсад истифода намегардад.

Табиист, ки дар ин ҳолат зарурати беэътибор донистани қарор пайдо мешавад. Гарчанде қонунгузор додани қитъаи заминро ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда бошад, қатъи ҳуқуқ ва бекор намудани карорҳои ин мақомро муқаррар накарда буд.

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бобати танзими муносибатҳои вобаста ба замин чӣ салоҳият дорад?

- Гирифтан ва додани қитъа­ҳои замин бо мақсадҳои умумидавлатӣ, ташкили кор ҷиҳати таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатию байнидавлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи замин, ҳамоҳангсозии кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мавриди татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба истифодаву ҳифзи замин ва маб­лағгузории тадбирҳо оид ба ин масъала.

Илова бар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ салоҳият дорад, ки бо ризояти мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ҳудудҳои муҳофизати махсуси табиатро муқаррар намояд, идоракунии умумии заминсозӣ, гузаронидани кадастри давлативу мониторинги заминро ба роҳ монад ва ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти давлатӣ алоқаманданд, тасдиқ кунад.

- Чун сухан дар бораи масоили марбут ба замин равад, аксарият ба ҳуқуқи истифодаи он таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар ҳамин ҳол уҳдадории истифодабарандагони замин ба масъалаи дуюмдараҷа табдил ёфтааст?

- ­Масъалаи зикршуда аз тариқи моддаи 21 кодекси фавқ танзим шуда, замин­истифодабарандагон уҳдадоранд, ки заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода баранд, аз технологияи барои ҳифзи табиат пешбинишудаи истеҳсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии маҳал роҳ надиҳанд ва барои ҳифзи замин маҷмӯи чорабиниҳоеро, ки дар кодекс пешбинӣ шудаанд, амалӣ намоянд.

Ба ғайр аз ин, сари вақт супоридани андозу иҷорапулии замин, нақз накардани ҳуқуқи дигарон, ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани маълумоти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи оид ба вазъу истифодаи замин ва ҳифзи нишонаҳои марзиву геодезӣ уҳдадории истифодабарандагони замин маҳсуб мешавад.

- Эътироф бояд кунем, ки тартиби додани замин аз ­масъалаҳое мебошад, ки вобаста ба он на ҳама шаҳрвандон маълумоти кофӣ доранд. Ба миён омадани баҳсҳо ­вобаста ба ­масъалаи соҳибият ба замин низ аз ҳамин ҷанба маншаъ мегирад…

- Дуруст гуфтед. Қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд. Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Тибқи талаботи моддаи 261 Кодекси замин, «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми гурӯҳҳо ва намудҳои замин қитъаҳои заминро ба истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва ба иҷора бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва мақомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин сарфи назар аз андозаашон медиҳад».

Шаҳрвандон бояд дарк намоянд, ки додани замин аз ду намуди таъинот — барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ таркиб ёфтааст.

- Ба киҳо барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ кадом замин дода мешавад?

- Қитъаҳои замини таъиноти кишоварзӣ бо ҳуқуқи бегона намудани он танҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита дар истеҳсолоти кишоварзӣ иштирок доранд, дода мешаванд.

- Кадом сохтор ва бо чӣ асос барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ мувофиқ будани заминро муайян мекунад?

- Ин салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти он дар маҳалҳо маҳсуб шуда, дар асоси ҳуҷҷатҳои хокшиносӣ, тадқиқоти геоботаникӣ, гидромелиоративӣ, агроиқтисодӣ ва дигар тадқиқот амалӣ мегардад.

- Барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ кадом намуди замин ҷудо мегардад?

- Ин масъала дар моддаи 24 пешбинӣ шуда, тибқи он, қитъа­ҳои замини барои истеҳсолоти кишоварзӣ номувофиқ ё пастсифати кишоварзие, ки арзиши кадастриашон паст мебошад, бо ин мақсад дода мешаванд.Барои мисол, қитъаҳои замин барои сохтмони маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи хулосаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология дода мешаванд. Қонунгузор муқаррар кардааст, ки аз майдонҳои дорои канданиҳои фоиданок қитъаҳои замин барои сохтмон бо ризо­яти мақоми назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ҷудо гардад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки корҳои геологӣ, ҷустуҷӯӣ, геодезӣ ва дигар корҳои муваққатии тадқиқотиро мегузаронанд, қитъаҳои заминро барои иҷрои чунин корҳо бо розигии истифодабарандагони замин ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифода мебаранд. Зарари расонидашуда ва хароҷот барои барқароркунии замини вайроншуда ҳангоми ишғоли муваққатии қитъаи замин ба истифодабарандаи замин тибқи талаботи кодекси мазкур ҷуброн карда мешавад.

Дар ҳолати қатъ гардидани ҳуқуқи коркарди канданиҳои фоиданок шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки қитъаи заминро барқарор намуда, тибқи тартиби муқарраршуда ба истифодабарандаи замин баргардонанд.

- Додани замин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ чӣ гуна сурат мегирад?

- Дар моддаи 25 Кодекси замин муқаррар шудааст, ки қитъаҳои заминро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба истифодаи муҳлатнок, то 50 сол додан мумкин аст.

Замини таъиноти кишоварзӣ ва оне, ки таҳти муҳофизати махсус мебошад, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дода намешавад. Ҳангоми ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ бо ҳуқуқи бегона намудани он ин ҳуқуқ бояд дар давоми як соли баъди пайдо кардани ҳуқуқ ба қитъаи замин ба фоидаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда шавад.

Агар бо ягон сабаб бегона намудани ҳуқуқи истифодаи чунин қитъаи замин ба фоидаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон бошад, ҳуқуқи истифодаи ­қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар сурати иҷро нагардидани талабот гирифтани қитъаи замине, ки ҳуқуқи истифодабарии он ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ гузаштааст, бо тартиби судӣ амалӣ мешавад.

- Ба шахси дигар гузаш­тани ҳуқуқи истифодаи ­қит­ъаи замин ва вобастакунии он масъалаест, ки аксар маврид боиси баҳс мегардад. Кодекс вобаста ба ин масъала чӣ муқаррарот дорад?

- Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба бино ҳуқуқи истифодаи қисмати замин, ки иншоот дар он қарор дорад, ҳамчунин, қисми ҳамшафати он қитъаи замине, ки барои хизматрасонии ин бино пешбинӣ шудааст, ба соҳибмулк мегузарад.

Дар ҳолати тағйир ёфтани мақсади истифодаи қитъаи замине, ки дар он иншоот қарор дорад, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйир ёфтани мақсади истифодаи ин қитъаи замин қарор қабул мешавад. Пурра истифода набурдани қитъаи замине, ки бино дар он қарор дорад, боис ба қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин хоҳад шуд.

Шаҳрвандон бояд дар мадди назар дошта бошанд, ки ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ низ ба вай мегузарад.

- Солҳои охир падидаи нав — ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин зуҳур кард. Қонунгузорӣ дар ин маврид чӣ муқаррарот дорад?

- Воқеан ҳам, шаҳрвандон чунин ҳуқуқ доранд. Бояд гуфт, ки муҳлати иҷрои уҳдадорӣ, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро бо гарав таъмин мекунад, наметавонад аз муҳлати истифодаи қитъаи замини ба гарав мондашуда зиёд бошад.

Сониян, агар қисми ­қитъаи замин ҳамчун қитъаи замини алоҳида тақсим нагардида, ҳуқуқи истифода бо бегона намудани он тибқи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгарии давлатӣ тасдиқ нашуда бошад, гарав мондани он иҷозат дода намешавад. Тартиб ва хусусиятҳои ба гарав гузоштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» муайян карда мешавад. Танҳо заминистифодабарандагони якумдараҷа чунин ҳуқуқ доранд.

- Киҳоанд заминистифодабарандагони якумдараҷа?

- Онҳое, ки мустақилона дар замин хоҷагидорӣ менамоянд, молики маҳсулоти кишоварзию даромади фурӯш аз он ҳастанд, аз канданиҳои фоиданок, манбаъҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагиашон истифода мебаранд, замин­истифодабарандагони якумдараҷа мебошанд.

Илова бар ин, чунин ашхос ҳуқуқ доранд, ки тибқи талаботи кодекс манзил, иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва дигар сохтмону иншоотро бунёд намоянд, бе дахолати мақомоти давлатӣ дар мавриди ҳуқуқи истифодаи замини бо ҳуқуқи бегона намудани он гирифташуда аҳдҳои ҳуқуқии гражданӣ банданд, қитъаи заминро ба иҷора диҳанд ва дар ҳолати гирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ товони зарарро талаб намоянд. 

Мусоҳиб Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»